Осиёи Марказӣ

Решаи ин ҳама кашмакашҳо фақат ҷуғрофиёст? // Нигоҳе ба кашмакашҳои қавмӣ дар Осиёи Миёна

Akc: сойти Rus.Azattyk

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ин, ки сабаби ҷанҷолу кашмакаш байни тоҷикҳо ва қирғизҳо дар Ворух “замин” унвон мешавад, тардиде нест, ва дар ин ҳам, ки иллати ҷанҷолу даргирӣ миёни тоҷикҳо ва қирғизҳо дар Сӯхи Ӯзбакистон — ки дирӯз воқеъ шуд ва мутаассифона шумори зиёде аз тоҷикҳо дар он захмӣ шуданд — як “чашма” будааст, низ шакке нест. Аммо суоле, ки матраҳ аст ва ниёз ба посух дорад ин аст, ки оё тамоми сабаб ҳамин аст? Яъне, оё сабаб дар ин ҷанҷолу кашмакашҳо, фақат дар ҷуғрофиё (замин, чашма, роҳ ва ғайра…) хулоса мешавад? Ё ин, ки ин ҷанҷолҳо сабабҳои бас амиқтару решадортаре доранд? Дар ин навиштор, талош мешавад ба ин пурсиш посух ёфта шавад.

1) Нигоҳе кӯтоҳ ба кашмакашҳои қавмӣ дар 35 соли ахир дар Осиёи Миёна

То ҷойе, ки огоҳам, нахустин кашмакаш ва ҷанҷоли қавмӣ дар Осиёи Миёна, дар поёнҳои даврони Шӯравӣ дар Ӯзбакистон ба вуқӯъ пайваст; байни ӯзбакҳо ва туркҳои месхетӣ дар Фарғона дар соли 1987, ки дар натиҷаи он аксари туркҳо хона ва кошонаи худро тарк ва ба дигар кишварҳо муҳоҷират карданд. (Дар бораи иллати воқеии ин ҷанҷол маълумоти кофӣ надорам.) Сипас, каме баъд аз ин рухдод, яъне дар ҳудуди солҳои 1988 ё 1989, дар шаҳри Ӯзгани вилояти Ӯши Қирғизистон — ки шаҳре ӯзбакнишин аст – байни ӯзбакҳо ва қирғизҳо ҷанҷол ба вуқӯъ пайваст, ки сабабаш як ҳодисаи бисёр ҷузъӣ буд. Баъд, боз ҳам дар ҳамин вилояти Ӯш, дар ҳудуди солҳои 2012 (агар дар замонаш иштибоҳ накунам), байни қирғизҳо ва ӯзбакҳо ҷанҷол бапо хост, ки мутаассифона кушта ва захмиҳо низ дар пай дошт.

Ва ҳамчунин, чанд сол аст, ки шоҳиди ҷанҷолу кашмакаш байни тоҷикҳо ва қирғизҳо дар Ворух ҳастем, ки сабабаш барои касе пӯшида нест.

2) Ниҳодина шудани “дигарситезӣ” бо номи “миллатгароӣ”

Баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (СССР) ва эълони истиқлоли ҳар як аз кишварҳои мавҷуд дар Осиёи Миёна, рӯйкарде, ки ҳукуматҳои ин кишварҳо (Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон ва Туркманистон) барои муттаҳид ва якпорча нигаҳ доштани мардумони худ ва зери чатри як ормони воҳид гирд овардани онҳо, дар пеш гирифтанд, ин “миллигароӣ” буд.

“Миллигароӣ” агар дуруст фаҳм шавад ва он гоҳ дар ҷомеа дуруст тафҳим (фаҳмонда) ва ниҳодина шавад, эроде надорад, ки ҳеч, балки матлуб ҳам ҳаст. Билохира, ҳар қавму миллате ба фарҳангаш зинда аст, ба таърихаш зинда аст, ба мафохиру машоҳираш зинда аст. Дар инҳо ҳеч шакке нест. Дар ҷаҳони имрӯз, бисёре аз кишварҳо, агар нагӯям ҳамаашон, бар пояи ормонҳои миллии худ бунён шудаанд. Аммо мусибат он ҷост, ки мо аз “миллигароӣ” як бардошт ва фаҳми ғалат ва нодуруст ва воруна дар зеҳн дошта ва он гоҳ ҳамин бардошти ғалатро дар ҷомеа ниҳодина кунем.

