Дидгоҳ

Посухи эроде дар бораи табрики зодрӯз

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Аҳкоми шаръӣ дар як тақсимбандӣ ба се қисм ҳастанд:

1) Қисмате, “ибодот” (ибодатҳо) ҳастанд, мисли намоз, рӯза, ҳаҷ, закот ва ғайра;

2) Қисмате ҳам “ъуқуд” (ақдҳо) ҳастанд, мисли тиҷорат, раҳн, ваколат, иҷора, никоҳ ва ғайра;

3) Ва бахше ҳам “иқоъот” ҳастанд, мисли талоқ, хулъ, лиъон ва ғайра.

Аз миёни ин қисматҳо, “ибодот” мавқуфӣ ҳастанд, ба ин маъно, ки ҳам асли онҳо ва ҳам кайфият ва чигунагии анҷоми онҳо, мавқуф ба баёни шариатанд, яъне бастагӣ доранд ба баёни шариат. Яъне ин шариат аст, ки ба мо мегӯяд, ки ибодат кадом аст ва чӣ гуна бояд анҷом гирад. Ва касе ҳақ надорад аз пеши худ ибодатеро ихтироъ кунад ва ё чигунагӣ ва кайфияти анҷоми онро аз пеши худаш ихтироъ намояд. Ин ҷоиз нест, як бидъат аст.

Аммо дар соири маворид, кори шариат ин аст, ки гоҳе худаш асли онро таъсис мекунад ва ё ин ки гоҳе як равиш ва сираи ҷорӣ дар ҷомеаро таъйид мекунад. Масалан, байъ (хариду фурӯш) чӣ пеш аз ислом ва чӣ баъд аз он ва дар байни ҳамаи ҷомеаҳо, мавҷуд будааст, дар инҷо, шариат меояд ва асли онро таъйид мекунад ва сипас, фақат мавориди “ғайриҷоиз”-и онро баён медорад. Масалан мегӯяд: “Худо хариду фурӯшро ҳалол ва аммо риборо ҳаром қарор додааст”.

Бинобар ин, мо дар мавориди ғайри ибодатҳо, аз шариат интизор надорем, ки ҳамаи ҷоизҳо ва ҳалолҳоро баён кунад, балки танҳо ҳаромҳоро баён медорад, ва мегӯяд: “Ҳама чиз ҷоиз аст (ё ҳалол аст, ё мубоҳ аст) ба истиснои ин маврид ё он маврид...”

Аз ин рӯ, инки дар ҳар мавриде (ғайри ибодат) пурсида шавад, ки далелат кадом аст?, ин аз назари ислом дуруст нест. Ҳамин ки шариат ба ҳаром будан ва ё ғайриҷоиз будани он тасреҳ накарда бошад, кофист бигӯем, ҷоиз ва ҳалол аст.

Ҳол, агар мо касеро ба муносибати зодрӯзаш табрик мекунем, аз ин боб аст, ки шариати мо ин корро ғайриҷоиз ва ё ҳаром надониста. Яъне, мо дар манобеъ, насси сареҳе мабнӣ бар “ғайриҷоиз” будани ин амал надорем. Ва чун надорем, пас бар мабнои “асли ҳиллият ва ибоҳа”, далеле надорад, ки бигӯем, ин кор аз назари ислом ҷоиз нест!

Ва агар гуфта шавад, ки дар садри ислом ин кор роиҷ набуд ва салафи солеҳ ҳамдигарро табрик намегуфтанд, посухаш ин аст, ки асосан, ин равиш ва сира дар он замон аслан вуҷуд надошт. Яъне фарҳанг ин набуд, ки касе касеро табрик бигӯяд. Хеле аз одот ва сира ва фарҳангҳо имрӯза миёни мо мусалмонон ҳаст, ки дар садри ислом роиҷ набуд ва аслан вуҷуд надошт.

Асосан, розу рамзи ҷовидонагии шариати мо ҳам, дақиқан дар ҳамин гуна усул (аслҳо)-яш аст, ки мегӯяд: “Ҳар чизе, ки ба ҳаром будан ва ҷоиз набуданаш тасреҳ нашуда, пас бидонед, ки ҳалол ва ҷоиз аст”.

Ва на танҳо дар ин маворид, балки дар татбиқи дастуроти шаръӣ низ, дини мо “замон ва макон”-ро дар назар мегирад. Яъне татбиқи як дастур дар як макон, дақиқан татбиқи он дар як макон ва ҷомеаи дигар нест. Мисолҳои фаровоне аз фуқаҳо дар ин заминаҳо дорем.

Масалан, дар “Усули Шошӣ” аз забони Қозӣ Абӯзайд, фақеҳи барҷастаи ҳанафӣ, дар бораи чигунагии татбиқи ояте, ки мегӯяд, “Ба волидайн уф магӯ!..”, овардааст:

قال الإمام القاضي أبو زيد لو أن قوما يعدون التأفيف كرامة لا يحرم عليهم تأفيف الأبوين

Агар як қавме уф гуфтан ба падару модарро нишонаи эҳтиром бидонанд (на нишонаи беэҳтиромӣ), пас дар ин сурат, бар онҳо уф гуфтан ҳаром нест…”

Ва ё гуфтаанд, агар баланд шудан дар баробари волидайн дар миёни як қавм нишонаи эҳтиром, вале дар миёни қавми дигаре аломати беэҳтиромӣ бошад, пас эҳтиром гузоштан ба волидайн ва ё устод, дар ҳар қавме тибқи фарҳанги худашон бояд анҷом гирад.

Ибни Обидин як рисолае дар ин боб дорад, ки азизон ҳатман бихонанд, номаш “Ҷойгоҳи замон ва макон дар шариат” аст.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.