Дидгоҳ

Мушкили мо дар ҷойи дигар аст

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Маҳмудхон Бурҳонов, коршиноси аршади фалсафа

Чӣ гуна аст, ки мо дар зиндагии шахсии худ, дар интихоби дӯст, ҳамсар, шуғл, риштаи таҳсилӣ, риштаи варзишӣ ва хеле аз масоили рӯзмарраи дигар, худро озод эҳсос мекунем ва ҳар рӯза барои расидан ба хостаҳои шахсиамон озодона тасмим мегирем; талош мекунем, рақобат мебарем ва ҳатто дар ин роҳ ҳозирем ҳама гуна сахтиҳоро таҳаммул кунем ва бо ҳазору як мушкилот мубориза бибарем, вале вақте навбат ба мушкилоти иҷтимоӣ ва масоили сиёсӣ мерасад, дар ҳол эҳсоси дастбаста будан мекунем ва мегӯем, дигар озодӣ надорем!

Оё ба ростӣ чунин аст?

Оё воқеан мешавад ин дуро бо ҳам ҷамъ кард?

На, намешавад.

Имкон надорад, ки бахше аз вуҷуди инсон озод бошад, бахше аз вуҷудаш на. Яъне дар ҷанбаи зиндагии шахсиаш дорои неъмати озодӣ бошад, вале ҳамзамон дар ҷанбаи зиндагии иҷтимоияш онро надошта бошад. Ин шуданӣ нест. Инсон ё озод аст, ё на. Агар озод аст, дар ҳамаи ҷанбаҳо озод аст, ва агар озод нест, дар ҳеч ҷанбае озод нест.

Бинобар ин, мушкили мо ин нест, ки мо фақат дар сатҳи зиндагии шахсӣ озодӣ дошта бошем, вале вақте ба масоили иҷтимоӣ ва сиёсӣ мерасем, дигар он озодии мо ба поён бирасад. На, ҳаргиз чунин нест!

Балки мушкили асосии мо ин аст, ки мо фақат барои зиндагии шахсиамон арзиш қоил ҳастем, барои манофеи шахсӣ худ талош мекунем, ҳозирем фақат барои пур кардани шиками худ заҳмат бикашем ва мубориза барему сахтиҳоро таҳаммул намоем.

Аммо мутаассифона барои зиндагии иҷтимоӣ, барои манофеи ҷамъӣ, барои пур кардани шиками дигарон, на танҳо арзише қоил нестем, балки асосан таваҷҷӯҳе намекунем. Агар бароямон сарнавишти мардум, манофеъи иҷтимоӣ ва мушкилоти сиёсӣ ҳам, монанди зиндагӣ ва манофеъи шахсиамон арзишу аҳаммият медошт, ҳатман барояш талош мекардем, ба хотираш мубориза мебурдем ва ҳозир будем дар роҳи расидан ба он низ, ҳама гуна сахтиҳоро таҳаммул кунему ба хостаҳои ҷамъиямон ҳам бирасем.

Он вақт, медидем ва мефаҳмидем, ки аз чӣ қадр озодии зиёде дар ин замина бархӯрдорем, чӣ қадр метавонем озодона тасмими сиёсӣ бигирем ва ислоҳоти иҷтимоӣ бинамоем ва манофеъи ҷамъӣ ба даст орем.

Рубрики:Дидгоҳ

Помечен как:,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.