Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (402)

Бақияи қиссаи Зайд дар ҷавоби Расул саллаллоҳу алайҳи ва саллам (5)

* * *

На, бигӯям чун қарин шуд дар баён,

Ҳам Худову ҳам малак, ҳам олимон:

“Яшҳадуллаҳ вал-малак в-аҳлул-улум,

Аннаҳу ло рабба илло ман ядум”.

На, даст аз сухан барнамедорам ва мегӯям ва асрори илми ладунниро нақл мекунам, зеро Ҳақ Таъоло ва низ фариштагон ва доноён ба иттифоқ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳеч маъбуду парвардигоре нест магар Худои ҷовидон.

Қарин: наздик, ҳамдам, мусоҳиб.

Нукта: Ишорат аст ба ояти 18 сураи Оли Имрон:

شَهِدَ اللَّهُ أَنَّهُ لا إِلَهَ إِلا هُوَ وَالْمَلائِكَةُ وَأُولُو الْعِلْمِ قَائِمًا بِالْقِسْطِ لا إِلَهَ إِلا هُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ

Гувоҳӣ диҳад Худо, ки нест маъбуде ҷуз Ӯ ва фариштагон ва донишмандон низ гувоҳӣ диҳанд, ки нест маъбуде ҷуз Ӯ, ки азизу фарзона аст.”

Чун гувоҳӣ дод Ҳақ, кӣ бвад малак,

То шавад андар гувоҳӣ муштарак?

Вақте ҳазрати Ҳақ Таъоло бар яктоии хеш гувоҳӣ диҳад, фаришта кист, ки дар садади гувоҳӣ барояд ва бо ҳазрати Ҳақ дар ин гувоҳӣ ҳамтирозу шарик шавад? (Ҳол, чаро фариштагон ҳам дар ин шаҳодат ҳамроҳу шарики Худованд шудаанд, сабаби он чунин аст:)

З-он ки шаъшоъу ҳузури офтоб

Барнатобад чашму дилҳои хароб.

Зеро дилҳои харобу чашмҳои камфурӯғу заъиф дар муқобили тобиши офтоб тоқат надоранд.

Шаъшоъ: нур ва партав.

Нукта: Худованд, ки шамси ҳақиқат аст, шаҳодате, ки дар бораи худ медиҳад, барои зеҳнҳои заъифу фаҳмҳои кунд қобили дарк нест, аз ин рӯ фариштагон ва доноёнро, ки дар мартибаи мумкинот ҳастанд ба шаҳодат водошт, то мавҷудоти дигар, ки ҳамсинх бо онон ҳастанд, битавонанд гувоҳии ҳақиқатро дарк кунанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1040-1041)

Чун хуфоше, к-ӯ тафи хуршедро

Барнатобад, бискулад уммедро.

Дилҳои харобу чашмҳои нобино монанди хуффошанд, зеро ки хуффош дар баробари нур ва тобиши хуршед тоб намеоварад ва ресмони умедро бигсалад, зеро наметавонад онро бибинад.

Таф: гармӣ ва партав. Бискулад: бигсалад, пора кунад, гусаста кунад.

Пас малойикро чу мо ҳамёр дон,

Ҷилвагар хуршедро бар осмон.

Бо ин муқаддима, фариштагонро дар гувоҳӣ додан ёру ҳамкори мо бидон ва бидон, ки он фариштагон дар осмон ҷилвагарони хуршеди ҳақиқат ҳастанд.

Нукта: Ҳазрати Ҳақ, дар ҳадди зоти худ, воҳиди ҳақиқӣ аст ва ҳеч касрате дар ӯ роҳ надорад, лекин мавҷудоти мутакассиру мутаъаддид сурати тафсилии ҳазрати Ҳаққанд ва дар ҳукми ойинаи зоти ӯ:

Мо аз Ҳақу Ҳақ низ зи мо нест ҷудо,

Бингар ҳама дар Худову дар ҷумла Худо.

Бар ҳарчи бибинӣ ҳама халқ аст, на Ҳақ,

Ло бал ҳама Ҳақ, на халқ бинад бино.” (Нақдуннусус, с.142)

К-ин зиё мо з-офтобе ёфтем,

Чун халифа бар заъифон тофтем.

Ҳар фариштае гӯяд: мо нуру равшании худро аз хуршед касб кардаем ва онро бар заъифони олам метобонем, дуруст монанди хулафо ва муовинони шоҳ, ки бар раъият зуҳур мекунанд.