Пештар (ва ба назарам, 8 сол пеш), дар як мақола, дар бораи миллатгароӣ баҳси нисбатан муфассале ороста будам ва хулосааш ин аст, ки: миллатгароӣ фарқаш бо нажодпарастӣ дар ин аст, ки миллатгароӣ “исбот” аст ва нажодпарастӣ “нафй”. Ба ин маъно, ки дар миллатгароӣ, ту мехоҳӣ худатро “исбот” кунӣ, то дигарон ба сӯйи ту ҷазб шаванд. Аммо дар “нажодпарастӣ”, ту дигаронро “нафй” (инкор) мекунӣ, то исбот шавӣ. Боз ба сухани дигар ва равшантар, як миллатгарои воқеӣ ҳаргиз дар садади бартар донистани худ бар дигарон ва ин ки ӯ аз дигарон як сару гардан болотар аст нест, балки мехоҳад “худаш”-ро нишон диҳад; бо вежагиҳои инсониаш, бо ахлоқи писандидааш, чӣ дар сатҳи фард ва чӣ дар сатҳи як миллат, то дигарон ба сӯйи ӯ ҷазб ва ошиқаш шаванд. Вале як нажодпараст ҳамеша дар садади бартар қарор додани худ бар дигарон аст ва ин ки ӯ “хунаш” хуне вежа аст (масалан, ориёӣ аст) ва дигарон “ҳечу пуч”-анд. Муҳимтарин фарқи миллатгароӣ бо нажодпарастӣ ҳамин аст.

Ҳол, дастгоҳҳои фарҳангии кишварҳои Осиёи Миёна, бидуни истисно ҳамаашон, пас аз истиқлол чун зоҳиран як фаҳми дурусту ҳисобӣ аз “миллигароӣ” надоштанд, аз ин рӯ тайи 30 соли ахир навъе “нажодпарастӣ” ва “нафйи дигарон”-ро бо номи “миллигароӣ” ташвиқу тарғиб ва то ҳадде мардуму миллати худро “дигарситез” ба бор оварданд, бахусус ду кишвари Қазоқистон ва Қирғизистон. Ва ҳатто, бо камоли таассуф, дар Тоҷикистони худамон ҳам руҳияи “дигарситезӣ” дар зеҳни бисёре аз ҷавонон, он ҳам ба номи “миллигароӣ”, русух пайдо карда, ба ҳадде, ки “тоҷикгаро” ва “тоҷикдӯст” будан, мутародиф шуда бо “ӯзбакбадбинӣ” ва “туркбадбинӣ” ва ин ки мо, тоҷикҳо як сару гардан аз ӯзбаку турк болотарем ва онҳо чизе нестанд ва таърихе надоранд ва хулоса “ҳечу пуч”-анд ва мо, ба истилоҳ дорои “хуни вежае” ҳастем. Хуб, ин “дигарситезӣ” аст, на миллатдӯсту миллатгаро будан. Ва “дигарситезӣ” ҳамон “нажодпарастӣ” аст ва бо он ҳеч фарқе надорад.

Албатта, дар ду кишвари Қазоқистон ва Қирғизистон, дар чанд соли ахир, руҳияи “дигарситезӣ” беш аз дигар кишварҳои Осиёи Миёна ривоҷ пайдо карда. Дар ҳамин чанд соли ахир, ҳар вақт фурсат пеш меомад, мақолаҳое, ки тавассути донишмандони ин ду кишвар навишта мешавад мехондам ва низ ташвиқоту тарғиботе, ки дар ин замина дар расонаҳояшон мешавад медидам — шояд азизони дигаре ҳам инҳоро расад кардаанд – ки ин ду кишвар дар ин ҷиҳат бисёр тунд рафта (ва мераванд). Он вақт, натиҷаи ин корҳо, чунин мешавад, ки ҷавононашон “дигарситез” ва “дигарбадбин” ба бор биёянд.

Ҳамин руҳия аст, ки мебинем, як ҳодисаи ҷузъӣ зуд ба як ҷанҷоли бузург табдил мешавад ва он гоҳ ҷавонон, хусусан қирғизҳо, ҳар кас ва ҳар чизеро, ки сари роҳашон қарор бигирад, бармедоранд ва ҳатто ҳозиранд ба сари шумо аслиҳа бикашанд ва шуморо ба куштан диҳанд. Якчунин иқдомҳои нобихрадона, далеле ҷуз ин ки тараф “дигарситез” аст надорад.

