Ваҳдати исломӣ

Даргузашти раиси Шӯрои саросарии уламои Афғонистон

Мавлавӣ Қиёмуддин Кашшоф, ки чандин сол риёсати Шӯрои саросарии уламои Афғонистонро ӯҳдадор буд, даргузашт.

Мавлавӣ Қиёмуддин Кашшоф, раиси Шӯрои уламои Афғонистон ва узви Шӯрои Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, чанд рӯз пеш дар Кобул даргузашт. Ба гузориши Тулӯънюз, наздикони Мавлавӣ мегӯянд, ки ӯ аз чанде бад-ин сӯ бемор буд ва ба далели ҳамин беморӣ низ даргузашт.

Маросими ҷанозаи Мавлавӣ Қиёмуддин дар масҷиди идгоҳи шаҳри Кобул баргузор шуд. Кохи риёсати ҷумҳурии Афғонистон даргузашти раиси Шӯрои уламои Афғонистонро як зойеъа донист ва аз ӯ ҳамчун як шахси мутадайин ва сулҳҷӯ ёд кард.

Мавлавӣ Шаҳзода Шоҳид, узви пешини Маҷлиси намояндагони Афғонистон низ гуфт: “Вафоти Кашшофсоҳиб дар ин вақт як зойеъаи бузург аст.”

Абдуссалом Обид, олими динии Афғонистон низ баён дошт: “Мавлавӣ узвияти наҳзати исломиро низ дошт. Китобҳои бисёр ширинро навишта кард.”

Шайх Ҳамиди Шаҳриёрӣ, дабири кулли Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ низ бо интишори паёме, даргузашти Мавлавӣ Қиёмуддин Кашшоф, узви боризи Шӯрои ин маҷмаъ ва раиси Шӯрои саросарии уламои Афғонистонро таслият гуфт.

Ба гузориши хабаргузории Ирно, дар матни паёми шайх Ҳамиди Шаҳриёрӣ омадааст: “Реҳлати донишманди бузургвор, марҳум оқои Мавлавӣ Қиёмуддин Кашшоф (р), узви фақиди Шӯрои Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ ва раиси Шӯрои саросарии уламои Афғонистон, мӯҷиби таъассуру таъаллуми хотири инҷониб шуд. Ин шахсияти тақрибӣ ва вораста умри бобаракати худро вақфи тарвиҷи маорифи исломӣ кард ва дар арсаҳои мухталифи илмӣ ва фарҳангӣ, хадамоти арзандаеро ба ҷаҳони ислом ироа намуд. Риёсати он марҳум бар Шӯрои саросарии уламои Афғонистон, маншаъи асароти мусбате буд ва тарвиҷи руҳия ваҳдат ва ҳамдилӣ дар байни алоқамандони эшонро дар пай дошт. Муҷоҳидатҳои марҳум Кашшоф дар густариш ва тарвиҷи ваҳдат ва ухуввати муслимин ва таҳаққуқи амалии аҳкоми ислом дар арсаи иҷтимоъ, аз сӯи Ҳақ Таъоло маъҷур аст ва бидуни тардид шогирдон ва пайравони мактаби он олими хадум, роҳи дурахшони ӯро идома хоҳанд дод.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.