Достон ва ҳикоёт

Чаҳор ҳикояти омӯзанда

Қуръон ва Наполеон

Як китоб ҳаст ба номи “Достонҳои сураи Ҳамд” таълифи Алӣ Мирхалафзода, китоби гаронмояе аст. Муаллиф дар ин китоб достонҳо ва ҳикоятҳои марбут ба сураи Ҳамд ва гоҳе достонҳое дар бораи Қуръонро гирд оварда, аз ҳар манбаъ ва маъхазе. Як достон оварда ба нақл аз як нависандаи мисрӣ, ки достони бисёр ҷолиб аст.

Мегӯяд, Наполеон замоне ки пояш ба Миср расид, гаҳ-гоҳе ба ҳамроҳи мутарҷимаш ба китобхонаи бузурги Қоҳира меомад ва аз мутарҷим мехост Қуръонро барояш тарҷума кунад, ҳар рӯз чанд сафҳаро.

Наполеон пас аз мутолеаи кулли Қуръон, ду ҷумла гуфт. Яке он ки гуфт: “Ман аз ин китоб истифода кардам ва ин тавр эҳсос намудам, ки агар мусалмонон аз дастуроти ин китоб истифода кунанд, ҳаргиз хору залил нахоҳанд шуд.

Ва ҷумлаи дигари ӯ ин буд, ки гуфт: “То замоне ки Қуръон дар байни мусалмонон ҳукумат кунад ва дар партави таъолими он зиндагӣ кунанд, ҳаргиз таслими мо нахоҳанд шуд, магар ин ки мо, байни онҳо ва Қуръон ҷудоӣ биафканем.”

* * *

Ҳозирҷавобии Хоҷа Насир

Дар “Қасасул-уламо” нақл шудааст, ки: вақте модари Ҳалокухони муғул аз дунё рафт, яке аз дарбориёнаш, ки нисбат ба Хоҷа Насир ҳасодат меварзид, ба Ҳалокухон, ки тоза мусалмон шуда буд гуфт:

— Дар қабр Накиру Мункар аз эътиқодот ва аъмоли одамиён суол мекунанд ва модари шумо бесавод аст ва аз ҷавоб додан оҷиз, хуб аст, ки Хоҷа Насируддини Тӯcиро дар қабр ҳамроҳи ӯ кунӣ, ки ба ҷойи модарат ҷавоби Накиру Мункарро бигӯяд.

Хоҷа Насир, ки ҳила ва тарфанди он дарбориро ёфта буд, фавран ба Ҳалокухон гуфт:

— Эшон рост мегӯяд, аммо суоли Накиру Мункар барои ҳама аст ва аз худи шумо ҳам суол мешавад. Хуб аст маро барои қабри худ нигаҳ доред ва ин дарбориро ҳамроҳи модари худ дар қабр кунед, то ба суолҳои модаратон ҷавоб гӯяд.

* * *

Ғизои халифа

Рӯзе дар маҷлиси Ҳорунаррашид (панҷумин халифаи аббосӣ ), ки ҷамъе аз ашроф ҳозир буданд, сӯҳбат аз Баҳлул ва девонагии ӯ шуд. Ҳангоми хӯрдани ғизо, суфраи салтанатӣ паҳн шуд, як зарф ғизои махсус дар ҷилави Ҳорун гузоштанд. Ҳорун ғизои худро ба яке аз ғуломон дод ва гуфт:

— Ин ғизоро барои Баҳлул бибар! (То шояд Баҳлулро ҷазби худ кунад.)

Вақте ғулом ғизоро назди Баҳлул, ки дар харобае нишаста буд гузошт, дид чанд саг дар он сӯй машғули хӯрдани лошаи улоғе ҳастанд. Баҳлул ғизоро қабул накард ва ба ғулом гуфт:

— Ин ғизоро назди он сагҳо бигузор!

Ғулом гуфт:

— Ин ғизои махсуси халифа буд ва ба эҳтироми ту бароят фиристод, тавҳин ба мақоми халифа накун!

Баҳлул гуфт:

— Оҳиста сухан бигӯ, ки агар сагҳо ҳам бифаҳманд, аз ин ғизо намехӯранд, (зеро ки амволи дар тасарруфи халифа буда ҳалолу ҳаромаш маълум нест.)

(Ҳикоятҳои шуниданӣ, 1/120)

* * *

Васияти саг

Дар “Анворун-нуъмония” омадааст: Гӯянд, саги галлае бимурд. Чун соҳибаш хеле дӯсташ дошт, ӯро дар яке аз мақобири муслимин дафн кард. Хабар ба қозии шаҳр расид. Дастур дод, ӯро эҳзор кунанд ва бисӯзонанд. Зеро ӯ саги худро дар қабристони мусалмонон ба хок супурдааст. Вақте ӯро дастгир карданд ва назди қозӣ оварданд, гуфт:

— Эй қозӣ! Ин саг васияте карда, ки мехоҳам ба шумо арз кунам, то бар зиммаи ман чизе боқӣ намонад.

Қозӣ пурсид:

— Васият чист?

Он мард гуфт:

— Ҳангоме ки саг дар ҳоли марг буд, ба ӯ ишора кардам, ки ҳамаи ин гӯсфандон аз они туст. Пас васият кун, ки онҳоро ба чӣ касе бидиҳам. Саг ба хонаи шумо, ки қозии шаҳр ҳастед ишора кард. Инак, галлаи гӯсфандон ҳозир ва омода ва дар ихтиёри шумост.

Қозӣ бо таассуру таассуф гуфт:

— Иллати фавти марҳуми саг чӣ буд? Оё ба чизи дигаре васият накард? Худованд ба неъматҳои ухравӣ бар ӯ миннат ниҳад ва ту низ ба саломат бирав! Чунончи он марҳум васоёи дигаре дошт, моро огоҳ гардон, то ба он амал кунем.

Ба ин тартиб чӯпон аз марг наҷот ёфт.

(Анворун-нуъмония, с.421)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.