Ҷаҳон

Чаро бояд нисбат ба воксанҳои куруно эҳтиёткор буд?

Дар саросари ҷаҳон ширкатҳои дорусозӣ ва муассисоти пажӯҳишӣ рӯи беш аз 100 воксани куруно кор мекунанд, ки аз ин теъдод, 12 воксан ба марҳилаи озмоишҳои инсонӣ расидаанд. Бо ин ҳол, ин воксанҳо ҳам мумкин аст дар мароҳили поёнӣ шикаст бихӯранд.

Ба гузориши Fararu, чанде пеш, ҳангоме ки ширкати дорусозии омрикоии Moderna аз натоиҷи аввалӣ ва умедворкунандаи воксани куруноии худ хабар дод, мавҷе аз шодмонӣ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба роҳ афтод, ки таъсироти мусбати он ба бозори саҳом расид. Саҳоми Moderna шоҳиди афзоиши 20 дарсадӣ шуд. Ҳамчунин, ширкатҳое монанди Nova Wax, ки бо Moderna ҳамкорӣ мекунанд, арзиши онҳо беш аз 30 дарсад афзоиш пайдо кард. Ин дар ҳолест, ки воксани Moderna ҳанӯз дар мароҳили аввалӣ буд ва то тавлиди ниҳоии он, роҳи дуру дарозе боқӣ мондааст.

Моҷарои воксани Moderna шоҳиде буд бар ин ки башар чӣ қадр бетобона мунтазири роҳе барои халос шудан аз шарри куруност. Тибқи омори сойти Worldometer, то кунун беш аз 5.7 милюн нафар дар саросари ҷаҳон ба вируси куруно (COVID-19) мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод, беш аз 352 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд. Куруно илова бар мухтал кардани зиндагии оддии садҳо милюн нафар дар ҷаҳон, иқтисоди бисёре аз кишварҳоро бо мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ кардааст.

Манфуртарин санъат

Коршиносон роҳҳои мухталифе барои маҳори куруно пешниҳод кардаанд, ки ҳеч кадом аз онҳо ба андозаи як воксани қатъӣ ва муассир наметавонад куруноро решакан кунад. Аммо сохти воксан кори соддае нест. Тақрибан ҳар рӯз ахбори умедворкунандае дар бораи анвоъи натоиҷи мусбати озмоишҳои воксанҳои куруно дар кишварҳои мухталиф мунташир мешавад. Бархе аз касоне, ки ахбори воксанҳоро дунбол мекунанд мумкин аст аз таъхири сохти ин воксанҳо сархӯрда шаванд. Ба изофаи ин, таъхир дар сохти воксан метавонад илова бар доман задан ба назариёти таваҳҳуми тавтиа, эътимоди умумӣ ба ширкатҳои дорусозиро камтар кунад.

Дар ҳавзаи пизишкӣ як назарияи таваҳҳуми тавтиа таҳти унвони Big Pharma вуҷуд дорад, ки дар он иддао мешавад низоми саломат ва дармон, хусусан ширкатҳои дорусозӣ, аҳдофи палиде алайҳи мардуми оддӣ дунбол мекунанд ва ба бемориҳо доман мезананд. Шояд ба хотири ҳамин дидгоҳ аст, ки то ҳамин як соли гузашта санъати дорусозӣ манфуртарин санъати Омрико буд. Дар 3 сентябри 2019, Муассисаи назарсанҷии Gallup натоиҷи як назарсанҷӣ дар бораи дидгоҳи мардуми Омрико дар бораи санъатҳои мухталиф мунташир кард. Дар ин назарсанҷӣ, дорусозӣ манфуртарин санъат аз дидгоҳи мардум буд. 58 дарсади посухдиҳандагон дар бораи санъати дорусозӣ дидгоҳи манфӣ доштаанд. Ҳоло бӯҳрони куруно фурсати беназире дар ихтиёри ин санъат қарор додааст, то бо сохти воксани куруно ин тасвири манфиро ислоҳ кунад. Санъати дорусозӣ метавонад бо тавлиди воксани куруно ҷойгоҳи худро дар афкори умумӣ беҳбуд бахшад.

