Ҷаҳон

Ҳушдори Омрико ба шаҳрвандони худ дар бораи нооромиҳо дар Фаластин

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар Фаластини ишғолӣ дар бораи нооромиҳои эҳтимолӣ дар каронаи Бохтарӣ ва навори Ғазза дар пайи тарҳи ишғол, ҳушдор дод.

Бо наздик шудан ба замони эъломи ишғоли бахшҳои бузурге аз каронаи Бохтарӣ тавассути режими саҳюнистӣ, сафоратхонаи Омрико дар Фаластини ишғолӣ дар бораи нооромиҳои эҳтимолӣ ҳушдор дод.

Ба навиштаи рӯзномаи Jerusalem Post, дар баёнияи сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳида дар Қудси ишғолӣ, ба шаҳрвандони омрикоӣ ҳушдор дода шуда, ки ба далели нооромиҳои эҳтимолӣ дар каронаи Бохтарӣ ва Ғазза, ба ин манотиқ сафар накарда ё наздик нашаванд.

Сафорати Омрико ҳамчунин ба шаҳрвандони худ дар Фаластини ишғолӣ ҳушдор дод, ки ба далели эҳтимоли вуқӯъи тазоҳурот ва эътирозот ба тарҳи ишғоли каронаи Бохтарӣ, муроқиби худ бошанд ва аз таҷаммӯъот дурӣ кунанд.

Пеш аз ин, женерол Комил Абурукн, ҳамоҳангкунандаи фаъолиятҳои кобинаи режими саҳюнистӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ, ҳушдор дода буд, ки иҷрои тарҳи мулҳақ кардани бахшҳое аз каронаи Бохтарӣ мунҷар ба мавҷе аз амалиётҳои фаластиниён хоҳад шуд.

Режими саҳюнистӣ баъд аз шиносоии Қудс ба унвони пойтахти ин режим тавассути Омрико ва интиқоли сафорати ин кишвар аз Телавив ба Қудс, бо ҳимоятҳои давлати Тромп қасд дорад 30 дарсад аз каронаи Бохтарии Фаластинро ба қаламрави худ мулҳақ ва онро расман ишғол кунад.

Мақомот ва гурӯҳҳои фаластинӣ ин иқдомро бахше аз тарҳи зидди фаластинии Омрико мавсум ба “Муомилаи қарн” медонанд ва ба ҳамин далел хостори қатъи ҳамкорӣ бо Омрико ва “Исроил” ҳастанд. Ташкилоти Худгардон ин ҳафта эълом кард, ки ҳамкории амниятӣ ва иттилоотӣ бо Телавив ва Вошингтунро ба ҳолати таълиқ даровардааст.

Рӯзномаи Haaretz низ рӯзи гузашта гузориш дод Овив Куховӣ, раиси ситоди кулли артиши режими саҳюнистӣ, тайи дидори ахир бо фармондеҳони аршади артиш, ба онҳо ҳушдор дода, ки барои танишҳои эҳтимолӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ омода шаванд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.