Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (403)

Гуфтани Пайғомбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мар Зайдро, ки ин сирро фоштар аз ин магӯ ва мутобиат нигоҳ дор

* * *

Гуфт пағамбар ки асҳобӣ нуҷум

Раҳравонро шамъу шайтонро руҷум.

Ҳазрати Паёмбар (с) фармуд: асҳоби ман монанди ситорагонанд, барои раҳравону соликон ба манзилаи шамъи тариқанд ва барои шаётин василаи тарду сангсор.

Руҷум: ҷамъи раҷм ба маънои сангборон кардан.

Нукта: Ишора аст ба ҳадиси:

أَصحَابِي كَالنُّجُومِ، بِأيِّهم اقتَدَيتُم اهتَدَيتُمُ

Асҳоби ман монанди ситорагоне ҳастанд, ки ба дунболи ҳар кадомашон биравед, роҳи ростро хоҳед ёфт.”

Ин ҳадис, бо он ки дар бисёре аз манобеъи ривоӣ омада, вале ҳадиспажӯҳон онро ҳадисе ҷаълӣ (сохтагӣ) мешуморанд, аз ҷумла Албонӣ дар “Силсилаи заъифа”-и худ онро “мавзӯъ” унвон кардааст. (Силсилаи заъифа, 1/144, Ашшомила)

Ҳар касеро гар будӣ он чашму зӯр,

К-ӯ гирифтӣ з-офтоби чарх нур.

Ҳар кас ки чашми бино дошта бошад ва истеъдоду лиёқат, ӯ метавонад аз офтоби фалак нур бигирад.

Ҳеч моҳу ахтаре ҳоҷат набуд,

Ки будӣ бар офтобе чун шуҳуд.

Ба унвони мисол, моҳу ситорагон чӣ лузуме дорад, ки гувоҳ бар офтоб бошанд, зеро офтоб ба зоти худ равшан аст ва равшании ситорагону моҳро низ таъмин мекунад.

Нукта: Дар бархе аз нусхаҳо байти мазкур ба ин сурат низ омада:

Кай ситора ҳоҷат астӣ, эй залил,

Ки будӣ бар нури хуршед ӯ далел?

Моҳ мегӯяд ба хоку абру фай,

Ман башар будам, вале “юҳо илай”.

Моҳ ба хоку абру соя мегӯяд: ман ҳам монанди шумо ба сифоти башарӣ муқайяд, вале нури ваҳйи илоҳӣ маро равшану мунаввар сохтааст.

Фай: соя.

Нукта: Мисроъи дуввум муқтабас аст аз ояти 110 сураи Каҳф:

قُلْ إِنَّمَا أَنَا بَشَرٌ مِثْلُكُمْ يُوحَى إِلَيَّ

Бигӯ, ки ҳамоно ман низ башаре ҳастам монанди шумо ҷуз он ки ба ман ваҳй мешавад…”

Чун шумо торик будам дар ниҳод,

Ваҳйи хуршедам чунин нуре бидод.

Ман низ аз ҳайси ниҳод монанди шумо торик будам, вале ваҳйи хуршеди ҳақиқат ба ниҳоди ман равшанӣ бахшид.

Ниҳод: сиришт, табъ.

Нукта: Мурод аз ин торикӣ, ваҷҳи ҷисмонии он бузургон аст, ки ба ҳар ҳол ба навъе муқайяд ба муқтазаёти ҷисмонӣ ҳастанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1044)

Зулмате дорам ба нисбат бо шумус,

Нур дорам баҳри зулмоти нуфус.

Нисбат ба хуршедҳои тобон ва шамсҳои фурӯзон тирагӣ дорам, вале барои бартараф кардани торикии нафсҳои инсонӣ нуру равшанӣ дорам.

Шумус: ҷамъи шамс ба маънои хуршед.

Нукта: Мурод аз моҳ набӣ ё валии Худост, ва мурод аз шумус таҷаллиёти сифоти илоҳӣ аст, ки он моҳ (набӣ ё валӣ) онро бозметобонад. (Шарҳи Маснавии маънавии Мавлавӣ, дафтари аввал, с.487)

З-он заъифам то ту тобе оварӣ,

Ки на марди офтоби анварӣ.

Сабаби заъфу нотавонии ман ин аст, ки ту тоқати нури маро биёбӣ ва худро ба мартибаи ошноӣ бо ман бирасонӣ, зеро ки ту марди офтоби фурӯзон нестӣ, пас лиёқати онро надорӣ.

Ҳамчу шаҳду сирка дарҳам бофтам,

То ба бемории ҷигар раҳ ёфтам.

Ҳамон гуна ки ангубин ва сиркаро бо ҳам меомезанд ва ба саркангубин табдил мекунанд, то ба сӯи беморӣ ва мараз, ки дар ҷигар аст роҳ ёбад ва онро дармон кунад, ман низ омезае аз руҳоният ва башарият ҳастам, то барои одамиён усва ва сармашқи камолҷӯӣ бошам ва амрозу навоқиси руҳии ононро бартараф созам. Ва агар таҷриди маҳз доштам, наметавонистам улгу ва сармашқи халоиқ бошам. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1044)

Чун зи иллат вораҳидӣ, эй раҳин,

Сиркаро мезору мехур ангубин.

Эй, ки гирифтори беморӣ ҳастӣ, ҳамин ки аз доми беморӣ раҳидӣ, сиркаро раҳо кун ва асал хӯр.

Нукта: Дар инҷо сирка киноя аз сифоти башарӣ ва авсофи моддӣ аст ва манзур аз ангубин авсофи руҳонӣ. (Ҳамон манбаъ, с.1045)

Тахти дил маъмур шуд пок аз ҳаво,

Бин ки “Арраҳмон алал-арш иставо”.

Вақте ки тахтгоҳи дил аз ҳаво пок шуд, Ҳақ Таъоло бар он дил такя занад.

Нукта: Мисроъи дуввум ишора аст ба ояти 5 сураи Тоҳо:

الرَّحْمَنُ عَلَى الْعَرْشِ اسْتَوَى

Худованди Раҳмон бар арш муставлӣ аст.”

Ҳукм бар дил баъд аз ин бевосита

Ҳақ кунад, чун ёфт дил ин робита.

Пас аз ин, Ҳақ Таъоло бевосита бар дил ҳукм мекунад, албатта ба шарти он ки дил ин робитаро пайдо кунад.

Нукта: Пас аз он ки тахтгоҳи дил аз палидӣ ва ҳаво пок шуд ва ба маорифи илоҳӣ обод гардид, Ҳақ Таъоло бевосита бар он дил ҳукумат мекунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1045)

Ин сухан поён надорад, Зайд ку?

То диҳам пандаш, ки расвоӣ маҷӯ.

Ин сухан, ки асрору ҳақоиқи маънавиро бозгӯ мекунад, поёнпазир нест, Зайж куҷост? То ӯро панд диҳам ва ба ӯ бигӯям, ки ин қадр асрори ғайбро фош макун.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.