Достон ва ҳикоёт

Ду ҳикоят дар бораи Паёмбари Акрам (с)

Дӯст надорам миёни шумо як сару гардан болотар бошам

Ҳамин ки Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ва асҳоб аз маркабҳо фуруд омаданд ва борҳоро бар замин ниҳоданд, тасмими ҷамъият бар ин шуд, ки барои ғизо гӯсфандеро зибҳу омода кунанд.

Яке аз асҳоб гуфт:

— Сар буридани гӯсфанд бо ман.

Дигаре гуфт:

— Кандани пӯсти он бо ман.

Севвумӣ гуфт:

— Пухтани гӯшти он бо ман.

Дар ин миён, Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуданд:

— Ҷамъ кардани ҳезум аз саҳро бо ман.

Асҳоб ва ёрон арз карданд:

— Ё Расулаллоҳ! Шумо заҳмат накашед, роҳат биншинед, мо худамон бо камоли ифтихор ҳамаи ин корҳоро мекунем.

Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармуданд:

قد علمت أَنكُمْ تكفوني، وَلَكِنِّي أكره أَن أتميز عَلَيْكُم؛ فَإِن الله يكره من عَبده أَن يرَاهُ متميزا بَين أَصْحَابه

Медонам, ки шумо мекунед, вале дӯст надорам миёни шумо як сару гардан болотар бошам; зеро Худованд дӯст надорад бандаашро дар миёни ёронаш бо вазъе мутамойиз бибинад, ки барои худ нисбат ба дигарон имтиёзе қоил шуда бошад

Сипас ҳазраташ (с) ба тарафи саҳро рафт. Ва миқдори лозим хору хошок аз саҳро ҷамъ карду овард.

(Манбаъ: Хулосату сияри сайидил башар, Муҳибби Табарӣ, с.87)

* * *

Ман аз ҷобирон нестам

Рӯзе як араби биёбонӣ хидмати Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) омад; ӯ ҳоҷате дошт. Вақте ки ҷилав омад, убуҳҳати Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ӯро гирифт ва забонаш ба лукнат афтод.

Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нороҳат шуданд ва суол карданд:

— Оё аз дидани ман забонат ба лукнат афтод?

Сипас ҳазрати Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) ӯро ба оғӯш гирифтанд ва ба тавре фишурданд, ки баданаш бадани Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)-ро ламс намояд, он гоҳ фармуданд:

— Осон бигир! Аз чӣ метарсӣ? Ман аз ҷобирон (подшоҳони ситампеша) нестам. Ман писари он зане ҳастам, ки бо дасти худаш аз пистони гӯсфанд шир медӯшид, ман мисли як бародари шумо ҳастам. (Ҳар чӣ мехоҳад дили тангат, бигӯ!)

(Манбаъ: Ҳикоятҳо ва ҳидоятҳо)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.