Саҳюнизми ҷаҳонӣ

Натонёҳу: “30 дарсади каронаи Бохтариро аз они худ мекунем”

Нахуствазири режими саҳюнистӣ дар хусуси ишғоли каронаи Бохтарӣ гуфт: “30 дарсади каронаи Бохтарӣ мулҳақ хоҳад шуд.”

Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, дар мусоҳиба бо рӯзномаи маҳаллии Makor Rishon, дар робита бо ишғоли каронаи Бохтарӣ гуфт, ки кобинааш 30 дарсади каронаи Бохтариро мулҳақ хоҳад кард.

Нахуствазири режими саҳюнистӣ дар ин хусус гуфт: “Исроил ҳокимияти худро бар 30 дарсади каронаи Бохтарӣ таҳмил хоҳад кард ё муъодили 50 дарсади минтақаи Ҷ.”

Тибқи тавофуқи дуввуми Услу (Осло) дар соли 1995, минтақаи Ҷ, 60 дарсади масоҳати каронаи Бохтариро ташкил медиҳад.

Бенёмин Натонёҳу бо ишора ба тарҳи мавсум ба “Муомилаи қарн”, гуфт: “Тайи чаҳор сол, ба фаластиниҳо ё исроилиҳо иҷоза нахоҳад дод, ки дар 50 дарсад аз масоҳати минтақаи Ҷ сохту соз кунанд.”

“Муомилаи қарн” ба тарҳи давлати Дунолд Тромп — раисиҷумҳури Омрико гуфта мешавад, ки барои эҷоди созиши давлати Фаластин ва режими ишғолгари Қудс тадвин шуда ва онро тарҳи сулҳ мехонанд. Бино бар ин тарҳ, режими Исроил, дар муқобили дарёфти имтиёзҳои фаротар аз ӯҳдадориҳои қаблии Созмони озодибахши Фаластин ва қатъномаҳои Шӯрои амният ва ҳамчунин илҳоқи бахшҳое аз манотиқи ишғолшуда ба хоки худ, бо ташкили давлати мустақилли фаластинӣ мувофиқат мекунад, аммо на пойтахтии Қудсро мепазирад ва на бозгашти милюнҳо овораро.

Ба гуфтаи ин рӯзнома, дар манотиқе, ки ба гуфтаи Натонёҳу қарор аст фаластиниҳо аз сохту соз дар он манъ шаванд, ҳеч шаҳраке вуҷуд надорад.

Натонёҳу афзуд, ки мавзӯъи “мулҳақ кардан” дар ростои иҷрои тавофуқи эътилофӣ бо Банӣ Гонтз, вазири дифоъи ин режим, барои раъйгирӣ дар кобина ва Кнессет (порлумони режими саҳюнистӣ) матраҳ хоҳад шуд.

Вай дар посух ба суоле дар хусуси ин ки оё масъалаи барпоии кишвари Фаластин дар 70 дарсад аз масоҳати каронаи Бохтарӣ барои раъйгирӣ матраҳ хоҳад шуд ё на, гуфт: “Ин баҳси ҷудогонае аст. Тасмиме аз ҷониби кобина дар ин хусус пешбинӣ намекунам.”

Натонёҳу идома дод: “Аммо ҳукумат тасмиме дар бораи ҷузъиёти тарҳ (Муомилаи қарн) ё пазириши он нахоҳад дошт. Ҳамон тавр ки дар Вошингтун гуфтам, ман бар пояи тарҳи Тромп омодаи музокира бо фаластиниҳо ҳастам.

Дар ҳамин робита, чанд моҳе аст, ки як кумитаи саҳюнистӣ-омрикоӣ ба бозтарсими нақшаҳои манотиқи ёдшуда дар каронаи Бохтарӣ мепардозад.

Нахуствазири режими саҳюнистӣ дар робита бо ин ки оё нақша такмил шуда ё на, гуфт: “На ҳанӯз, ҳамчунон бар рӯи онҳо кор мекунем.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.