Достон ва ҳикоёт

Се ҳикояти воқеӣ ва дарсомӯз

Дуои модар

Аз Аллома Замахшарӣ (соҳиби тафсири Кашшоф, ки пояш ланг буд) пурсиданд:

— Сабаби қатъи пойи ту чӣ буд?

Гуфт:

— Ба ҳангоми кӯдакӣ гунҷишкеро ба даст овардам ва парҳояшро кандам ва сипас ба пояш нахе бастам. Рӯзе гунҷишк фирор кард ва дар сӯрохӣ фурӯ рафт. Аз пайи ӯ давидам, миқдоре аз нах боқӣ монда буд, онро гирифтам ва он қадр кашидам, ки як пойи он ҳайвон қатъ шуд. Модарам чун ин моҷароро бидид, барошуфт ва гуфт:

— Худованд поятро қатъ кунад, чунонки пойи ин забонбастаи бегуноҳро қатъ кардӣ!

Чун ба синни ҷавонӣ расидам, дар сафари Бухоро аз асп фурӯ афтодам ва поям шикаст, ҳарчанд муолиҷа кардам, фоидае набахшид, ногузир ба қатъи по шудам.

* * *

Ҳикояти Ибни Саммок ва Ҳорунаррашид:

Ибни Саммок (яке аз зоҳидони маъруф) ба ҳузури Ҳорунаррашид расид. Ҳорун, дар ҳоле ки хост барояш обе биёваранд то бинӯшад, рӯ ба Ибни Саммок кард ва гуфт:

— Насиҳатам кун!

Ибни Саммок гуфт:

— Туро ба Худо савганд медиҳам, бигӯ, агар Худованд монеъи ту аз нӯшидани об бишавад, чӣ кор хоҳӣ кард?

Ҳорун гуфт:

— Ниме аз молу мулкамро дар роҳи ӯ фидо мекунам, то бароям об фароҳам ояд.

Ибни Саммок гуфт:

— Пас, бинӯш!

Сипас, Ибни Саммок ба Ҳорун гуфт:

— Туро ба Худо савганд медиҳам, бигӯ, (вақте об нӯшидӣ ва шикамат пур шуд ва ниёз ба хало пайдо кардӣ) ва Худованд монеъи ту аз берун кардани об (бавл) аз дарунат бишавад, чӣ кор хоҳӣ кард?

Ҳорун гуфт:

— Ниме дигар аз молу мулкамро дар роҳи ӯ фидо хоҳам кард, то ин кор бароям фароҳам шавад.

Ибни Саммок гуфт:

— Молу мулки дунё, ки барои нӯшидани қатраи обе фидо мешавад, арзиши инро надорад, ки одамҳо барои ба даст овардани он бо ҳам мусобиқа кунанд.

دخل ابن السماك على الرشيد فقال له عظني ثم دعا بماء ليشربه فقال له ناشدتك الله لو منعك الله من شربه ما كنت فاعلا قال كنت أفتديه بنصف ملكي قال فاشربه فلما شرب قال ناشدتك الله لو منعك الله من خروجه ما كنت فاعلا قال كنت أفتديه بنصف ملكي قال إن ملكا يفتدى به شربة ماء لخليق ألا ينافس عليه

* * *

Достони марги Ҳорун

Замоне ки бемории Ҳорунаррашид (халифаи аббосӣ) дар Хуросон шадид шуд, фармон дод табибе аз Тӯс ҳозир кунанд. Он гоҳ суфориш кард, идрори (бавли) ӯро ҳамроҳ бо идрори гурӯҳе аз беморон ва аз афроди солим, бар табиб арза кунанд. Табиб шишаҳоро яке пас аз дигаре баррасӣ мекард ва бе он ки бидонад аз кист, гуфт:

— Ба соҳиби ин шиша бигӯед, васияташро омода кунад, зеро нерӯяш музмаҳил шуда ва буняаш фурӯ рехтааст.

Ҳорун аз шунидани ин хабар аз зиндагияш маъюс шуд ва ин рубоиро (ки бархе ин рубоиро ба Абулъитоҳия нисбат додаанд, вале зоҳиран аз Ҳорун аст) хонд:

ان الطبیب بطبه ودوائه
لا یستطیع دفاع مكروه أتى
ما للطبیب یموت بالداء الّذى
قد کان یبرئ جرحه فیما مضى

Тарҷума: “Табиб бо табобату доруяш, қудрати дифоъ дар баробари чизе, ки нописанд аст (марге, ки фаро расида) надорад. Агар қудрат дорад, пас чаро худаш бо ҳамон беморӣ, ки дар гузашта онро дармон мекард, мемирад?!

Дар он ҳол, ба ӯ хабар доданд, ки мардум шойеъаи маргашро пахш кардаанд. Ва барои он ки ин шойеъа барчида шавад, фармон дод, чаҳорпое оварданд, то бар он савор шавад ва миёни мардум зоҳир гардад. Вақте савор шуд, ногаҳон зонуи ҳайвон суст шуд, гуфт:

— Маро пиёда кунед, ки шойеъапарокунон рост мегӯянд.

Сипас суфориш кард, кафанҳое барояш биёваранд, аз миёни онҳо якеро интихоб кард ва гуфт:

— Дар канори ҳамин бистарам қабре барои ман омода кунед.

Сипас нигоҳе дар қабр кард ва ин оятҳои қуръониро хонд:

مَا أَغْنَى عَنِّي مَالِيهْ. هَلَكَ عَنِّي سُلْطَانِيهْ

Моли ман маро суде набахшид. Қудрати ман аз кафи ман рафт”. (Сураи Алҳоққа, оятҳои 28 ва 29)

Яъне, одаме ҳастам, ки корам аз кор гузашта ва забон ба ин ҳақиқат мегушоям, ки: молу сарватам чизе аз азоби Худоро аз ман бартараф накард ва имрӯз, ки рӯзи бечорагии ман аст, ба додам нарасид, на танҳо молу сарватам мушкилеро аз ман ҳал накард ва гиреҳеро бароям нагушуд, балки қудрату салтанатам низ нобуд шуд ва аз дастам рафт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.