Фалсафа

“Метафизика” // Вақте як фаҳми ғалат ҳамаро зеру рӯ мекунад

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯза вақте вожаи “метафизика” ба кор бурда мешавад, зеҳнҳо фавран ба сӯи Худо, олами охират, олами арвоҳ ва фариштаҳо ва хулоса, ҳар чи моддӣ нест, меравад. Ва аз мафҳуми “метафизика” ҳам — ки ба арабӣ “мобаъдуттабиа” тарҷима шудааст – ағлаб чунон тасаввур мекунанд, ки “мобаъди табиат” яъне “он чи аз қаламрави табиат ва модда берун аст”. Оё ин тасаввур дуруст аст? Дар ин мақола ба баррасии ин масъала ва посух ба ин пурсиш хоҳем пардохт.

1) Лозим ба ёдоварӣ аст, ки вожаи “метафизика” — ки вожае юнонист — ба маънои “он чи баъд аз табиат (физика) аст” мебошад. Аммо суоли аслӣ ин аст, ки манзур аз “он чи баъд аз табиат (физика) аст” яъне чӣ? Оё воқеан мурод аз он, чунонки гумон меравад, олами Худо, фариштаҳо ва арвоҳ ва муҷаррадот яъне ҳар чи моддӣ нест мебошад? Ё манзур чизе дигар аст? Барои фаҳми ин матлаб, бояд нигоҳе андохт ба баҳсҳое, ки Арасту дар фалсафааш матраҳ карда; баҳсҳое, ки баъд аз ӯ, дигарон дар як доиратулмаориф гирд овардаанд.

Ибтидо ёдоварии ин нукта лозим аст, ки корбуди вожаи “фалсафа” дар имрӯз (яъне аз қарнҳои 17-18 ба баъд ва то ба имрӯз), ғайр аз корбурди он дар қадим яъне дар Юнони бостон мебошад. Дар гузашта вожаи “фалсафа” баробар буд бо вожаи илм, кулли илм. Аммо имрӯза ин вожа фақат барои як илми махсус ба кор меравад. Дар қадим вақте ба касе файласуф гуфта мешуд, ин бад-он маъно буд, ки тараф олими ҳамаи илмҳо ва донишҳое аст, ки дар замонаш роиҷ буда.

2) Бо таваҷҷӯҳ ба он чи дар боло арз шуд, фалсафаи Арасту шомили ҳамаи илмҳо ва донишҳои замонаш буд. Ӯ дониши башариро ба се бахши асосӣ: фалсафаи назарӣ, фалсафаи амалӣ ва фалсафаи адабӣ тақсим мекунад.

Фалсафаи назариро низ ба се бахш тақсим мекунад:

  1. фалсафаи табиӣ (физика);
  2. фалсафаи риёзӣ (албатта Арасту ба риёзиёт хеле напардохта);
  3. метафизика (мобаъди табиат).

Ва фалсафаи амалиро ба се бахш тақсим мекунад:

  1. ахлоқ;
  2. тадбири манзил;
  3. кишвардорӣ (яъне илми сиёсат).

Фалсафаи адабӣ ҳам шомили фаннҳое чун шеър, адабиёт, суханронӣ буд.

3) Баҳси мо дар ин мақола, бахши севвум аз фалсафаи назарии Арасту аст, яъне метафизика. Арасту, бар хилофи дигар бахшҳо, ҳеч номе рӯйи ин илм нагузошта буд. Ва ҳамон тавр ки дар боло зикр гардид, осори Арастуро баъд аз ӯ дигарон дар як доиратулмаъориф ҷамъ карданд. Ин бахш ва ин илм, аз назари тартиб, баъд аз бахши фалсафаи табиӣ (физика) қарор гирифт ва чун номи махсус надошт, ба “метафизика” яъне “баъд аз физика” маъруф шуд.

