Дидгоҳ

Касе ҳаст, ки бигӯяд, “подшоҳ” урён аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Тибқи гузориши расонаҳо, аз шиддату ҳиддати шуюъи куруновирус дар Тоҷикистон коста шуда, ва ин, ҷойи шукргузорӣ дорад ва умедворем ин вирус ҳарчи зудтар аз ҷомеаи мо рахт барбандад.

Ҳамзамон бо ин рухдод аммо шоҳиди мавҷе аз ҳамалоти аҷибу ғариби буқҳои талиғотии ҳукумат ба мухолифон ҳастем, ки гӯӣ онҳо “аз шуюъи ин вирус дар ҷомеа хушҳол буданд”, “бадхоҳони миллату кишвар”, “миллаткушу тамаддунсӯз”, “беаслу насаб ва дунмоя” ҳастанд, “душманони миллати мо ва давлати моянд” ва ғайра… аз ин қабил ҳарфҳои бепоя ва асос, ки мутаассифона дар хабаргузории расмии ҳукумат ва аз забони шахсиятҳое, ки дуктуру номзади илму ҳатто окодемисиян ҳастанд, баён мешавад.

Хуб, чаро ин ҳама ҳамла?! Оё ба ин хотир, ки замоне ки ҳанӯз пойи ин вируси хонумонсӯз ба ҷомеа нарасида буд, Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) дар баёнияе, пешниҳодҳое дар ростои пешгирӣ аз шуюъи он ироа намуд?! Пешниҳодҳое, ки агар ба онҳо амал мешуд, қатъан ҷомеаи мо шоҳиди ин ҳама хасорати ҷонӣ намешуд, балки мисли кишвари ҳамсоя, Ӯзбакистон, бо камтарин хасорат ва осеб аз ин бӯҳрон берун меомад.

Оё ин ҳамалоти ноҷавонмардона ба ин хотир аст, ки раиси ПМТ пешниҳод кард, ҷашну маросимро феълан як сӯ гузоред ва ба ҷойи он, раисиҷумҳур шахсан риёсати ситоди мубориза бо куруноро ба ӯҳда бигирад ва порлумон бо вазъи қавонине, як силсила иқдомҳои зарурӣ ва лозим ҷиҳати коҳиши бори иқтисодии ин бӯҳрон барои мардум анҷом диҳад?! Оё ин пешниҳодҳо нодуруст буданд?!

Инсофан, оё мутасаввар аст чунин пешниҳодҳое аз сӯи “душманон ва бадхоҳони миллат” ироа шавад?! Ҷолиб он аст, ки мақомоти Тоҷикистон, дар ҳамон рӯзҳои аввали шуюъи куруно дар кишвар, дар айни “душман ва бадхоҳ” унвони кардани мухолифон, баъзе гомҳо ва иқдомҳое, ки бардоштанд, дақиқан ҳамонҳое буд, ки мухолифон пешниҳод карда буданд.

* * *

Нуктаи ҷолиби дигар он, ки имрӯзҳо, ҳамзамон бо ин ҳамалот ба мухолифон, мавҷе аз ситоишу мадҳи “Пешво” дар расонаҳо ба роҳ афтода, ки гӯӣ ба баракати эшон будааст, ки ҷомеа тавониста бо куруновирус мубориза бибарад. Яъне, эшон, ҳамон тавр ки “Асосгузори сулҳу ваҳдат” ва ҳамакора дар Тоҷикистон ҳастанд, ҳамин тавр коҳиши ҳиддату шиддати куруно дар ҷомеа низ мадюни эшон аст, ки агар ҷанобашон намебуданд, Тоҷикистон ғарқи дар дарёи куруновирус мешуд ва наметавонист аз он наҷот биёбад.

Ва ин дар ҳолест, ки ҷаноби “Пешво” сару калаашон тоза пайдо шуда. Дар сахттарин ва душвортарин рӯзҳо, эшон аслан маълум набуд куҷо буданд ба гунае, ки баъзе расонаҳо аз иқомати эшон дар як “бункер” дар Данғара мегуфтанд ва баъзе ҳам аз мусофирати эшон ба хориҷ аз кишвар.