Моҳи нав ё ҳафтрӯза ё ки бадр,

Мартибай ҳар як малак дар нуру қадр.

Монанди моҳи нав (ҳилол) ва ё моҳи ҳафтрӯза ё ҳамчун моҳи комил (бадр), мартибаи ҳар фаришта дар нуроният ва шаън дар назди Худо маҳфузу маълум аст, яъне хулоса ҳар фариштае дар пешгоҳи Худованд мақому манзилате хосс дорад.

З-аҷниҳай нури сулоса ав рубоъ

Бар маротиб ҳар малакро з-он шуъоъ.

Ҳар фаришта, ки болҳое аз нур дорад, мутобиқ бо теъдоди он болҳо ба сӯи ӯ нури илоҳӣ метобад.

Нукта: Ишора аст ба ояти 1 сураи Фотир:

الْحَمْدُ لِلَّهِ فَاطِرِ السَّمَاوَاتِ وَالأرْضِ جَاعِلِ الْمَلائِكَةِ رُسُلا أُولِي أَجْنِحَةٍ مَثْنَى وَثُلاثَ وَرُبَاعَ

Сипос Худойрост, ки офаринандаи осмонҳо ва замин аст ва фариштагонро расулони худ гардонид ва қарор дод барои онон болҳои дугону сегону чаҳоргон.” Мавлоно дар байтҳои ахир ба сурати мухтасар баён дошт, ки мақому мартибаи фариштагон мухталиф аст ва теъдоди пари онҳо мақоми эшонро маълум медорад, пас мегӯяд, боли онон аз нур аст ва ҳар ки болаш беш, мақомаш бештар. Ададҳои мазкур дар оят далолат бар касрат дорад, на адади хосс. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1042)

Ҳамчу парҳои ъуқули инсиён,

Ки басе фарқ асташон андар миён.

Болҳои фариштагон мутафовит аст, монанди ақлҳои одамиён, ва миёни онҳо фарқи бисёре аст.

Нукта: Таъаддуд ва тафовут миёни болҳои фариштагон ҳокӣ аз тафовути манзилати эшон аст. Ҳоҷ Мулло Ҳодӣ Сабзаворӣ низ ба тафовути маротиби фариштагон ишорат мекунад ва мӯътақид аст, ки бархе аз фариштагон ақли амалӣ доранд, вале фоқиди ақли илмианд, ва бархе фақат ақли илмӣ доранд, ва бархе аз фариштагон дар малакути асфал парвоз мекунанд ва бархе дар малакути аъло… (Шарҳи асрор, с.87) Мавлоно дар инҷо раъйи мӯътазиларо дар яксон будани ъуқули мардум мардуд мешуморад ва мегӯяд, ки ақлҳои одамиён аз асли фитрат сарчашма мегирад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1042)

Пас қарини ҳар башар дар неку бад

Он малак бошад, ки монандаш бувад.

Бино бар ин муқаддимот, маълум мешавад, ки ҳамроҳи ҳар як аз одамиёни неку бад фариштае вуҷуд дорад, ки ҳамшаъну ҳамқадри ӯст.

Нукта: Дар ояти 17 сураи Қоф омада, ки бо ҳар одаме ду фаришта дар чапу рости ӯ ҳамроҳ аст. Фариштаи самти чап бадиҳои ӯро сабт мекунад ва фариштаи самти рост хубиҳои ӯро.

Аъмаше, к-ӯ моҳро ҳам барнатофт,

Ахтар андар раҳбарӣ бар вай битофт.

Онон, ки чашмоне камфурӯғу заъиф доранд ва наметавонанд ҳатто нури моҳро таҳаммул кунанд, ночор ситорагонеро, ки хурду заъиф ба чашм меоянд, ба унвони роҳнамои худ интихоб мекунанд.

Аъмаш: он ки ба сабаби бемории чашм аз дидагонаш об фурӯ резад.

Нукта: Манзур ин аст, ки он касон, ки қодир ба дарку фаҳми нури Ҳақ нестанд ва наметавонанд мустақиман аз манбаъи файёзи ӯ баҳра гиранд ва ҳатто лоиқи он нестанд, ки бевосита аз анбиё ва авлиё касби файз намоянд, ночор ба доноёни дигар таваҷҷӯҳ мекунанд ва аз онон касби файз менамоянд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1043)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.