Фалсафа

Оё олами ҳастӣ оғозе дорад?

Ба қалами Маҳмудхон Бурҳонов

Бемаънитарин суоле, ки дар тӯли таърихи тафаккури башар зеҳни бархеро бо худ машғул карда, суол аз кай пайдо шудани олами ҳастӣ аст.

Ва бемаънитар аз он посухест, ки барои пайдоиши олами ҳастӣ замон муайян кардааст.

Маҳмудхон Бурҳонов, коршиноси аршади фалсафа

Хеле аҷиб аст, ки на суолдиҳандагон ва на посухгӯяндагон ба ин нуктаи бисёр сода аслан таваҷҷӯҳ накардаанд, ки замон худ зоидаи падидаҳои моддӣ аст. Пас чӣ гуна метавон барои пайдоиши ин олам замоне қоил шуд?

Яъне агар ин олам ва падидаҳои моддӣ набошад, замоне ҳам нахоҳад буд, ҳамон тавре ки маконе ҳам нахоҳад буд. Бинобар ин, хеле равшан аст, ки падидаҳои моддӣ дар як замоне пайдо нашудаанд, ҳамон гуна ки дар як маконе ҳам пайдо нашудаанд, балки баръакс мафҳуми замону макон аз он интизоъ шудааст.

Гузашта аз ҳамаи инҳо, асосан барои ҳастӣ (кулли ҳастӣ, чи моддӣ ва чи ғайримоддӣ) оғоз қоил шудан, худ як тасаввури мутаноқиз (противоречивый) аст. Зеро агар ҳастӣ оғозе дошта бошад, маънояш ин аст, ки қабл аз он нестӣ будааст. Магар ғайр аз ин аст? Дар ҳоле ки нестӣ, нест. Агар нестӣ нест, пас маълум мешавад, ки ҳастӣ ҳамеша ҳаст.

Ба ин матлаб бо таваҷҷӯҳ ба маънои Худо ҳам метавон пай бурд.

Худо ба чӣ маъност?

Ба маънои офаридгор ва зоте, ки оламро эҷод карда, яъне мабдаъ ва маншаи ҳастӣ.

Магар ғайр аз ин аст?

Агар чунин аст, касе ки мегӯяд, олами ҳастӣ замоне набуда ва сипас офарида шудааст, дар воқеъ нохудогоҳ гуфтааст, ки Худо замоне Худо набуда ва баъдан Худо шудааст. Зеро маънои Худо офаридгор аст ва агар Худо замоне намеофарида ва сипас ба офаридан оғоз карда, маънояш ин аст, ки Худо замоне худоӣ намекардааст.

Гузашта аз ин, асосан чӣ гуна метавон замоне тасаввур кард, агар Худо ҳанӯз ин оламро халқ накарда аст? Магар замон низ аз офаридаҳои Худо нест? Ё замон чизе берун аз ин олами хилқат аст? Вақте замон худ бахше аз олами хилқат бошад, чӣ гуна байни олам ва Худо фосила меандозад, то гуфта шавад, замоне буд, ки Худо оламро халқ накарда буд? Таноқузе болотар аз ин шунидаед?

Бинобар ин, нисбати олами хилқат ба Худои Мутаъол, монанди (барои тақриби зеҳн) нисбати нур ба хуршед аст, на нисбати сохтмон ба усто. Ҳамон тавре ки наметавон хуршедро бидуни нур тасаввур кард, ҳамин тавр наметавон Худоро ҳам бидуни хилқат тасаввур кард. Ҳамон тавре ки тасаввури хуршеди бидуни нур, дар воқеъ тасаввури хуршед нест, ҳамин тавр тасаввури Худои бидуни хилқат низ, дар воқеъ тасаввури Худо нест. Олами ҳастӣ ҳақиқатан офаридаи Худои Мутаъол аст, на ба сурати эътиборӣ. Яъне чунин нест, ки мисли усто Худои Мутаъол маводди тайёрро гирифта ва аз он сохтмони ин оламро сохта бошад. Худои Мутаъол ҳама чизи оламро халқ карда ва ҳар лаҳза халқ мекунад, ҳар лаҳза ин олам дар ҳоли халқ шудан аст. Офариниш асосан ҳеч шабоҳате ба сохту соз надорад. Офариниш аввалу охир надорад, ин олам ҳар лаҳза аз мақоми қудси илоҳӣ дар ҳоли офарида шудан аст, ҳамон тавре ки нур ҳар лаҳза аз манбаи худ дар ҳоли таровидан аст.