Таваққӯъ ва интизор аз одамҳои оқил дар як ҷомеаи солим дар якчунин мавоқеъе ин аст, ки бояд аз раисашон бипурсанд, Шумо куҷо будед? Чаро, бо он ҳама ҳушдорҳое, ки дода шуд, ҷашни Наврӯзро баргузор кардед?.. На таърифу тамҷиду мадҳу ситоишҳои бемаъно, ки ин кор, на танҳо ба зарару зиёни ҷомеа, ки ба зарару зиёни худи “Пешво” ҳам ҳаст.

Мақомоти Тоҷикистон ва расонаҳои он ва ҳатто, бо камоли таассуф, шоирону рӯзноманигоронаш, дуруст шабеҳи вазирони подшоҳи худхоҳ дар достони машҳури “Либоси ҷадиди подшоҳ”-и Ҳонс Кристиён Ондерсен (Hans Christian Andersen = Ханс Кристиан Андерсен) ҳастанд. Вазироне, ки ба хотири аз даст надодани мақому мансабашон, ҳозиранд ҳарфи дурӯғ ба подшоҳ бизананд ва ҳақиқатро аз ӯ пинҳон бидоранд; коре, ки сабаб мешавад подшоҳ дар ҷомеа беобрӯ ва беэътибор шавад.

Холӣ аз фоида нест ин достонро нақл кунам. Мегӯяд, подшоҳе буд, ки дилаш мехост ҳамеша либосҳои хуб бипӯшад. Хайётҳои махсуси шоҳ ҳар рӯз як либоси нав барои ӯ медӯхтанд. Рӯзе расид, ки хайётҳои ӯ дигар натавонистанд барои ӯ либоси мавриди писандашро бидӯзанд.

Ду одами найрангбоз ба қасри шоҳ омаданд ва гуфтанд, ки мо бофандаҳое ҳастем, ки метавонем порчае барои шумо бибофем, ки одамҳои аҳмақ наметавонанд онро бибинанд. Подшоҳ пеши худ гуфт, ҷолиб аст, агар чунин шавад, метавонам бифаҳмам, ки кадом як аз вазиронам боҳуш ва кадом як аҳмақанд.

Подшоҳ ба он ду нафар пули зиёде дод, то барояш ин порчаро бибофанд. Онҳо пулҳоро бардоштанд ва баъд ин тавр нишон доданд, ки гӯё порча мебофанд, аммо дар воқеъ коре намекарданд.

Подшоҳ барои он, ки бидонад кори бофандаҳо чӣ қадр пеш рафтааст, бо худаш фикр кард, ки боҳуштарин вазирашро пеши онҳо бифиристад. Яке аз вазиронашро фиристод. Вазир ба утоқи кори бофандаҳо рафт. Дид, чизе дар онҷо дида намешавад, ҳар чӣ қадр, ки нигоҳ кард, чизе надид. Вазир, ки марди ботаҷрибае буд, бо худаш фикр кард, ки агар ман росташро бигӯям, подшоҳ хаёл мекунад, ки одами аҳмақе ҳастам ва он гоҳ маро аз қаср берун хоҳад кард. Барои ҳамин, вазир ба подшоҳ гуфт: то ба ҳол порчае ба ин зебоӣ надидаам, мутмаин ҳастам, ки шумо аз он хушатон хоҳад омад. Подшоҳ аз шунидани ин ҳарф хеле хушҳол шуд ва ба бофандаҳо пули бештаре дод.

Чанд рӯзи баъд подшоҳ хост порчаро бибинад, аммо бо худаш гуфт, агар натавонам онро бибинам, обрӯям меравад.

Ин шуд, ки яке дигар аз вазиронашро пеши бофандаҳо фиристод. Подшоҳ хаёл мекард, ки ин вазир аз ҳама боҳуштар аст. Аммо ӯ ҳам натавонист порчае бибинад. Ин вазир ҳам тарсид, ки агар росташро бигӯяд, аз мақому мансабаш маҳрум хоҳад шуд. Барои ҳамин гуфт: ҷаноби шоҳ, порча воқеан зебост!

