Ахлоқи писандида

Ба чӣ касе хушахлоқ гуфта мешавад? // 10 нишонаи инсони хушахлоқ

Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ (р) мегӯяд:

وقال يوسف بن أسباط: علامة حسن الخلق عشر خصال: قلة الخلاف وحسن الإنصاف وترك طلب العثرات وتحسين ما يبدو من السيئات والتماس المعذرة واحتمال الأذى والرجوع بالملامة على النفس والتفرد بمعرفة عيوب نفسه دون عيوب غيره وطلاقة الوجه للصغير والكبير ولطف الكلام لمن دونه ولمن فوقه

“Юсуф ибни Асбот гӯяд: аломат ва нишонаи хушхулқӣ (ҳусни хулқ) 10 тост:

— раҳо кардани ихтилоф;

— боинсофӣ (ҳусни инсоф);

— ба дунболи ҷустуҷӯи лағзишҳои мардум нашудан;

— некӯ кардани он чӣ ба назар бад ҷилва мекунад. (Масалан, рафтореро аз як инсон мушоҳида мекунед, ки ба назаратон рафторе бад намоён мешавад, аммо шумо саъй мекунед онро нек ҷилва диҳед. С.И.);

— узр ёфтан. (Масалан, як нафар бароятон дар бораи як инсони дигар бад мегӯяд, ки масалан ӯро дар наздикии манзили фалон зани бадкор дидааст ва он гоҳ бароятон чунин илқо кунад, ки гӯӣ ӯ марде бадкор аст. Дар инҷо шумо барои он инсон узр меоваред, ки шояд ба сурати тасодуфӣ онҷо будааст ва набояд зуд доварӣ намуд. С.И.);

— таҳаммули озору азият. (Ба ин маъно, ки агар инсонҳои бемаърифат бо забони худ шуморо мавриди озору азият қарор бидиҳанд, шумо инро таҳаммул мекунед ва мисли онҳо беъмаърифат намешавед. С.И);

— маломат ва сарзаниниши худ (ба ҷойи сарзаниши дигарон);

— ба дунболи айбҳои хештан будан ба ҷойи айб ёфтан ва айб гирифтан аз дигарон;

— башшош ва гушударӯй будан барои бузургу кучак;

— хушзабонӣ бо ҳамагон, чӣ касоне ки аз шумо болотар ҳастанд ва чӣ касоне ки аз шумо пойинтар.”

(Эҳёи улуми дин, ҷ.3, с.113)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.