Бинобар ин аст, ки Қуръони Карим мегӯяд, ба сирфи иродаи Худованд ҳар чизе халқ мешавад ва ба сирфи иродаи ӯ ҳар чизе маҳв мешавад.

Решаи ин иштибоҳ

Решаи иштибоҳ он ҷост, ки мо чун дар зарфи замону макон қарор дорем, нохудогоҳ ҳама чизро бо ченаки замону макон месанҷем ва дар қолиби замону макон тасаввур мекунем. Ва дақиқан аз ҳамин ҷо мафҳуми «нестӣ» дар зеҳни мо ба вуҷуд меояд. Дар асл мафҳуми нестӣ як мафҳуми нисбӣ аст. Вақте мегӯем фалонӣ ё фалон чиз нест, яъне алъон нест, ё дар ин ҷо нест, ё ин гунаву он гуна нест.

Ба иборати дигар, ҳангоми муқоисаи ду чиз бо якдигар мафҳуми «нестӣ» дар зеҳни мо пайдо мешавад. Ё ду чизе, ки дар ду макон қарор дошта бо ҳам муқоиса кардаем, ё ду чизе, ки дар ду замон қарор дошта, ё ду чизе, ки дорои ду сифат будаанд ва ё ду чизе, ки дорои ду нисбат мебошанд.
Мисол: он ҷо нест, яъне ин ҷо ҳаст. Имрӯз нест, яъне дирӯз буд. Зард нест, яъне сурх ҳаст. Дур нест, яъне наздик ҳаст. Калон нест, яъне нисбат ба фалон чиз калон нест, аммо нисбат ба беҳмон чиз калон ҳаст ва монанди он.

Иштибоҳ аз он ҷо оғоз мешавад, ки зеҳни мо, дар асари унс бо ин падидаҳои ҷузъӣ ва нисбӣ ва бар сабили одат, меояд ва ин мафҳуми нисбии «нестӣ»-ро ба кулли олами ҳастӣ ҳам нисбат медиҳад. Ин ҷост, ки зеҳн аз ин мафҳуми нисбӣ, як мафҳуми мутлақ интизоъ мекунад ва онро ба сурати мустақил ба кор мебандад. Яъне кулли ҳастиро «нест» тасаввур мекунад ва мегӯяд: замоне ки ҳастӣ набуд кай буд?

Бидуни ин ки таваҷҷӯҳ кунад, ин мафҳум, яъне мафҳуми «нестӣ» аз муқоиса байни ду чиз ба вуҷуд омада ва як мафҳуми нисбӣ аст, яъне агар муқоисае байни ду чиз набошад, ин мафҳум ҳам худ ба худ дигар нахоҳад буд. Бинобар ин, тасаввури нестии мутлақ, як тасаввури мутаноқиз аст, яъне тасаввури он, баробар аст бо тасаввури нақиз ва хилофи он. Ба хотири он ки агар касе барои ҳастӣ оғоз ё анҷоме дар назар бигирад, яъне онро маҳдуд кардааст, яъне пеш аз ҳастӣ ва баъд аз ҳастӣ нестии мутлақ фарз кардааст. Дар ҳоле ки нестӣ, набояд бошад, вақте нестӣ нест, пас чӣ гуна ҳастиро маҳдуд мекунад?

Дар натиҷа ё нестӣ бояд бошад, то ҳастиро маҳдуд кунад, ки дар ин сурат табдил ба ҳастӣ шудааст, ки боз ба маънои беоғозу бепоён будани ҳастист ва ё нестӣ набояд бошад, ки боз ба маънои беоғозӣ ва бепоёнии ҳастӣ хоҳад буд.

Бинобар ин, суол аз кай пайдо шудани олами ҳастӣ, бемаънитарин суол аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.