Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (404)

Руҷӯъ ба ҳикояти Зайд (1)

* * *

Зайдро акнун наёбӣ, к-ӯ гурехт,

Ҷаст аз саффи ниъолу наъл рехт.

Инак, дигар Зайдро пайдо нахоҳӣ кард, зеро ки ӯ шитобон аз ҳитаи башарӣ гурехтааст ва ба он ҷаҳон рафтааст ва асаре аз ӯ барҷой намондааст ва гӯӣ ки дар ҳоли гурез аз ин ҷаҳон, кафши худро дар кафшкуни дунё боқӣ гузоштааст.

Саффи ниъол: поймочон, кафшкун. Наъл рехтан: киноя аз ба шитоб давидан.

Ту кӣ бошӣ? Зайд ҳам худро наёфт,

Ҳамчу ахтар, ки бар ӯ хуршед тофт.

Ту кистӣ, ки битавонӣ Зайдро пайдо кунӣ? Зеро худи Зайд ҳам худашро пайдо накард. Ӯ ҳамчун ситорае буд, ки хуршед бар ӯ тобид ва нопадиду маҳв шуд.

Нукта: Вақте ки Ҳақ ҷилва кунад, дигар вуҷуде барои толиб намемонад ва ҳарчи ҳаст, Ӯст. Зеро ки шамси ҳақиқат тобидан гирифта ва дигар ахтарону ситорагоне, ки нури вуҷуди худро аз ӯ гирифтаанд, зуҳуре надоранд, балки фонӣ ва маҳв дар Ӯ мешаванд. Ин мақомро “фано” гӯянд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1046) Мулло Ҳодӣ Сабзаворӣ гӯяд: “Пас он ҷо, ки қиёми ҳазрати Қайюм аст, Зайду Амр фонӣ аст. Чунонки ахтарон, ки дар шаб зуҳур доранд, чун хуршеди тобон тулӯъ кунад, вуҷуд доранд, вале зуҳур надоранд ва нур ба куллӣ мансуб ба хуршед аст…” (Шарҳи асрор, с.87-88)

На аз ӯ нақше биёбӣ, на нишон,

На каҳе ёбӣ на роҳи каҳкашон.

Аз Зайд на нақше меёбӣ ва на нишоне пайдо мекунӣ ва на коҳе дар роҳи каҳкашон меёбӣ. Яъне аз он роҳе, ки Зайд рафта ҳеч нишону аломате нахоҳӣ ёфт.

Шуд ҳавосу нутқи бо поёни мо

Маҳви илму дониши султони мо.

Ҳавосси зоҳирӣ ва ботинии мо ва қувваи нотиқаи мо маҳви нури илми султони мо шуд.

Нукта: Мавлоно дар инҷо аз ҳоли Зайд мутаваҷҷеҳи аҳволи урафо мешавад. Ҳамон тавр ки ҳастии Зайд дар тулӯъи хуршеди ҳақиқат маҳву фонӣ шуд, ҳамин тавр урафо вуҷуди худ ва авсофи башарии худро дар зоти Ҳақ маҳв мекунанд. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.192)

Ҳиссҳову ақлҳошон дар дарун,

Мавҷ дар мавҷи “ладайно муҳзарун”.

Ҳавосси онон дар дарун мавҷ дар мавҷ дар назди Худованд ҳозир аст, чунонки Ҳақ Таъоло фармудааст: “Онҳо дар назди мо ҳозиранд.”

Нукта: Ишора аст ба ояти 32 сураи Ёсин:

وَإِنْ كُلٌّ لَمَّا جَمِيعٌ لَدَيْنَا مُحْضَرُونَ

Ва касе нест аз эшон ҷуз он ки ҳамагиашон назди мо ҳозир шаванд.”

Чун шаб омад, боз вақти бор шуд,

Анҷуми пинҳоншуда бар кор шуд.

Ҳамин ки шаб фаро расад, боз вақти иҷоза додан шурӯъ мешавад ва ситорагони пинҳоншуда дубора зуҳур мекунанд. (Ҳамин тавр вақте хуршеди Ҳақ ниҳон шуд, солик дубора ба хеш меояд ва асиру бандии ҳавоссу идрокоти худ мешавад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1047))

Бор: рухсат ва иҷоза. Анҷум: ситорагон, ҷамъи наҷм.

Беҳушонро водиҳад Ҳақ ҳушҳо,

Ҳалқа-ҳалқа ҳалқаҳо дар гӯшҳо.

Ҳақ Таъоло ба онон, ки мадҳушу мустағрақ гаштаанд, дубора ҳушёрӣ медиҳад. Дар ҳоле, ки он ҳушҳо дар гӯши соҳибонаш ҳамчун ҳалқаҳоест ба ҳам пайваста.

Пойкӯбон, дастафшон дар сано,

Ноз-нозон: “раббано аҳйайтано”.

Ин мадҳушони мустағрақ дар он ҳангом ки аз ҳолати “маҳв” ба “саҳв” ва аз “фано” ба “бақо” меоянд, пойкӯбону дастафшон дар ҳоле ки ҳамду сано мегӯянд, бо фахру ноз изҳор медоранд: “Эй парвардигори мо! Моро зинда кардӣ.”

Нукта: Мисроъи дуввум ишора аст ба ояти 11 сураи Ғофир:

قَالُوا رَبَّنَا أَمَتَّنَا اثْنَتَيْنِ وَأَحْيَيْتَنَا اثْنَتَيْنِ

Гуфтанд: Моро дубор мирондӣ ва дубор зинда кардӣ…” Муфассирон ду маргу ду ҳаётро инчунин баршумурдаанд: 1. марги колбади унсурӣ; 2. ҳаёт ёфтан дар Барзах; 3. марги барзахӣ; 4. Ҳаёт дар қиёмат. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1047)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.