Ҷомеа

Душмани бо озодӣ

(Таҳдид, тӯҳмат, латукӯб, Исфандиёр, «Озодӣ», Ғурбатӣ…)

Ба қалами Зафари Сӯфӣ

Инҳо, ин тоифа, ки сари қудратанд, одат кардаанд, ки дороиҳои мардумро бидузданд, ба зӯрӣ соҳиб шаванд, дар минтақаҳои офшорӣ миллионҳо доллари мардумро ба ҳисоби худ резанд, дар кишварҳои хориҷӣ қасру кушк харанд, бачаҳову набераҳояшон дар Дубай ва ҷойҳои дигар аз ҳисоби пули дуздии инҳо кайфу сафо кунад, аммо марзро бояд бачаҳои мардуми оддӣ дифоъ кунад.

Агар рост мегӯянд, агар воқеан ба ин марзу бум содиқанд, агар самимона ба мардумаш хидмат мекунанд ва вазифаашонро анҷом медиҳанд, чаро онҳо намеоянд аз марз дифоъ кунанд? Чаро ин генерал ва сарҳангу саргурдҳои як рӯз дар артиш хидмат нокарда намераванд ба марз? Ҳимоят аз марз кори онҳост, кори ҳукумат аст, зеро барои ин кор онҳо вазифа доранд, моҳона мегиранд, аз имтиёзҳои зиёд бархурдоранд.

Агар наметавонед, аз президенти ҳукумати хонаводагиятон сар карда то ин вазиру сафирҳои ношоистаатон, ҷойро холӣ кунед. Ин миллат садҳову ҳазорҳо фарзанди шоиста дорад, ки биёяд дар ҳар лаҳза аз манфиати миллату ватанаш ҳимоя кунад, на мисли шумо аз манфиати хонавода ва қишлоқи худаш!

Исфандиёри Одина ва афроде мисли ӯ ҳомиёни манфиати миллату ватани худ ҳастанд. Дар ҳадди имконот, меъёри ҳирфа ва тавони худ ин корро содиқона ва бе шиорпароканӣ анҷом медиҳанд. Аммо бадбахтҳои чоплусу ғуломи ҳукумати диктотурй ва хонаводагии Эмомалӣ Раҳмон мехоҳанд ҳама мисли онҳо бошанд, ки албатта ғалат кардаанд!

* * *

Воқеан ин як тоифа, ки корашон ҷуз тохтан ба сӯи озодагон ва санг андохтан ба самти дигарандешон нест, дар худхоҳӣ ва бузургтарошӣ пайрави содиқи «пешво»-яшон ҳастанд. Ба рӯзноманигорони «Озодӣ», ки аз беҳтаринҳои ин ҳирфа дар кишваранд, чи гуна кор карданро мехоҳанд биомӯзанд. «Пешво»-яшон ҳам гоҳ ба олимон чи гуна пажуҳиш карданро,ба бостоншиносон ёфтан ва тарзи нигоҳ доштани осори бостониро, гоҳ ба пизишкон табобатро, ба дояҳо муроқибат дар замони зоимонро, хуллас ба соҳибкасбҳо ҳирфаи онҳоро ёд доданӣ мешавад ва табиист як зарра ҳам шарм намедорад.

* * *

Бачаҳои «Озодӣ» ҳеч чиро рӯпӯш накардаанд, баракс ношоистасолорӣ, фасод, дурӯғ ва садҳо мушкилоти дигари ҳукумати хонаводагии Эмомалӣ Раҳмонро фош мекунанд ва вазифаи ҳирфаии худро содиқона анҷом медиҳанд. Ин корашон ба шумо ва афроде мисли шумо мубаллиғони ҳукумати хонаводагӣ аз кумитаи амният ва вазорати корҳои дохила писанд нест ва дунболи ба сӯи дигар кашидани афкори умумӣ мешаведу ба бачаҳои «Озодӣ» туҳмату буҳтон мезанед ва таҳқир мекунед. Ҳеч як шаҳрванди одӣ аз ин ҳукумати хонаводагӣ пуштибон нест, онҳое, ки пуштибонӣ мекунанд ё ғарази шахсӣ доранд, ё манфиати гуруҳӣ ва маҳаллӣ, яъне ё корманди ниҳодҳои ҳукуматӣ ҳастанд, ё шахсони аҷиршудаи онҳо, ё ҳамқишлоқиву ҳамшаҳриву ҳамвилоятии ҳукуматдорон ҳастанд, ё аз тарс ин корро мекунанд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар си соли пеш ва хунрезиву ин гуна далелҳои пуч фақат барои ба вуҷуд овардани фазои ваҳшат ва ноамнӣ дар ҷомеа аст. Вале… Ҳар касе манфиати миллатро болотар бидонад ба ҳеч ваҷҳ наметавонад аз ин ҳукумати зиддимиллӣ, ки моҳиятан хонаводагӣ аст, пуштибонӣ кунад ва бар алайҳи мунтақидони он бишӯрад.

