Ваҳдати исломӣ

Имомхатиби Масҷидулақсо пас аз озодӣ: “Фаластин ба ҳамаи мусалмонон таъаллуқ дорад”

Шайх Икрима Сабрӣ, имомхатиби Масҷидулақсо, ки дирӯз аз сӯи низомиёни режими саҳюнистӣ боздошт шуда буд, пас аз озодӣ, бо баёни ин ки Фаластин танҳо мутаъаллиқ ба фаластиниҳо нест, балки ба ҳамаи мусалмонон таъаллуқ дорад, гуфт: “Масҷиди мубораки Алақсо дар сарзамини Фаластин мавриди эҳтимоми ду милёрд мусалмон аст ва аз аҳаммияти вежае назди онҳо бархӯрдор аст. Муомилаи қарн Масҷидулақсоро ҳадаф гирифтааст.”

Шайх Икрима Сабрӣ, имомхатиби Масҷидулақсо, дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабарнигори хабаргузории Тасним дар Фаластин, дар бораи боздошти рӯзи гузаштаи худ аз сӯи низомиёни режими саҳюнистӣ гуфт: “Мутаассифона чунин боздоште амре маъмул ва такрорӣ ба шумор меравад ва қобили пешбинӣ буд, зеро ишғолгарон ҳеч садои мухолиферо барнаметобанд. Масъулони режими ишғолгар муддаӣ ҳастанд, ки режими демукротик ҳастанд, аммо бо фаластиниҳо ва мусалмонон рафтори диктотурӣ ва табъизи нажодӣ доранд ва чашми тамаъ ба Масҷидулақсо дӯхтаанд.”

Вай афзуд: “Ишғолгарон қодир ба иҷрои нақшаҳои таҷовузгаронаи худ нестанд. Онҳо мехоҳанд Масҷидулақсоро таҳти сайтараи худ бигиранд, аммо шикаст мехӯранд. Онҳо мехоҳанд касонеро, ки бо нақшаҳои таҷовузгарона ва нажодпарастонаи онҳо муқобила мекунанд ва дар баробари он меистанд, аз сари роҳи худ бардоранд, аммо бояд бидонанд, ки дар мавзеъи собит, эътиқодӣ ва имонии мо ҳеч тағйир, тазалзул ва ақибнишинӣ сурат намегирад.”

Шайх Икрима Сабрӣ дар посух ба ин суол, ки чӣ иллатҳо ва омилҳое боиси хунсосозии иҷрои нақшаҳои ишғолгарон алайҳи Қудси шариф мешавад, гуфт: “Ба таври табиӣ, фаластиниҳо ҳомиён ва мудофеъони Қудси шариф ҳастанд. Онҳо бо имон ва ақидаи худ дифоъ мекунанд ва иҷозаи таҷовузгарӣ ба ишғолгаронро намедиҳанд. Фаластиниҳо даҳҳо шаҳид дар роҳи дифоъи худ аз Масҷидулақсо додаанд ва дар ин роҳ садҳо балки ҳазорон нафар аз аҳолии Қудс боздошт шудаанд. Ишғолгарон сиёсати дур кардан ва табъиди фаластиниҳо аз Масҷидулақсоро дунбол мекунанд. Ин сиёсатро ба ҷузъ ишғолгарон ҳеч касе дар ҳеч ҷойи ҷаҳон анҷом надодааст. Танҳо ишғолгарони Қудс ҳастанд, ки чунин коре анҷом медиҳанд, зеро онҳо сохтори ишғолгар ҳастанд, ки аҳолии Қудсро аз масҷиди мубораки Алақсо дур ва табъид мекунанд ва ман яке аз онҳо ҳастам.”

