Достон ва ҳикоёт

Достони Ҷоҳиз ва як зан

Ҷоҳиз (Абӯусмон Амр ибни Баҳр, 775-868) яке аз наводири рӯзгор буд, ӯ адибе тавоно, хушсухан ва донишманди барҷастае аст. Аммо чеҳрааш бисёр зишт буд, ба ҳадде ки шоири араб дар бораи ӯ гуфта:

لو یمسخ الخنزیر مسخا ثانیا ما كان الادون قبح الجاحظ

Яъне, “агар хук дубора масх шавад, зишттар аз зиштии Ҷоҳиз нахоҳад шуд, балки Ҷоҳиз зиштрӯтар аз ӯст”.

Рӯзе Ҷоҳиз ба шогирдонаш гуфт: Маро шармгин насохт магар як зане, ки боре маро пеши заргар бурд ва ба заргар гуфт: мисли ҳамин! Аз суханони вай ҳайрон мондам. Вақте он зан рафт, аз заргар пурсидам: Ӯ чӣ гуфт?

Заргар гуфт: Аз ман хост, то сурати як ҷиннро барои ӯ ҳаккокӣ ва заргарӣ кунам, гуфтам, намедонам сурати ҷинн ба чӣ шаклест, аз ин рӯ туро пеши ман овард, то монанди ту барояш тасвир кунам.

Хуб, ин ҳам аз чеҳраи ин ҳакими тавоно. Ҳоло достони мо дар бораи чизе дигар аст.

Боре, як зани бисёр зебо пеши Ҷоҳиз омад ва ба ӯ гуфт:

— Эй Абӯусмон! Назарат чист, агар бо ҳам издивоҷ кунем?!

Ҷоҳиз гуфт:

— Шӯхӣ мекунӣ? Чӣ чиз боис шуд, ки ин пешниҳодро ба ман бидиҳӣ?

Он зан гуфт:

— Бибин, ту, бо ин ки сурате зишт дорӣ, вале инсоне бисёр боҳушу нобиғае ҳастӣ, ва ман, бо он ки бисёр зебову хушсимо ҳастам, аммо аз ҳушу заковат бебаҳраам ба ҳадде, ки мардум аҳмақу аблаҳам медонанд. Ҳол, ба назарам расид, агар мо бо ҳам издивоҷ кунем, фарзанде аз мо мутаваллид шавад, ки сураташ мисли сурати ман ва ҳушу заковаташ мисли ҳушу заковати ту гардад.

Ҷоҳиз билофосила ҷавоб дод:

— Хуб, эҳтимол дорад фарзанде, ки аз ману ту мутаваллид мешавад, сурату чеҳраро аз ман ба ирс бибарад ва балоҳату ҳамоқатро ҳам аз ту. Он вақт чӣ уъҷубае хоҳад шуд он фарзанд!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.