Кам-кам фаромӯш шуд, ки ин ном (метафизика) ба он ҷиҳат ба ин илм дода шуда, ки дар китоби Арасту аз назари тартиб баъд аз фалсафаи табиӣ (ё табииёт, ки ҳамон физика аст) қарор гирифтааст. Ва рафта-рафта чунин гумон рафт, ки ин ном аз он ҷиҳат ба ин илм дода шуда, ки масоиле мисли муҷаррадот, ки дар он матраҳ шудааст, хориҷ аз табиатанд.

Ин иштибоҳи лафзӣ баъдҳо дар миёни бархе аз файласуфнамоҳои ҷадид мунҷар ба як иштибоҳи фоҳиш шуд. Гурӯҳи зиёде аз урупоиён калимаи “мобаъдуттабиа”-ро мусовӣ бо “мовароуттабиа” пиндоштанд ва гумон карданд, ки мавзӯи ин илм умуре аст, ки хориҷ аз табиатанд. Ва ин дар ҳоле аст, ки – ва дар поён тавзеҳи бештаре хоҳем дод — мавзӯи ин илм шомили табиат ҳам мешавад, зеро мавзӯяш “вуҷуд” аст.

Инак, барои равшан шудани матлаб тавзеҳи бештаре хоҳем дод.

4) Ин бахш, ки аз назари тартиб дар осори Арасту баъд аз фалсафаи табиӣ қарор гирифт, илме аст, ки дар он, аз ин ё он мавҷуди хосс баҳс намешавад, яъне сифатҳо, вижагиҳо ва ҳолатҳои хосси мавҷудот ва ё дастае аз сифатҳои хосси мавҷудот мавриди ковиш ва баррасӣ қарор намегирад, балки аз худи “будан” ва аҳкоми он гуфтугӯ мекунад.

Ба сухани дигар, мобаъди табиат ё ҳамон метафизика, яъне ҳастишиносӣ (онтология). Ба сухани дигар, метафизика на инсоншиносӣ аст, на ҷонваршиносӣ, на гиёҳшиносӣ, на ситорашиносӣ ва на ҳатто Худошиносӣ ва монанди он, балки метафизика нигаришест ба “ҳастӣ” пеш аз он ки дар қолабе рехта шавад. Ҷонваршиносӣ илмест мутаъаллиқ ба ҷонварон, яъне ҳастиҳои ҷондор ва ҳар чӣ берун аз ҷондор бимонад, аз ҷонваршиносӣ ҳам берун мемонад. Гиёҳшиносӣ низ ба ғайри гиёҳон намепардозад, ҳамчунин ҳар илми дигар.

Ҳеч кадом аз ин улум ба худи “ҳастӣ” намепардозад, балки бо “ҳастиҳои хосс ва қолабгирифта” сару кор дорад. Вақте ҳастӣ ҷомаи гиёҳ мепӯшад, гиёҳшинос ба суроғаш меравад, вақте ҷомаи ҷонвар ба тан мекунад, ҷонваршинос ба он мепардозад, вақте ҳам ки шакли адад пайдо кунад, риёзидон (математик) аз он сухан мекунад.

Аммо ҳанӯз ҳастӣ ҷомае бар тан накарда бошад ва урёну озод аз ҳар қолабу шакле дар назар гирифта шавад, чӣ касе аз он хабар хоҳад гирифт ва чӣ касе аз он сухан хоҳад кард? Метафизик, яъне ҳастишинос.

Ва ба иборати беҳтар, гиёҳшинос аз сифатҳо ва вижагиҳои гиёҳон ва қонунҳои ҳоким бар рушду рафтори он ковиш мекунад ва риёзидон аз ададҳо ва муъодилот ва шаклҳои ҳандасӣ ва робитаҳои гуногуни шаклҳо ва ададҳо ҷустуҷӯ мекунад. Аммо метафизик ё ҳастишинос, дар аҳком ва вижагиҳои “ҳастӣ” таҳқиқу таъаммул мекунад ва ба ёфтан ва табйини онҳо мепардозад.

Аз ин рӯ, мавзӯи мобаъди табиат “ҳастии мутлақ” аст; чунон ки масалан мавзӯи шимӣ “аносур” (элементҳо) ва мавзӯи зистшиносӣ “мавҷуди ҷондор” аст.

