Ҷумлаҳои ҳикматомез

Аз гуфтору кирдори зоҳидон

(1)

دخل لصّ على بعض الزهاد الصالحین، فلم یرَ فی داره شيئاً، فقال له: يا هذا! أين متاعك؟ قال: حوّلته الى الدار الأخرى

Дузде вориди хонаи яке аз зоҳидони некӯкор шуд ва чизе пайдо накард, ба соҳиби хона гуфт: Эй фалонӣ! Матоъи ту куҷост? Гуфт: Ҳар чи доштам, ба хонаи охиратам фиристодам.

(2)

Ба зоҳиде гуфтанд:

ما أصبرك على الوحدة

Аҷаб сабре дорӣ бар танҳоӣ!

قال: كلاّ، أنا اجالس ربّي، اذا شئت أن يناجيني قرأت كتابَه، واذا شئت أن أناجيه صلّيت

Гуфт: “Ҳаргиз! Ман ҳамнишини Худои худ ҳастам. Ҳар гоҳ хостам ӯ бо ман замзама кунад, китобашро мехонам. Ва ҳар гоҳ хостам ман бо вай замзама кунам, намоз мехонам.

(3)

Аз ҳикматҳои Муварриқи Аҷлӣ:

أوحى الله الى الدنيا: من خدمني فاخدميه، ومن خدمك فاستخدميه

Худованд ба дунё ваҳй кард: ҳар ки маро хидмат кард, ӯро хидмат бикун, ва ҳар ки туро хидмат кард, пас ӯро ба хидмати худ бигумор.

(4)

Аз ҳикматҳои Абӯҳозими Аъраҷ:

عجبا لقوم يعملون لدار يرحلون عنها كلّ يوم مرحلة، ويتركون أن يعملوا لدار يرحلون اليها كلّ يوم مرحلة

Таъаҷҷуб мекунам аз гурӯҳе, ки амал мекунанд барои хонае, ки ҳар рӯз як марҳила аз он дар ҳоли рафтан ҳастанд, вале раҳо кардаанд амал барои хонаеро, ки ҳар рӯз як марҳила ба сӯйи он наздик мешаванд.”

(5)

Чун Мансури Ҳаллоҷро ба зиндон бурданд, ҳиҷдаҳ рӯз дар зиндон бимонд.

Шиблии ориф назди ӯ омад ва гуфт:

— Ишқ чист?

Ҳаллоҷ посух дод:

— Фардо биё, то бигӯям.

Фардои он рӯз Ҳаллоҷро пойи чӯбаи дор бурданд.

Шиблӣ омад ва гуфт:

— Ҷавоби пурсиши моро бигӯй.

Ҳаллоҷ гуфт:

— Ибтидои он таноб аст ва интиҳои он марге сурх.

(Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.