Подшоҳ хеле хушҳол шуд. Бо худаш фикр кард, ки ҳоло дигар ман набояд нигарон бошам, чун ҳатман метавонам порчаеро, ки онҳо дидаанд, бибинам. Подшоҳ мутмаин буд, ки вазиронаш ба андозаи ӯ боҳуш нестанд. Барои ҳамин, ба ҳамроҳи ду вазир ва иддае аз наздикону хидматгузоронаш пеши бофандаҳо рафт. Подшоҳ, ки вориди утоқи бофандаҳо шуд, чизе надид. Пеши худ гуфт, чаро ман наметавонам порчаро бибинам, оё ман як аҳмақам?.. На, ман набояд бигӯям, ки чизе намебинам. Бинобар ин, подшоҳ ба бофандаҳо гуфт, ки аз порча хеле хушаш омадааст. Ҳар ду вазир пеши худ гуфтанд: чӣ қадр бад аст, ки ман наметавонам порчаро бибинам! Подшоҳ ба бофандаҳо миқдори зиёде тило дод.

Хулоса, он ду ҳуққабоз хабар доданд, ки тамоми порча бофта шудааст. Баъд омаданд пеши подшоҳ ва дар ҳоле, ки чизе дар даст надоштанд, ба подшоҳ гуфтанд, ин аст он порча ва инак бо он либоси ҷадиде барои шумо медӯзем.

Баъд “либоси нав”-ро ба подшоҳ нишон доданд ва гуфтанд, ҷаноби шоҳ бо диққат ба ин либос нигоҳ кунед! Вақте ки мардум шуморо бо ин либос бибинанд, ҳатман аз шумо таъриф хоҳанд кард. Сипас коре карданд, ки гӯё бар тани ӯ либос мепӯшонанд. Подшоҳ худашро гӯл мезад ва мегуфт, чӣ қадр олӣ аст! Ин либос мисли насим латиф аст!

Баъд ду вазирашро садо зад ва пурсид, хушатон меояд? Онҳо ҷавоб доданд, албатта, чӣ либоси зебое аст! Чӣ қадр ба шумо меояд ҷаноби шоҳ!

Дар ҳама ҷойи он сарзамин ҳарф аз “либоси ҷадид”-и подшоҳ буд. Рӯзе расид, ки наздикони шоҳ як намоиш тартиб доданд. Шоҳ миёни мардум роҳ мерафт ва бо садои баланд мегуфт: Фақат одамҳои доно метавонанд либоси ҷадиди маро бибинанд.

Мардум фарёд мезаданд: бале, ҳамин тавр аст! Либоси нави подшоҳ хеле-хеле диданӣ  ва зебост!

Шоҳ вақте ки садои ташвиқомези мардумро мешунид, хеле хушаш меомад.

Баъд, якдафъа садои писараке баланд шуд, ки бо ханда гуфт: нигоҳ кунед, подшоҳ либос напӯшида. Ҷаноби шоҳ, шумо бо ин бадани лухту урён ҳатман сармо мехӯред.

Ин ҷо буд, ки подшоҳ ҳама чизро фаҳмид. Пеши худ гуфт, хеле бад шуд, обрӯям рафт! То ҳоло гӯл хӯрда будам!

Шоҳ ин ҳарфҳоро бо худаш мезад ва баъд писаракро ба қасри худаш бурд. Мардум дар гӯши ҳамдигар пич-пич карданд ва гуфтанд, ки писараки бечора ҳатман ба дасти подшоҳ кушта мешавад. Аммо каме, ки гузашт, подшоҳ падару модари писаракро ба қасраш даъват кард ва ба онҳо гуфт:

— Шумо як писари дурусткор доред. Ӯ он қадр хуб буд, ки ҳақиқатро ба ман гуфт.

Баъд, подшоҳ ба падару модари писарак ҳадияҳои зиёд дод.

Аз он рӯз ба баъд, подшоҳ бештар аз ин ки ба фикри либос бошад, ба мушкилоти мардум ва корҳои сарзаминаш фикр мекард.

* * *

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.