Имомхатиби Масҷидулақсо дар бораи арзёбии худ аз ояндаи тарҳи созиши омрикоии мавсум ба «Муомилаи қарн» гуфт: “Мо аз замони эъломи тарҳи “Муомилаи қарн” бо он мухолифат кардаем. Мо аз ҳамон оғоз алайҳи он мавзеъгирӣ кардем, зеро ҳадаф аз ин тарҳ, аз байн бурдани масъалаи Фаластин ва ба таслим водоштани мусалмонон аст. Ин тарҳ сохта ва пардохтаи ишғолгарон аст ва либоси омрикоӣ ба тани он кардаанд. Мо мефаҳмем, ки муфод ва муҳтавои ин тарҳ чист. Ин тарҳ дастовезе барои ишғолгарони исроилӣ ба манзури аз байн бурдани масъалаи оворагон ва паноҳандагони фаластинӣ ва худи масъалаи Фаластин ба таври комил ва низ зарба задан ба мусалмонон аст, зеро Фаластин танҳо мутаъаллиқ ба фаластиниҳо нест, балки ба ҳамаи мусалмонон таъаллуқ дорад. Масҷиди мубораки Алақсо дар сарзамини Фаластин низ мавриди эҳтимоми ду милёрд мусалмон аст ва аз аҳаммияти вежае назди онҳо бархӯрдор аст. Муомилаи қарн Масҷидулақсоро ҳадаф гирифтааст.”

Шайх Икрима Сабрӣ дар посух ба суоле дар бораи мавозеъи ахири раҳбари Эрон дар бораи масъалаи Фаластин ва таъкиди дубораи ӯ бар ҳимояти Эрон ва миллатҳои мусалмонон аз миллати Фаластин то озодсозии Қудси шариф ва сарзаминҳои фаластинӣ, гуфт: “Мо хоҳони иҷрои он аз тариқи ваҳдати мусалмонон ҳастем. Пирӯзии мусалмонон танҳо дар сояи ваҳдат муяссар хоҳад шуд. Дар гоми аввал, мо мехоҳем ин ваҳдати воқеиро байни қалбҳои мусалмонон эҷод кунем. Мӯъминон дар қиболи якдигар монанди сутунҳое ҳастанд, ки якдигарро мустаҳкам нигаҳ медоранд. Мӯъминон дар дӯстӣ ва муҳаббат ва пайвандиашон бо якдигар, ҳамонанди як пайкара ҳастанд. Расули Акрам (с) барои баёни ваҳдати уммати исломӣ онҳоро як бор ба як созае мустаҳкам ва бори дигар ба пайкарае воҳид ташбеҳ карданд ва аз Худованди Мутаъол хостанд, ки умедҳо ва орзуҳоро бароварда кунанд.”

Вай дар бораи арзёбии худ аз ҳимояти Омрико аз сиёсати тавсиъаталабонаи режими “Исроил” гуфт: “Омрико ба таври мутлақ аз ишғолгарони исроилӣ ҳимоят мекунад. Ин ҳимоят ва таъйид фақат дар хусуси пружаи илҳоқи сарзаминҳои бештаре аз каронаи Бохтарӣ нест, балки дар қиболи мавзӯъи Қудс низ сидқ мекунад, зеро Омрико сафорати худро ба шаҳри ишғолии Қудс мунтақил кард ва ин шаҳрро ба заъми худ пойтахти “Исроил” хонд. Ин Омрикост, ки аз ишғолгарон ба таври мутлақ ҳимоят мекунад ва ин амр бахше аз тарҳи “Муомилаи қарн” аст. Илҳоқи сарзаминҳо ва аз байн бурдани масъалаи Фаластин бахше аз “Муомилаи қарн” аст. Мо байни нақшаҳои “Исроил” ва “Муомилаи қарн” тамоюз қоил нестем.”

Шайх Икрима Сабрӣ таъкид кард: “Ҷонибдории Омрико аз “Исроил” сад дар сад равшан ва ошкор аст. Омрико ҷонибдорӣ мекунад ва бетараф нест. Мутаассифона Омрико дар ҳоли фиреб додани Ташкилоти Худгардон аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.