Дидгоҳ

Ҷавоби бардоштҳои Бобоёров аз баҳсҳои тафсирӣ

Ба қалами Маҳмудхон Бурҳонов

Ҷаноби Ҳафиз Бобоёров нақде бар баёноти Истаравшанӣ дар тафсири оятҳое аз сураи Мӯъминун намуда, онро дар сафҳаи шахсии худ дар Фейсбук нашр намуданд.

Ҳамон тавре ки аз унвони баҳси Истаравшанӣ пайдост, ин баҳси эшон яке аз силсиладарсҳои тафсири Қуръони Карим мебошад. Яъне, эшон дар ин силсиладарсҳо, дар садади баёну тавзеҳи оятҳое аз Қуръони Карим ҳастанд, на дар мақоми баёни назари шахсии худ роҷеъ ба ин ё он масъалаи илмӣ, ё мавзӯи сиёсӣ. Бинобар ин, нақду эроди матолибе, ки дар ин баҳс баён шуда, аз ду ҳолат хориҷ нест:

а) ё аз назари мунтақиди мӯҳтарам, бардоштҳои гӯянда аз Қуръони Карим нодуруст аст, ки дар ин сурат, мунтақиди мӯҳтарам мебоист бо санаду далел исбот намояд ва нишон диҳад, ки дар ин ҷо ё он ҷо бардоштҳои гӯянда бо матни китоб (Қуръони Карим) созгорӣ надорад;

б) ё ин ки эроди мунтақид ба бардошти гӯянда аз матни китоб нест, балки ба асли матн аст. Яъне ӯ бардошти гӯянда аз Қуръони Каримро нодуруст намешуморад ва асосан эътиное ба он надорад, балки назари Қуръонро дар ин мавзӯъ нодуруст мешуморад.

Ва аз он ҷое, ки ҷаноби Бобоёров дар ин нақди худ, ҳеч далелу санаде бар нодурустии бардошти Истаравшанӣ аз матни Қуръон наёварда, пас маълум мешавад, ки аз назари эшон худи матн ва назари Қуръон дар ин мавзӯъ, хато ва нодуруст аст.

Ҷаноби Бобоёров баъд аз тавзеҳоте дар бораи баёноти Истаравшанӣ, чунин хулоса гирифта менависад:

Истаравшанӣ чанд фаҳмиши нодурустеро мехоҳад ташаккул диҳад:

Якум, “ашрофу сарватмандон бедин ҳастанд.”

Дуюм, “бедин ҳатман бетақво, яъне бадахлоқ, золим ва ҳаромхӯр аст.”

Сеюм, “бедин дину Худоро ба хотири эътиқод ва маърифаташ не, балки ба хотири кайфу сафои моддӣ инкор мекунад.”

Ҳоло ин се бардошти ғалатро тавзеҳ бидиҳам:

1) “Ашрофу сарватмандон бедин ҳастанд.”

Ин бардошти эшон дар ҳолест, ки Истаравшанӣ дар ҳамин дарс ба сароҳат баён медорад, ки аз назари Қуръони Карим, инкори паёмбарон иллатҳои зиёде дорад, ки бебандубории табақаи ашроф ва баҳрамандон, яке аз иллатҳои муҳимми он аст. Касоне, ки ба навор муроҷеа кунанд ва гӯш диҳанд, эшон аввал мегӯяд, иллати умда аз назари Қуръони Карим ин аст, ки мункирон ҳар чи мегӯянд ва иброз медоранд, мубтанӣ бар “занн” (гумон) аст, на яқин ва қатъ. Сипас мегӯянд, яке дигар аз иллатҳо, ки ин сура онро бозгӯ мекунад, ғӯтавар будан дар лазоизи дунёст. Ба сухани дигар, Қуръони Карим яке аз иллатҳои инкори паёмбаронро худхоҳӣ ва бебандубории табақаи ашроф ва баҳрамандони он ҷавомеъ баршумурдааст, на тамоми иллат. (Диққат шавад!)

