Наҳҷул-балоға

Чаҳор ҳикмат аз ҳазрати Алӣ

(1)

فِی تَقَلُّبِ الْأَحْوَالِ عِلْمُ جَوَاهِرِ الرِّجَالِ

Дар дигаргунии авзоъ гавҳари мардон шинохта мешавад.”

(Наҳҷул-балоға, ҳикмати шумораи 202)

Шоири араб мегӯяд:

لا تحمدن امرأ حتى تجربه

ولا تذمنه إلا بتجريب

Ҳаргиз то касеро наозмудаӣ ситоиш макун, ва ҳаргиз ӯро накӯҳиш макун, магар ба таҷриба.”

Ва низ гуфтаанд:

مثل الإنسان مثل البطيخة ظاهرها مونق وقد يكون في باطنها العيب والدود وقد يكون طعمها حامضا وتفها

Масали одамӣ чун ҳиндувона (тарбуз) аст, ки зоҳираш ороста аст ва аммо дарунаш гоҳе маъюб ва дорои кирм ва маззааш турш ё бемазза.

* * *

(2)

مَنْ مَلَکَ اسْتَأْثَرَ وَمَنْ اسْتَبَدَّ بِرَأْیِهِ هَلَکَ وَمَنْ شَاوَرَ الرِّجَالَ شَارَکَهَا فِی عُقُولِهَا

Ҳар кас тасаллут ёфт, худраъй мешавад. Ва ҳар кас худраъй шуд, ҳалок мешавад. Ва ҳар кас бо мардон машварат кунад, шарики ақлҳои онҳо мегардад.

Дар ин гуфтор дар воқеъ се ҳикмати бо ҳам муртабит ҳаст. Яке ин ки: ҳар кас сайтара ёфт, худраъй мешавад. Мақсуд ин аст, ки равиши подшоҳон дар умури мавриди алоқаашон, худраъйӣ ва такравӣ аст, аз он ҷиҳат, ки бар дигарон мусаллатанд ва дар иҷро ва баровардани хоҳишҳои нафсонии худ, мунозеъе надоранд.

Дигар он ки: ҳар ки худраъй шуд, ба ҳалокат расид. Ба ин ҷиҳат, ки такравии инсон дар фикру назари худ ва напазируфтани насиҳату машварати дигарон, ӯро дар маърази хато қарор медиҳад, ва ҳамин, боиси ҳалокати ӯ мегардад.

Севвум ин ки: ҳар кас бо мардон машварат кунад, шарики ақлҳои онон аст. Яъне дар сурати машварат, инсон аз беҳтарини назарҳо баҳрабардорӣ карда ва онро ба кор мебандад, зеро тамоми хирадҳои мардон дар ихтиёри ӯ қарор гирифтааст ва ӯ аз натоиҷи хирадҳо суд мебарад.

(3)

لَا تَظُنَّنَّ بِکَلِمَهٍ خَرَجَتْ مِنْ أَحَدٍ سُوءاً وَأَنْتَ تَجِدُ لَهَا فِی الْخَیْرِ مُحْتَمَلًا

Ба сухане, ки аз забони касе берун меояд, ҳаргиз гумони бад мабар, дар ҳоле, ки битавонӣ эҳтимоли нек аз он бибарӣ.

(Наҳҷул-балоға, ҳикмати шумораи 360)

Яъне, то вақте ки сухани як инсонро битавон ҳамл ба ваҷҳи нек намуд ва барояш таъвил ёфт, набояд гумони бад бурд. Масалан, вақте як нафар инсон ба шумо дар бораи яке аз дӯстонатон сухан ба миён оварад ва бигӯяд, ман фалониро дар хиёбон дидам дар ҳоле ки бо фалон зани номаҳрам нишаста буд ва механдиданд, зуд дар бораи дӯстат гумони бад мабар, шояд ӯ бо яке аз хешовандони худ нишаста буда ва ё яке аз ҳамсояҳо ва ё бонуе ҳоҷате дошта ва ба ӯ матраҳ карда… Хулоса, то метавонӣ ба ваҷҳи нек ва дуруст ҳамл кун. Зеро гумони бад, ба тасреҳи Қуръони Карим, гуноҳ аст.

* * *

(4)

مَنْ ضَنَّ بِعِرْضِهِ فَلْیَدَعِ الْمِرَاءَ

Ҳар ки мехоҳад обрӯи худро нигаҳ бидорад, бояд ҷидолу ситеза бо дигаронро тарк кунад.”

(Наҳҷул-балоға, ҳикмати шумораи 362)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.