Аммо гузашта аз ин дидгоҳҳо дар бораи ширкатҳои дорусозӣ, ки ҳоло дар сояи куруно тарафдороне пайдо кардаанд, сохти воксан мароҳили мухталифе дорад ва муваффақ шудани як воксан дар як марҳила наметавонад муваффақияти ниҳоии онро тазмин кунад. Марҳилаи аввалии сохти воксан шомили анҷоми озмоишҳое рӯи ҳайвонот аст. Сипас, озмоишҳои инсонӣ рӯи теъдоди маҳдуде аз довталабон оғоз мешавад. Дар марҳилаи баъдӣ, воксан дар марҳилаи озмоишҳои инсонӣ, рӯи теъдоди бештаре аз довталабон озмоиш мешавад. Дар мароҳили аввалӣ, маъмулан довталабон ҷавону солим ҳастанд. Баъд аз ин ки таъсироти воксан рӯи ҷавонон имтиҳон шуд, рӯи гурӯҳҳои синнии осебпазири дигар низ озмоиш мешавад. Масалан воксани Oxford дар марҳилаи аввалӣ рӯи 160 довталаб озмоиш шуд, аммо дар мароҳили баъдӣ қарор аст рӯи беш аз 10 ҳазор нафар озмоиш шавад.

Ҳаёҳуи бесобиқа

Дар шароити оддӣ, ин мароҳил моҳҳо ва шояд солҳо тӯл мекашад, аммо бӯҳрони куруно ин мароҳилро тасреъ кардааст. Ширкатҳо маъмулан дар тавлиди воксан ду навъ озмоиши куллӣ анҷом медиҳанд. Як озмоиш, марбут ба баррасии солим будани воксан аст ва озмоиши дуввум, ба коромадии воксан марбут мешавад. Куруно ширкатҳоро маҷбур карда, ки ин ду озмоишро ҳамзамон анҷом диҳанд. Ширкати омрикоии Nova Wax, ки ба тозагӣ озмоишҳои воксани худро оғоз кардааст, ин ду озмоишро ҳамзамон анҷом медиҳад.

Дар шароити оддӣ, озмоишҳои аввалии воксанҳо бозтоби зиёде пайдо намекунанд ва дар бархе мавқеъҳо дар маҳофили илмӣ боқӣ мемонанд. Аз ин рӯ он чи дар моҷарои воксани Moderna иттифоқ афтод, тақрибан бесобиқа буд. Бо ин ҳол, ҳаёҳу дар бораи воксанҳои феълии куруно ба ин маънӣ нест, ки ин воксанҳо дигар ба марҳилаи ниҳоӣ расидаанд. Тибқи арзёбии коршиносон, 77 дарсади воксанҳои бемориҳои вогир аз мароҳили аввалӣ бо муваффақият убур мекунанд, аммо фақат 33 дарсади онҳо ҳамаи мароҳилро бо муваффақият пушти сар мегузоранд.

Аз ин рӯ, дар баррасии эҳтимоли муваффақияти воксанҳо бояд ҷониби эҳтиётро риоят кард. Чун дар хилоли сохти воксан мумкин аст шароит тағйир кунад ва эҳтимоли муваффақияти воксан камтар шавад. Масалан, воксани Oxford то ҳамин чанд ҳафта пеш тақрибан 80 дарсад шонси муваффақият дошт, аммо ҳоло коҳиши теъдоди беморони куруно дар Бритониё боис шуд, ки шонси муваффақияти ин воксан ба 50 дарсад коҳиш ёбад. Чаро ки коҳиши теъдоди беморон, ба ин маъно хоҳад буд, ки пажӯҳишгарон қодир нахоҳанд буд коромадии воксанро бисанҷанд. Гузашта аз ин, ҳатто агар дар моҳҳои оянда воксани куруно сохта шавад, донишмандон фурсати зиёде барои баррасии таъсирҳои ҷонибии баландмуддати он нахоҳанд дошт. Пажӯҳишгарони Oxford мегӯянд, воксани ин донишгоҳ дар сентябри оянда тавлид хоҳад шуд. Бинобар ин, агар ин воксан дар сентябр сохта шавад, давлати Бритониё ва соири кишварҳо мумкин аст мунтазири баррасии таъсирҳои ҷонибии баландмуддати он нахоҳанд монд ва муҷаввизи истифодаи умумиро содир кунанд.

Fararu

Рубрики:Ҷаҳон

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.