3) Мардуми сокин дар Осиёи Миёна дорои сарнавишти воҳиданд

Мардумони Осиёи Миёна, чӣ тоҷикаш, чӣ ӯзбакаш, чӣ қазоқаш ва чӣ туркману қирғизаш, садсолаҳо бо ҳам зиндагии мусолиматомез доштаанд ва дар канори ҳам зиндагӣ карда омадаанд ва метавон гуфт, онҳо як воҳид буданд. Марзбандиҳое, ки миёни давлатҳои ҳоким дар Осиёи Миёна то замони сари кор омадани болшевикҳо вуҷуд дошт — яъне Аморати Бухоро, Хонигарии Қӯқанд ва Хонигарии Хева — бар асоси миллату нажоду забон набуд. Яъне чунин набуд, ки Аморати Бухоро чун ҳокимаш манғит аст, кишвари манғитҳо ва ӯзбакон маҳсуб шавад, балки ба унвони давлати тоҷикон шинохта мешуд ва дар он, тоҷику ӯзбаку қирғиз дар канори ҳам зиндагӣ мекарданд. (Ин ки имрӯзҳо чунин талқин мешавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин кишвари тоҷикҳо пас аз ҳазор сол (яъне пас аз Сомониён) аст, як ҳарфи пучу беасос аст. Ҳар давлате, ки пас аз Сомониён омадааст, чӣ Ғазнавиён бошад ё Салҷуқиён ва ё Хоразмшоҳиён ва ҳатто Темуриён, ҳамаи инҳо давлати тоҷикон (эрониён) маҳсуб мешуд. Зеро забони расмӣ дар онҳо забони форсӣ буд. Меъёр дар тоҷикӣ ё эронӣ донистани як давлат, ин нажоди ҳокимаш нест. Инро бояд аз зеҳнҳо дур сохт. Меъёр дар дараҷаи аввал ин забони расмӣ ва фарҳанги ҳоким аст. Оё медонем, Ғазнавиён дар тарвиҷи забони форсӣ ва ниҳодина кардани он ба унвони забони расмии давлат, беш аз Сомониён саҳм доштаанд?! Ва Темуриён низ дар густариши фарҳанг ва забони форсӣ беш аз дигарон хидмат кардаанд. Хуб, ин баҳсаш ҷудост ва инҷо нест.)

Ва ҳатто Хонигарии Қӯқанд ва Хева низ забони расмиашон форсӣ (тоҷикӣ) буд, яъне тамоми мукотиботи расмӣ ба форсӣ сурат мегирифтанд, ҳарчанд гуфтугузор байни мардум дар ин ду давлат бештар ба ӯзбакӣ буда. (Ин ҳақиқати таърихиро аҳаде наметавонад инкор кунад.)

Он чи мардуми Осиёи Миёнаро ба унвони як воҳид нигаҳ медошт ва омили зиндагии мусолиматез доштани онҳо буд, ин аввалан, дини ислом буд, ва сониян, яксонӣ ва якнавохтии фарҳангу одоту русум, бахусус байни тоҷикҳо ва ӯзбакҳо. Як тоҷик бо як ӯзбак фарқаш фақат дар ин буд (ва ҳанӯз ҳам ҳаст), ки яке ба форсӣ сухан мегӯяд ва дигаре ба ӯзбакӣ. Дигар ҳеч тафовуте бо ҳам надоранд. На дар либосу пӯшиш бо ҳам фарқ мекунанд, на дар навъи ғизо, на дар мусиқӣ, на дар одоту русум ва ғайра…

4) Яке ду пешниҳод

Хуб, бо таваҷҷӯҳ ба он чи гуфта омадем, пешниҳод ин аст, ки бояд саъй шавад ҳаргиз байни қавмҳо ва миллатҳои сокин дар Осиёи Миёна даргирӣ сурат нагирад ва ба ҳамдигар ба чашми “душман” нигоҳ накунем. Агар як вақт ҷанҷол ва кашмакаше пеш ояд (мисли ҳамон, ки дар Ворух воқеъ мешавад ва ё он ки дирӯз мутаассифона дар Сӯх рух дод), бигузор аз тариқи расмӣ ва тавассути мақомоти давлатҳо ҳаллу фасл шавад ва мардум вориди он нашаванд. Албатта ин бад-он маъно нест, ки мо, тоҷикҳо масалан аз хокамон ва заминамон кӯтоҳ биёем. Ҳаргиз ва абадан! Мо тоҷикҳо бояд ба ҳукумати худамон фишор оварем, ки ҳар он чи қонунан мутаъаллиқ ба мост, бароямон боқӣ бимонад ва ҳатто аз як ваҷаб хокамон, ки бароямон муқаддас аст кӯтоҳ наойем. Балки ҳарфи банда ин аст, ки душманӣ ва бадбинӣ байни мардумони сокин дар Осиёи Миёна ниҳодина нашавад, зиндагии мусолиматомезе, ки ҳазорон сол бо ҳам доштаем, гилолуд нашавад.

Пешниҳоди дигар он, ки бояд талош шавад дар ояндаи наздик байни давлатҳои Осиёи Миёна як Иттиҳодия (шабеҳи Иттиҳодияи Урупо) ташкил шавад. Ин кор албатта кори ҳукуматҳост ва ин онҳоянд, ки тасмим мегиранд, аммо ҷомеа ва мардум метавонанд ин идеяро дар миёни мардум ниҳодина кунанд. Масалан, дар Тоҷикистон чӣ аҳзоби сиёсии фаъол дар дохил ва чӣ аҳзоби фаъол дар берун аз кишвар яъне опозисиюн, таъсиси Иттиҳодияи кишварҳои Осиёи Миёнаро яке аз барномаҳои сиёсии худ қарор бидиҳанд. Зеро таъсиси якчунин иттиҳодияе ба нафъи мардум ва ҳукуматҳои ҳамаи ин кишварҳост. Ин як абарқадрат хоҳад буд.

Ба ҳамин миқдор аз баҳс басанда мекунам.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.