Ин куҷову натиҷаи ҷаноби Бобоёров куҷо?

Барои огоҳон ҳувайдост, ки ин як қазияи хориҷия аст, яъне ҳикоят аз бархӯрди табақаи ашроф бо паёмбарон мекунад. Вале ин ҷумлаи ҷаноби Бобоёров: “ашрофу сарватмандон бедин ҳастанд”, баёни як ҳукми куллӣ аст. Ҳоло эшон чӣ гуна аз як қазияи хориҷия, як ҳукми куллиро интинбот намудааст, худаш медонад. Зеро ҳамон тавре ки ҳатман худи эшон ҳам ба далели тахассусаш хуб медонад, як ё ҳатто чандин қазияи хориҷӣ, ҳаргиз натиҷаи куллӣ намедиҳад.

Ин як мағлатаи ошкор аст. Ин дақиқан мисли он мемонад, ки касе бо мутолеаи таърихи ҳокимони гузаштаи сарзамини мо, ки ҳама қазияҳои хориҷӣ мебошанд, чунин натиҷа бигирад, ки пас ҳокимон ҳама турктаборанд. Зеро Ғазнавиён, Хоразмшоҳиён, Темуриён, Қарахониён, Шайбониён ва Манғитиён ҳама турктабор ё муғулнажоданд.

2) “Бедин ҳатман бетақво, яъне бадахлоқ, золим ва ҳаромхӯр аст.”

Ин натиҷагирии ҷаноби Бобоёров ҳам, дақиқан мисли натиҷагирии аввали эшон, истинботи як ҳукми куллӣ аз чанд қазияи хориҷӣ мебошад.

Зеро пурравшан аст, ки дар баҳси Истаравшанӣ, сӯҳбат аз бархӯрди табақаи ашроф бо паёмбарон меравад. Яъне Қуръони Карим дар ин чанд оят ва оятҳои мушобеҳи дигар, дар садади баёни фасоди табақаи ашроф дар он даврон аст, ки ҳамин фасод ва бадахлоқии онҳо монеъ аз пазириши даъвати паёмбарон гаштааст. Ба иборати дигар, Қуръони Карим бо баёни ин матлаб, дорад ба мухотабони худ ҳушдор медиҳад, ки мабодо гирифтори фасод ва бадахлоқӣ гардед, ки фасоди ахлоқӣ боис мешавад, ки инсон дидаву дониста динро инкор намояд.

Ин ба он маъно нест, ки иллати инкори дин фақат фасоди ахлоқӣ бошад, то битавон чунин натиҷае аз он гирифт, ки пас “бедин ҳатман бадахлоқ… аст.” Ба қавли маъруф: “Ҳар гирдуе гирд аст, вале ҳар гирде гирду нест.”

3) “Бедин дину Худоро ба хотири эътиқод ва маърифаташ не, балки ба хотири кайфу сафои моддӣ инкор мекунад.”

Дар воқеъ ин натиҷаи сеюм, иборати дигаре аз ҳамон натиҷаи дуввум аст. Яъне, матлаби тозае ғайр аз матлаби дуввум набуд, ки ба унвони натиҷаи севвум зикр гардад.

Зеро паёмбарон ҳаргиз мардумро аз ҳама навъи лаззати дунявӣ манъ намекарданд, балки фақат аз лаззатҳои ҳаром ва бебандуборӣ манъ мекарданд. Ва ин яъне ҳамон парҳезкор будан, тақво пеша кардан ва беқайду банд набудан.

Ва аммо бақияи сӯҳбатҳои ҷаноби Бобоёров, берун аз аз мавзӯи баҳс буда ва навъе суистифодаи сиёсӣ аз як баҳси комилан фарҳангӣ аст, ки ба эътиқоди ман, суистифода дар шаъни эшон нест.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.