Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (401)

Бақияи қиссаи Зайд дар ҷавоби Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам (4)

* * *

Бандагӣ дар ғайб омад хубу каш,

Ҳифзи ғайб омад дар истиъбод х(в)аш.

Хидмату бандагӣ вақте арзишманд аст, ки дар ғайбати хоҷа анҷом шавад. Зеро дар ибодат ва хидмат кардан, ҳифз кардани ғайб ба маротиб беҳтару муҳимтар аст. Яъне агар дар сурати ғайбати хоҷа ва адами ҳузури ӯ, хидматкораш шарти вафодорӣ ва хидматгузориро риоят кунад, арзишманд аст.

Каш: хуш ва хушоянд. Ҳифзи ғайб: дар ғиёби касе муроъоти ҳоли ӯ кардан. Истиъбод: бандадорӣ, банда гирифтан.

Нукта: Агар инсон дар ин дунё, ки ҳиҷоби охират аст, поси бандагии Ҳақ Таъолоро баҷо оварад, коре бас арзишманд кардааст, вагарна вақте дар явмул-бурузи охират ҳамаи ҳақоиқ намоён шавад, эътиқоду яқин бад-он кори муҳимме нест. (Шарҳи ҷомеаи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1037)

Ку ки мадҳи шоҳ гӯяд пеши ӯ,

То ки дар ғайбат бувад ӯ шармрӯ?

Он касе, ки шоҳро дар ҳузураш мадҳ мекунад куҷо ва он ки дар ғайбати шоҳ ва адами ҳузури ӯ ҳамчунон нисбат бад-ӯ шармро муроъот мекунад куҷо? (Фарқ аст миёни касе, ки дар ҳузури шоҳ вайро мадҳ мекунад ва риояти ӯ менамояд ва касе, ки дар ғиёби ӯ ба ӯ вафодор мемонад. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.1038))

Қалъадоре, к-аз канори мамлакат,

Дур аз султону сояй салтанат.

Пос дорад қалъаро аз душманон,

Қалъа нафрӯшад ба моле бекарон.

Ғойиб аз шаҳ дар канори сағрҳо,

Ҳамчу ҳозир ӯ нигаҳ дорад вафо.

Ба унвони мисол, он қалъабоне, ки дар сарҳадоти кишвар ба нигаҳбонӣ мепардозад, дар ҳоле, ки аз шоҳу султон ба дур аст, кори арзишманде мекунад. Он қалъабон қалъаро аз газанди душманон ҳифз мекунад ва дар муқобили молу пули газоф онро намефурӯшад. Қалъадор дар сарҳадот дар ҳоле, ки аз шоҳ ба дур аст, дар вафодорӣ гӯӣ ки дар ҳузури шоҳ қарор дорад.

Сағр: сарҳад, марз.

Назди шаҳ беҳтар бувад аз дигарон,

Ки ба хидмат ҳозиранду ҷонфишон.

Дар назари шоҳ, он қалъадор аз лиҳози анҷоми хидмат ва пойдорӣ, аз дигарон, ки дар ҳузури шоҳ изҳори вафодорӣ ва ҷоннисорӣ мекунанд, беҳтар аст.

Нукта: Байтҳои ахир дар воқеъ тафсири оятҳое аст, ки имон ба ғайб дар он тасреҳ шудааст. Пас, дар байтҳои ахир далоили руҷҳони мӯъмин ба ғайб бо забони тамсил баён шуд. (Ҳамон манбаъ, ҷ.1, с.1038))

Пас ба ғайбат нимзарра ҳифзи кор,

Беҳ ки андар ҳозирӣ з-он сад ҳазор.

Бинобар ин, агар ним зарра кору хидмат дар ғиёб ва адами ҳузури дигарон анҷом шавад, беҳтар аст аз сад ҳазор кор, ки дар ҳузури онон анҷом гирад.

Ҳозирӣ: ҳузур, ҳозир будан.

