Достон ва ҳикоёт

Берунӣ ва шоири дарборӣ

Рӯзе Абӯрайҳон дарс ба шогирдон мегуфт, ки хунрезу қотиле пой ба маҳалли дарсу баҳс ниҳод. Шогирдон бо хашм ба ӯ менигаристанд ва дар дил ҳазор дашном ба ӯ медоданд, ки чаро музоҳими омӯхтани онҳо шудааст. Он марди расво рӯй ба Абӯрайҳон намуда чанд суоли содда намуд ва рафт.

Фардои он рӯз, шоири мадеҳасаройи дарбор пой ба маҳалли дарс гузошт, то суоле аз Абӯрайҳон бипурсад. Шогирдон ба эҳтиромаш бархостанд ва ӯро мушойеат (ҳамроҳӣ) намуданд, то ба пойи сандалии устод бирасад, ки диданд, аз устод хабаре нест. Ҳар тарафро назар карданд, асаре аз устод набуд.

Яке аз шогирдон, ки аз оғоз чашмаш ба Абӯрайҳон буд ва ӯро дунбол менамуд, дар миёнаи кӯча ҷилави устодро гирифт ва пурсид:

— Чӣ гуна аст дирӯз одамкуше ба дидоратон омад, посухи пурсишҳояшро гуфтед, ва имрӯз шоиру нависандаи саршинос омад, маҳалли дарсро раҳо намудед?!

Абӯрайҳон посух дод:

— Як фосиқ танҳо ба худаш ва маъдуде (афроди ангуштшуморе) латма мезанад, аммо як нависанда ва шоири худфурӯхта кишвареро ба оташ мекашад.

Шогирд мутаҳайир ба чашмони устод менигарист, ки Абӯрайҳон аз ӯ дур шуд.

Абӯрайҳони Берунӣ донишманди озодае буд, ки ҳеч гоҳ касби қудрат ӯро васваса нанамуд ва ҳамвора умри хешро вақфи сохтани Абӯрайҳонҳои дигар кард.

(Аҳволул-уламо)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.