Ҷомеа

Мо ҳама аз Ӯ ҳастем ва бозгаштамон ба сӯи Ӯст

Дар камоли таассуфу андӯҳ бохабар шудем, Сайфиддин Тӯраев, сиёсатмадори номии Тоҷикистон ва аз поягузорони истиқлоли кишвари азизамон, дар синни 75-солагӣ дори фониро тарк ва ба дори боқӣ шитофта.

Бар асоси гузоришҳои расмӣ, эшон дар асари бемории қалбӣ даргузаштааст. Хонадони Тӯраевҳо дар шаҳри Истаравшан маъруфанд. Марҳум Сайфиддин Тӯраев дар даврони Шӯравӣ солҳо мудирияти бузургтарин корхонаи бофандагӣ дар қаламрави Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Сипас муддате вазир интихоб шуд. Бародараш Қурбон Тӯраев низ дар даврони Шӯравӣ ҳокими чанд ноҳия ва дар замони истиқлол муддате ҳокими шаҳри Истаравшан буд. Яке дигар аз бародаронаш мудири яке аз муассисоти иқтисодӣ дар шаҳри Истаравшан буд.

Марҳум Сайфиддин Тӯраев дар Тоҷикистон бештар дар даҳаи 90-уми қарни пешин шинохта шуд. Ӯ аз парчамдорони ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар буд. Муддате ҳам намояндаи порлумон буд. Дар интихоботи 1991 ба унвони номзади риёсати ҷумҳурӣ ширкат ва орои шумори қобили таваҷҷӯҳе аз раъйдиҳандагонро касб кард. Дар ҳукумати муросои миллӣ муовини нахуствазир буд. Дар интихоботи риёсати ҷумҳурии соли 1999 низ номзад шуд.

Марҳум Сайфиддин Тӯраев дар ин охирҳо дар зодгоҳаш, шаҳри Истаравшан, зиндагӣ мекард ва тақрибан аз майдони сиёсат барканор буд ва бештар ба корҳои фарҳангӣ машғул буд. Дар ин муддат, чанд асаре ҳам аз ӯ чопу нашр шуданд. Зоиқаи шеърӣ ҳам дошт.

Худованд раҳматашон кунад!

Инҷониб (Сайидюнуси Истаравшанӣ) даргузашти ин фарҳехтаро барои умуми мардуми Тоҷикистон ба хусус мардуми шарифи Истаравшан ва низ хонаводаи шодравон махсусан акои Қурбон Тӯраев ва фарзандони барӯманди шодравон ва низ ба ҳамкору дастёри ӯ акои Равшани Темуриён, таслият мегӯям ва барои бозмондагонаш аз даргоҳи Эзад сабри ҷамил хоҳонам.

Рубрики:Ҷомеа

Помечен как:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.