Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (405)

Руҷӯъ ба ҳикояти Зайд (2)

* * *

Он ҷулуду он ъизоми рехта

Форисон гашта, ғубор ангехта.

Мавлоно аз инҷо то чанд байти баъди дигар, масъалаи растохезро матраҳ мекунад ва мегӯяд: Пӯстҳо ва устухонҳои пӯсида ва рехташуда он гуна зинда мешаванд, ки саворон дар ҷунбу ҷӯши худ гарду ғубор меангезанд.

Ҷулуд: ҷамъи ҷилд ба маънои пӯст. Ъизом: ҷамъи ъазм ба маънои устухон. Форисон: саворон, ҷамъи форис.

Ҳамла оранд аз адам сӯйи вуҷуд,

Дар қиёмат, ҳам шакуру ҳам кануд.

Рӯзи растохез ҳамагон аз адам ба сӯйи арсаи вуҷуд мешитобанд, дар ҳоле ки бархе аз онон ситоишгаранд ва бархе носипос.

Шакур: бисёр шукргузор. Кануд: бисёр носипос.

Сар чӣ мепечӣ? Кунӣ нодидаӣ,

Дар адам з-аввал на сар печидаӣ?

Чаро саратро бармегардонӣ ва худро ба надидан мезанӣ? Яъне чаро аз растохез ва ҳаёти ҷовидони он ҷаҳон рӯй бармегардонӣ? Дар ҳоле ки дар адам ҳеч гуна эърозе накардӣ.

Нукта: Акбарободӣ мӯътақид аст, ки ин байт мутаваҷҷеҳи мункирони растохез ва ҳашр метавонад бошад. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.295)

Дар адам афшурда будӣ пойи хеш,

Ки маро кай барканад аз ҷойи хеш?

Дар олами адам пофишорӣ мекардӣ ва сахт истода будӣ, яъне бо забони ҳол мегуфтӣ: Чӣ касе метавонад маро аз адам ба вуҷуд биёварад?

Нукта: Дар сураи Исро, ояти 49 омадааст:

وَقَالُوا أَإِذَا كُنَّا عِظَامًا وَرُفَاتًا أَإِنَّا لَمَبْعُوثُونَ خَلْقًا جَدِيدًا

Ва мункирони рӯзи растохез гӯянд: Оё пас аз он, ки мо ба устухоне пӯсида ва унсуре хокӣ бадал шудем, дубора офариниши нав меёбем?

Менабинӣ сунъи раббонитро,

Ки кашид ӯ мӯйи пешонитро?

Оё ту офариниши раббониро намебинӣ, ки ҳазрати Ҳақ Таъоло аз мӯйи пешониат кашид ва туро ба олами вуҷуд овард?

Нукта: “Мӯйи пешонӣ кашидан” киноя аз тасаллут доштан ва тасарруф намудан аст, чунонки дар сураи Ҳуд, ояти 56 фармояд:

مَا مِنْ دَابَّةٍ إِلَّا هُوَ آخِذٌ بِنَاصِيَتِهَا

Ҳеч ҷунбандае нест ҷуз он ки Ҳақ Таъоло ӯро дар қабзаи тасарруфи худ дорад.”

То кашидат андар ин анвоъи ҳол,

Ки набудат дар гумону дар хиёл.

Ҳақ Таъоло туро аз марҳилае ба марҳилае ва аз ҳоле ба ҳоле дигар даровард, он сон ки дар ваҳму гумонат низ хутур намекард.

Он адам, ӯро ҳамора банда аст,

Кор кун дево! Сулаймон зинда аст.

Олами адам ҳамеша банда ва мутеъи ҳазрати Ҳақ аст. Эй дев! Хидмат кун, ки Сулаймон (а) зинда аст.

Дев месозад “ҷифонин кал-ҷавоб”,

Заҳра на, то дафъ гӯяд ё ҷавоб?

Дев косаҳои бузург месозад монанди ҳавзҳо, вале ҷуръат надорад он корро накунад ё ҷавоб диҳад.

Нукта: Ишора аст ба ояти 13 сураи Сабаъ:

يَعْمَلُونَ لَهُ مَا يَشَاءُ مِنْ مَحَارِيبَ وَتَمَاثِيلَ وَجِفَانٍ كَالْجَوَابِ وَقُدُورٍ رَاسِيَاتٍ

Девон барои Сулаймон ҳар чӣ мехост – аз намозхонаҳо ва муҷассмаҳо ва зарфҳои бузург монанди ҳавзчаҳо ва дегҳои часпида ба замин месохтанд…

Хешро бин чун ҳамеларзӣ зи бим?

Мар адамро низ ларзон дон муқим.

Бибин худат чӣ гуна аз тарси адам меларзӣ? Адамро низ аз тарси Худо ҳамеша ларзон бидон.

Нукта: Мурод аз “адам” нестии маҳз нест, балки суратҳои илмияи мавҷудот дар илми ҳазрати Борӣ Таъолост. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1049)

В-ар ту даст андар маносиб мезанӣ,

Ҳам зи тарс аст он ки ҷоне меканӣ.

Агар ту нисбат ба мансабу мулку мол таваҷҷӯҳи бисёр кунӣ ва дар ба даст овардани он бикӯшӣ, ин талошу саъй дар арсаи моддиёт, ношӣ аз тарсу бим аст.

Маносиб: ҷамъи мансаб ба маънои мақом.

Нукта: Инсони зоҳирбин ва дунёгар ҳамеша мақҳури тарсҳои мавҳуму пуч аст — тарс аз надорӣ ва фақр, тарс аз ҳирмон ва дур афтодан аз айшу роҳат, тарс аз ақиб афтодан дар рақобат бо дигарон дар арсаи мансабҳои дунявӣ ва ғайра… дар ҳоле ки тарси ӯ бемаврид аст, дуруст монанди касе аст, ки дар торикии шаб метарсад ва барои он ки ба худ ҷуръат диҳад, шурӯъ мекунад ба хондани овоз. Маълум аст, ки дар буҳбуҳаи биму ҳарос, касе овоз хонданаш гул намекунад, балки ин кор аксуламале аст дар қиболи он тарси мавҳум. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1049-1050)

Ҳар чӣ ҷуз ишқи Худои аҳсан аст,

Гар шакархорист, он ҷон кандан аст.

Ҳар чизе, ки ғайр аз ишқи Худои ҷамил аст, гарчӣ суратан ширину гуворо бошад, вале аз ҳайси ботин навъе ҷон кандан ва шиканҷа аст.

Чист ҷон кандан? Суйи марг омадан,

Даст дар оби ҳаёте нозадан.

Ҷон кандан ҷист? Ҷон кандан, ба тарафи марг омадан ва даст дар оби ҳаёт назандан аст.

Нукта: Ишқи худоӣ ҳамчун оби ҳаёт аст, ҳар ки фориғ аз ин ишқ бошад, мурда аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1050)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.