* * *

Салим Аюбзод ва ҳамкоронаш бо вуҷуди ҳама махдудияте, ки барои фаъолияти ҳирфаии онҳо дар Тоҷикистон ниҳодҳои ҳукумати хонаводагӣ эҷод мекунанд, рисолати рӯзноманигорияшонро доранд дар ҳадди имкон ва содиқона анҷом медиҳанд. Таваққуъи шумо ва ҳамандешаҳоятон аз гурӯҳҳои мубаллиғу чоплуси ҳукумат комилан беасос аст. Родиюи Озодӣ ба пояи усулҳо ва арзишҳои озодии баён дорад фаъолият мекунад. Расонаи ҳукуматӣ нест. Агар хеле писанд набошад метавонед гӯш накунед, сойташро нахонед ва аслан онро фаромӯш кунед. Касе, ки маҷбур накарда биравед саҳифаи «Озодӣ».

Гузашта аз ин, қарор нест дар мавриди кадом кори кадом шахсе ё ашхосе, ки ҳатман бо ҳидояти «пешво» ва ё агар дар Русия бошад «бо ҳидояти ҷаноби сафир» гӯён дурӯғро аз аввалин ҷумла ҳамроҳ мекунанд, хабаре пахш кунад.

Чаро расонаҳои ҳукуматии Тоҷикистон ин корро намекунанд?

Оё ҳисоб кардаед солона чи миқдор пули мардум барои онҳо сарф мешавад? Чаро як расонае надорем, ки дар чёҷомеа ба ҳадди «Озодӣ» асаргузор бошад? Ё «Озодӣ» асаргузор нест? Агар асаргузор набошад чаро ҳукумат ин ҳама гурӯҳҳову афродро бар алайҳи «Озодӣ» аҷир карда ва коре ҳам аз дасташ сохта несту ҳамчунон мағлуб аст? Пас, бачаҳои «Озодӣ» дар ҳирфаи худ содиқанд, дурусткоранд, дурӯғ намегӯянд, хатову ҷинояту хиёнатро рӯйпӯш намекунанд. Аз ин хотир аст, ки мардум ба онҳо эътимод дорад. Ҳатман дарк мекунед, ки ба даст овардани эътимоди мардум кори саҳл нест ва онро намешавад бо шиор додан, ба таърифу мадҳияҳо, бо алқоби тумтароуи болохонадор, бо зӯргӯӣ, бо беадолатӣ, бо талош барои тарсондан ва таҳдид намешавад ба даст овард.

* * *

Пиромуни рисолати рӯзноманигор ва расона ва оё ин, ки фауат бояд интиқод кунад ё мубаллиғ бошад, дар ҳамин интернет ҷустуҷӯ бизанед. Мутмаинам дар ин маврид садҳо, шояд ҳазорҳо матлаб пайдо мешавад. Аммо мутмаин нестам, ки ба дарди шумо бихӯрад ва битавонед аз он ба таври лозиму мусбат баҳрабардорӣ кунед. Зеро шумо, агар ҳазор бори дигар худатонро муҳоҷири корӣ бигӯед ва пушти садҳо номи дурӯғин ҳувиятатонро пинҳон кунед ҳам, дар вожа-вожаи навиштаҳоятон тафаккури як амниятии замони раисии Ятимов дар ин ниҳод худро ба намоиш мегузорад ва ба қавле дод мезанад. Тафаккуре, ки фақат шикастан, таҳдид, шонтож, тӯҳмат, зиндонӣ кардан, дурӯғ, тавҷеҳи манфиати ҳукумати хонаводагӣ, зургӯӣ ва аз ин гуна аъмоли дур аз ахлоқ ва ҷавонмардӣ бунмояи он аст. Бо руҳияи ғуломӣ магар мешавад аз озодии баён ва ҷомеаи озод пуштибонӣ кард?

Гуфтани норасоӣ, интиқоди хатоҳо ҳеч ҷои бадӣ надорад. Расона мубаллиғ ва асбоби чоплусӣ нест. Хатоҳояшро ҳукумат ислоҳ кунад, тамом, дигар ҳеч мушкиле нест. Ин ҳама неру ва маблағро барои муқобила бо интиқоди расона сарф накарда бираванд камбудиҳоро бартараф кунанд, дигар баҳонае барои танқид намемонад ва кишвар ҳам обод мешаваду мардум ҳам шод.

