Достон ва ҳикоёт

Ду ҳикояти дарсомӯз

Дузд

Дар “Тазкиратул-авлиё” овардааст, ки дузде ба хонаи Аҳмади Хизравайҳ (аз урафои номдор) рафт ва бисёр бигашт, аммо чизе наёфт, ки қобили дуздӣ бошад. Хост, ки навмед бозгардад, ки ногаҳон Аҳмад ӯро садо зад ва гуфт:

— Эй ҷавон! Сатлро бардор ва аз чоҳ об бикаш ва вузӯ бисоз ва ба намоз машғул шав, то агар чизе аз роҳ расид, ба ту бидиҳам; мабод, ки ту аз ин хона бо дастони холӣ берун равӣ!

Дузди ҷавон обе аз чоҳ берун даровард, вузӯ сохт ва намоз хонд. Рӯз шуд. Касе дари хонаи Аҳмадро зад. Дохил омад ва 150 динор назди шайх гузошт ва гуфт:

— Ин ҳадия ба ҷаноби шайх аст.

Аҳмад рӯ ба дузд кард ва гуфт:

— Динорҳоро бардор ва бирав. Ин подоши як шабест, ки дар он намоз хондӣ.

Ҳоли дузд дигаргун шуд ва ларза бар аъзояш афтод. Гирён ба шайх наздик‏тар шуд ва гуфт:

— То кунун ба роҳи хато ме‏рафтам. Як шабро барои Худо гузарондам ва намоз хондам, Худованд маро инчунин икром кард ва бениёз сохт. Маро бипазир, то назди ту бошам ва роҳи савоб (дурустӣ)-ро биёмӯзам.

Кисаи зарро баргардонд ва аз муридони шайх Аҳмад гашт.

(Тазкиратул-авлиё, с.351)

* * *

Садчандон, ки доноро аз нодон нафрат аст, нодонро аз доно ваҳшат

Саъдӣ дар ҳикояте дар “Гулистон” овардааст:

Тӯтиеро бо зоғе дар қафас карданд ва (тӯтӣ) аз қубҳи (зиштии) мушоҳидаи ӯ муҷоҳида (ранҷ) мебурду мегуфт:

— Ин чӣ талъати (чеҳраи) макрӯҳ (нописанд) асту ҳайати мамқут (нафратангез) ва манзари малъуну шамоили номавзун?

یا غُرابَ البَینِ یا لَیتَ بَینی وبَیْنَکَ بُعدَ المَشرِقَینِ

(Тарҷума: Эй зоғи шум! Кош фосила миёни ману ту мисли фосилаи шарқ то ғарб буд.)

Алассабоҳ ба рӯйи ту ҳар кӣ бархезад,

Сабоҳи рӯзи саломат бар ӯ масо бошад.

Бадахтаре чу ту дар сӯҳбати ту боястӣ,

Вале чунин, ки туӣ, дар ҷаҳон куҷо бошад?

(Масо: бегоҳӣ)

Аҷабтар он, ки ғуроб (зоғ) аз муҷоварати (ҳамсоягии) тӯтӣ ҳам ба ҷон омада буду малул шуда, лоҳавлкунон аз гардиши гетӣ ҳаменолид ва дастҳои тағобун бар якдигар ҳамемолид, ки ин чӣ бахти нигун асту толеъи дун ва айёми бӯқаламун? Лоиқи қадри ман он астӣ, ки бо зоғе ба девори боғе — бар хиромон ҳамерафтаме!

Порсоро бас ин қадар зиндон,

Ки бувад ҳамтавилаи риндон.

Бале, то чӣ гунаҳ кардам, ки рӯзгорам ба ъуқубати он дар силки сӯҳбати чунин аблаҳи худрой, ноҷинси хирадарой ба чунин банди бало мубтало гардонидааст?!

Кас наёяд ба пойи деворе,

Ки бар он суратат нигор кунанд.

Гар туро дар биҳишт бошад ҷой,

Дигарон дӯзах ихтиёр кунанд.

Ин зарбулмасал бад-он овардам, то бидонӣ, ки садчандон, ки доноро аз нодон нафрат аст, нодонро аз доно ваҳшат, бал бештар:

Зоҳиде дар самоъи риндон буд,

З-он миён гуфт шоҳиде балхӣ:

“Гар малулӣ зи мо, туруш манишин,

Ки ту ҳам дар миёни мо талхӣ!”

* * *

Ҷамъе чу гулу лола ба ҳам пайваста,

Ту ҳезуми хушк дар миёнӣ руста.

Чун бод мухолифу чу сармо нохуш,

Чун барф нишастаию чун ях баста.

(Саъдӣ, Гулистон)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.