Ҳол, аз ин тавзеҳот ду нуктаи муҳим равшан мешавад:

а) Мобаъди табиат ё метафизика маърифат аст, на ҷаҳон, яъне мобаъди табиат ба маънои моварои табиат нест. Мобаъди табиат донишест, ки аз манзари баланд маҷмӯи ҳастиро наззора мекунад ва робитаҳо ва аҳкоми онҳоро тавсифу тафсир мекунад.

б) Мобаъди табиат ба таври яксон, ҳам ба мавҷудоти маҳсус ва табиӣ таъаллуқ мегирад, ҳам ба мавҷудоти номаҳсус ва моварои табиӣ. Мобаъди табиат мунҳасир ба дониши шинохти мавҷудоти моварои табиӣ наст, балки чун ба маҷмӯи ҳастӣ таъаллуқ дорад ва аҳкоми вуҷудро шиносоӣ мекунад, ҳар ҷо пойи ҳастӣ боз шавад ва вуҷуд ҳар ҷома ва қолабе ба худ бигирад ва ба ҳар сурате таҷаллӣ намояд (холиқ ё махлуқ, иллат ё маълул, табиӣ ё моварои табиӣ, ҳодис ё қадим, инсон ё ҷамод, фаришта ё ҳайвон, замон, макон, басит, мураккаб, билқувва, билфеъл, собит, мутағайир ва дигару дигар) мобаъди табиат дар он ҷо сухан ва ҳукме дорад.

Сухани Абӯалӣ ибни Сино (р) дар китоби “Шифо” дар ин маврид бисёр равшангар аст. Ӯ мегӯяд, ба ин маърифат, ҳам дониши “моқабли табиат” метавон гуфт ва ҳам “мобаъди табиат”. Моқабли табиат аст, ба ин хотир, ки ба ҳастӣ таъаллуқ мегирад, вақте ки озод аз қайди табиист. Ва мобаъди табиат аст ба хотири ин ки донишомӯз барои шинохтани ҳастӣ, ибтидо аз шинохти табиат оғоз мекунад ва пас аз омодагии зеҳнӣ ва ошноӣ бо ҳастиҳои табиат, ба шинохти ҳастии урён мепардозад.

Аз ин рӯ, дар ҳамин ҷаҳони маҳсус ва табиӣ ва дар бораи ҳар падидаи моддӣ ду гуна тавсиф ва тафсир метавон дошт: яке тафсири илмӣ, дигарӣ тафсири метафизикӣ.

Тафсири илмӣ ба хусусиятҳои падида дар дохили марзҳои хосси он мепардозад, дар ҳоле ки тафсири метафизикӣ ба тафсири ҳамон падида аз назари ҷойгоҳи он дар маҷмӯи ҳастӣ. Масалан: қитъаи хокеро дар назар бигиред ва ҳадду андозаи он ва сохтмони шимиёӣ ва физикии онро баррасӣ кунед, ин як баррасии илмӣ аст. Аммо ба ҳамин қитъаи хок зимни як тасвири бузургтар ва фарогиртар назар афканед, биёбонеро дар назар оваред, бо теппаҳо ва доманаҳо ва ин қитъаи хокро дар ин маҷмӯа аз назари огоҳии баланд наззора кунед, тасвири дигар аз он хоҳед дошт. Ин дуввумӣ аст, ки то ҳудуде ба биниши метафизикӣ монанд аст.

* * *

Манобеъи таҳқиқ:

Маҷмӯаи осори Арасту (форсӣ).

“Шифо”, таълифи Абӯалӣ ибни Сино.

Таърихи фалсафаи Ғарб, таълифи Бертронд Росел (тарчимаи форсӣ).

“Илм чист? Фалсафа чист?”, таълифи дуктур Абдулкарими Суруш.

“Усули фалсафа ва равиши реализм”, таълифи Муртазо Мутаҳҳарӣ.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.