Журналист ва расона дақиқан мисли оина аст, агар чеҳраи шумо зебо бошад, наметавонад онро зишт нишон диҳад. Агар мӯятон жӯлида аст, агар ришатон натарошида аст, оина онро мураттаб ва тарошида нишон намедиҳад, ин шумоед, ки бояд муёӯятонро шона занеду мураттаб кунед ва ришатонро битарошед. Набояд гуноҳро аз оина биҷӯед.

Як мисоли дигар. Медонед чаро хеле аз бачаҳои боистеъдод ва воқеан рӯзноманигорони хуб дар расонаҳои ҳукуматӣ наметавонанд аз ҳадди мубаллиғу маддоҳ фаротар раванд ва эътимоди мардумро ба даст оранд ва мисли дигар ҳамкасбонашон, масалан мисли рӯзноманигорони «Озодӣ», дар ҷомеа асаргузор нестанд? Онҳо шояд бештар битавонанд асаргузор бошанд ва ман мутмаинам чандин маротиба беҳтар аз ҳоло метавонанд ҳирфаӣ кор кунанд ва муваффақ шаванд. Вале он қадар маҳдудият барояшон эҷод карда шуда, ки дигар мушкил аст тавоноии зеҳнияшонро дар ростои пуштибонӣ аз манфиати мардум бештару беҳтар ба кор баранд. Кӯчактарин талош барои риояи озодии баён ва дар авлавият қарор додани манфиати мардум нисбат ба манфиати ҳукумати хонаводагӣ барояшон дарди сарҳои зиёде ба бор меорад ва ҳатто боиси дур гаштанашон аз кор мешавад.

Бояд бипазирем, ки ободӣ дар озодист. Бо ҷорӣ кардани маҳдудияти зиёд ва ба қавле бо дасту даҳони баста ҷасорати амал аз мардум гирифта мешавад. Дар зимн ин маврид дар масъалаи марз ҳам сиду мекунад ва амалкарди ҳукумати кишвари хёҳамсоя ҳам аз он ҷост, ки назди мардумаш барои ҳар иқдомаш посухгӯ ва масъул аст. Як кампиракро, ки дар фитнаи марзй садо баланд карда, раиси ҷумҳур ба ҳузур мепазирад, мукофот медиҳад. Оё боре ҳеч ворухӣ ё чоркӯҳӣ ё ҳар сокини манотиқи дигари марзиро «пешво»-ятон ба ҳузур пазируфта ва ба онҳо руҳия дода, ки ҳукумат пушти сарашон ҳаст? Ягон бор ба бозмондагони шаҳидони ҷангҷоли марзӣ расман таслият баён кард? Албатта, ки не! Баракс ҳар касе дар он манотикёқи марзӣ ҷасорат дошт, озода буд ва сарбаландона дар баробари ҳар зиёдахоҳӣ меистод, нерӯҳои амниятӣ ва милисаи тоҷик ба иттиҳоми сохта боздошташ карданд ва бурданду заданду шикастанд. Тарс доштанду доранд, ки чунинҳо дар баробари зӯргӯии ин ҳукумати хонаводагӣ ҳам як рӯзе қад алам хоҳанд кард. Беш аз ин масъулон дар нтҳодҳои амниятӣ ва интизомиро аз манотиқи дигар меоваранд. Онҳо дар фикри чизе аз ин ҷо кандан ва бо худ бурдан ҳастанд. Кадрҳои маҳаллӣ беқадр шуданд ва ин ҳамаро мебинанду нороҳатанд, аммо касе ба онҳо гӯш намедиҳад. Гузашта аз ин оё ҳукумати саркӯбгари мо дар кадом маврид барои амалҳояш назди мардум ҳисобот додаву посухгӯст? Баракс ҳамин расонаҳо ва рӯзноманигоронро низ саркӯб мекунад, дар ҷомеа ба чёҷои падид овардани эътимод, озодй ва ҷасорат дар пайи саркӯби ин арзишҳо аст. Зеро зоҳиран аз бақо надоштани худ, аз оқибати талхи беадолатиҳояш огоҳ аст ва ба ин роҳ умри зарарбораш барои миллатро мехоҳад боз муддате дароз кунад.

Ps. Дар асл ин матн дар шохаи дигаре ба шакли шарҳ нашр шуд, вале ҳайфам омад, ки он ҷо фаромуш шавад. Лизо бо каме вироиш ин ҷо коштам.

Рубрики:Ҷомеа

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.