Нукта: Зоҳиран ин байт муқтабас аст аз мазмуни ривояти зерин:

دَعْوَةٌ فِي السِّرِّ تَعْدِلُ سَبْعِينَ دَعْوَةً فِي الْعَلانِيَةِ

Як даъват (ба сӯи Ҳақ) дар ниҳон, баробар аст бо ҳафтод даъват дар аён.” (Ривояти Абушшайх дар “Ассавоб” аз Анас.) Зеро даъвати Ҳақ дар ниҳон дорои хулус аст ва шоибаи риё надорад.

Тоату имон кунун маҳмуд шуд,

Баъди марг андар аён мардуд шуд.

Тоату имон инак сутуда ва писандида шудааст, вагарна пас аз марг дар он замон, ки ҳамаи ҳақоиқ аён мешавад, мардуд аст.

Нукта: Зеро дар он вақт ки пардаҳо вопас зада мешавад, ҳамагон ба яқину имон мерасанд, ҳатто кофирону мункирон низ ҳақоиқу асрорро мушоҳида мекунанд. Бинобар ин, имон овардан ба ҳақиқат ва покӣ дар ин дунё арзишманд аст. Дар сураи Қоф, ояти 22 фармояд:

لَقَدْ كُنْتَ فِي غَفْلَةٍ مِنْ هَذَا فَكَشَفْنَا عَنْكَ غِطَاءَكَ فَبَصَرُكَ الْيَوْمَ حَدِيدٌ

Ту, эй кофир, пеш аз ин дар дунё дучори ғафлат будӣ, пас парда аз ҷилави чашмонат бардоштем ва он гоҳ чашмонат тезбину ҳақиқатбин гашт.”

Чунки ғайбу ғойибу рӯпӯш беҳ,

Пас лабон барбанду лаб хомӯш беҳ.

Ҳазрати Паёмбар (с) дубора ба Зайд фармуд: эй Зайд! Чун ки ғайбу ғоибӣ ва мастур будан беҳтар аст, пас даҳонро бибанд ва сокит бош.

Эй бародар, даст водор аз сухун,

Худ Худо пайдо кунад илми ладун.

Эй бародар! Аз Гуфтору калом даст бикаш ва забонатро дар пардабардорӣ аз асрору ҳақоиқ нигаҳ дор, ки мусалламан Худованди Мутаъол илми ладунниро ошкор месозад. Яъне Худованд ҳақиқатро намоён созад.

Нукта: Илми ладуннӣ илмест, ки аз тариқи кашфу илҳом ҳосил ояд ва онро илми аъло гӯянд. Ин илм мухтасси аҳли қурб аст ва танҳо бо таълиму тафҳими раббонӣ ба даст меояд, на бо далоили ақлӣ ва шавоҳиди нақлӣ. (Мисбоҳул-ҳидоя, с.76) Ин таъбир муқтабас аз ояти 65 сураи Каҳф аст: “Ва ӯ (Хизр)-ро аз назди худ илм биёмӯхтем.”

Пас бувад хуршедро рӯяш гувоҳ,

“Аййу шайъин аъзамуш-шоҳид? Илоҳ”.

Барои хуршед кофист, ки рухсораи тобнокаш далел бар ҳастиаш бошад. Кадом чиз бузургтарин гувоҳ аст? Мусалламан Худо бузургтарин шоҳиду гувоҳ аст.

Нукта: Мисроъи дуввум ишора аст ба ояти 19 сураи Анъом:

قُلْ أَيُّ شَيْءٍ أَكْبَرُ شَهَادَةً قُلِ اللَّهُ شَهِيدٌ بَيْنِي وَبَيْنَكُمْ

Бигӯ: гувоҳии чӣ чиз аз ҳама муҳимтар аст? Бигӯ: Худо миёни ману шумо гувоҳ аст…” Ҳазрати Ҳақ низ ниёз ба далел надорад, зеро худ далел бар худ аст. (Шарҳи ҷомеаи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1040)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.