Достон ва ҳикоёт

Муш ва сирри Худо

Дар “Асрори тавҳид” аст, ки рӯзе яке назди шайх Абӯсаъиди Абулхайр (аз урафо ва сӯфияи маъруф) омад ва гуфт:

— Эй шайх! Омадаам, то аз асрори Ҳақ чизе ба ман биёмӯзӣ.

Шайх гуфт:

— Бозгард то фардо.

Он мард бозгашт. Шайх ба муридонаш бифармуд, то муше бигирифтанд ва дар ҷаъба бикарданд ва сари он ҷаъба муҳкам бибастанд. Дигар рӯз он мард боз омад ва гуфт:

— Эй шайх! Он чи дирӯз ваъда кардӣ, имрӯз ба ҷой орӣ.

Шайх фармон дод, ки он ҷаъбаро ба вай диҳанд. Сипас гуфт:

— Мабодо, ки сари ин ҷаъба боз кунӣ!

Мард ҷаъбаро баргирифт ва ба хона рафт. Дар хона сабр натавонист кард ва бо худ гуфт: оё дар ин ҷаъба чӣ сирре аз асрори Худост?

Ҳарчанд кӯшид, натавонист, ки сари ҷаъбаро боз накунад. Чун сари ҷаъбаро боз кард, муше берун ҷаст ва бирафт.

Мард пеши шайх омад ва гуфт:

— Эй шайх! Ман аз ту сирри Худой Таъоло ‏хостам, ту муше ба ман додӣ?!

Шайх гуфт:

— Эй дарвеш! Мо муше дар ҷаъба ба ту додем, ту пинҳон натавонистӣ кард, сирри Худойро чӣ гуна бо ту бигӯям?

(Асрори тавҳид, с.213, бо андаке тағйир дар алфоз)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.