Дидгоҳ

Вақте аз Паёмбар (с) ҳам, паёмбартар мешаванд…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Авомми мусалмонон ҳамеша ва дар тӯли таърих, “косаҳое” будаанд “доғтар аз ош”. Гоҳе, аз “Худо” ҳам худотар ва аз Паёмбар (с) низ паёмбартар мегарданд, то чӣ расад ба уламо, ки таъассубу ҷаҳолат ва бехабарии авомм, сабаб мегардид на танҳо ба тавҳину таҳқири уламо басанда накунанд, ки даст ба куштани онҳо низ мезаданд.

Чанд намуна меоварам аз манобеъ дар робита бо таъассуб ва ҷаҳолати авомм ва ҳатто баъзе аз муддаиёни илму дониш дар бархӯрдашон бо уламои замонашон:

1) Имом Табарӣ:

Ҳофиз Ибни Касир дар “Албидоя ван-ниҳоя” дар бораи вафоти Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, соҳиби тафсир ва таърихи маъруф, менависад:

ودفن في داره لأن بعض عوام الحنابلة ورعاعهم منعوا من دفنه نهارا ونسبوه إلى الرفض ومن الجهلة من رماه بالإلحاد وحاشاه من ذلك كله بل كان أحد أئمة الإسلام علما وعملا بكتاب الله وسنة رسوله

Ва ӯ (Имом Табарӣ) дар хонааш дафн шуд (на дар қабристон); зеро баъзе аз авомми ҳанбалиҳо ӯро аз дафн дар рӯз манъ карданд ва ӯро ба рофизӣ будан нисбат доданд. Ва бархе нодонҳо низ Имом Табариро ба мулҳид будан муттаҳам намуданд. Дар ҳоле, ки домони ӯ аз ин пок аст, ӯ яке аз имомони ислом аз назари илму амал ба китобу суннат ба шумор меояд…” (Ибни Касир, Албидоя ван-ниҳоя, 11/146, Ашшомила)

* * *

2) Имом Насоӣ:

Имом Насоӣ, муҳаддиси машҳур ва соҳиби яке аз манобеи ҳадисӣ ва ривоии аҳли суннат, китобе дорад ба номи “Хасоису Амирил-муъминин Алӣ ибни Абитолиб”, ки дар он, фазоили бисёре аз ҳазрати Алиро нақл ва гирдоварӣ кардааст. Ангезаи ӯ аз таълифи ин китоб он будааст, ки чун вориди шаҳри Димишқ мешавад, мебинад, ки мардуми он диёр аз ҳазрати Алӣ мутанаффиранд ва нисбат ба он ҳазрат бадгӯӣ мекунанд, ба ҳамин сабаб тасмим ба навиштани ин китоб мегирад.

Ҳофиз Ибни Касир дар китоби “Албидоя ван-ниҳоя”-и худ менависад:

إنما صنف الخصائص في فضل علي وأهل البيت، لانه رأى أهل دمشق حين قدمها في سنة ثنتين وثلاثمائة عندهم نفرة من علي، وسألوه عن معاوية فقال ما قال، فدققوه في خصيتيه فمات

Насоӣ китоби “Хасоис”-ро дар фазилати Алӣ ва аҳли байт навиштааст; зеро мардуми Димишқро дар соли 302 ҳ.қ, ки ба он ворид шуд, дид, ки аз Алӣ нафрат доранд. Ин мардум аз Насоӣ дар бораи Муовия пурсиданд. Насоӣ дар посух ҳарфҳое гуфт. Мардум (бо шунидани ин ҳарфҳо) он қадр ба байза (хоя)-и ӯ заданд, то мурд.” (Албидоя ван-ниҳоя, 11/141, Ашшомила)

Ҳофиз Шамсуддини Заҳабӣ низ дар китоби “Сияр…” дар ин бора менависад:

أن النسائي خرج من مصر في آخر عمره إلى دمشق، فسئل بها عن معاوية، وما جاء في فضائله، فقال: لا يرضى رأسا برأس حتى يفضل؟ قال: فما زالوا يدفعون في حضنيه حتى أخرج من المسجد، ثم حمل إلى مكة فتوفي بها

Насоӣ дар охирҳои умраш аз Миср ба Димишқ омад. Мардум аз вай дар бораи Муовия ва он чи аз фазоил, ки дар мавриди ӯ омада пурсиданд. Ӯ гуфт: “Ҳамшаъни Алӣ қарор дода шуд, оё ба ин розӣ нестанд, ё ин ки аз Алӣ ҳам бартар қарор дода шавад?” Пас, он қадр ба байза (хоя)-и ӯ заданд, то ӯро аз масҷид берун карданд. Сипас ба Макка оварда шуд ва он ҷо даргузашт.” (Сияру аъломин нубало, 14/132, Ашшомила)

Ибни Касир дар ҷойе дигар аз китоби “Албидоя ван-ниҳоя”-и худ ин ҳодисаро чунин нақл кардааст:

ودخل إلى دمشق فسأله أهلها أن يحدثهم بشيء من فضائل معاوية فقال أما يكفي معاوية أن يذهب رأسا برأس حتى يروي له فضائل فقاموا إليه فجعلوا يطعنون في خصيتيه حتى أخرج من المسجد الجامع فسار من عندهم إلى مكة فمات بها في هذه السنة وقبره بها

Насоӣ вориди Димишқ шуд, мардуми он шаҳр аз ӯ хостанд, то барояшон чизе аз фазилатҳои Муовия бигӯяд. Насоӣ гуфт: “Оё барои Муовия ҳамин бас нест, ки ҳамсанги Алӣ қарор дода шуд, то барояш фазилат нақл бишавад?” Пас ба ӯ ҳуҷум оварда, он қадр ба байза (хоя)-и ӯ заданд, то аз масҷид берунаш карданд. Сипас ба Макка рафт ва дар он ҷо аз дунё чашм пӯшид…” (Албидоя ван-ниҳоя, 11/124, Ашшомила)

* * *

3) Имом Шофеӣ:

Имом Шофеӣ, соҳиби яке аз чаҳор мазҳаби фиқҳии маъруфи аҳли суннат, ашъоре дар васфи аҳли байти ҳазрати Паёмбар (с) ва муҳаббат ба онҳо дорад, ки маъруф аст ва дар девонаш мавҷуд. Аз ин ашъор комилан пайдост, ки ӯро низ ба хотири муҳаббати аҳли байти Паёмбар (с) ба рофизӣ будан муттаҳам карда будаанд.

Инак, чанд намуна аз ашъори Имом Шофеӣ:

 یا راکِباً قِف بالمُحَصَّبِ مِن منیً

وَاهتِف بِقاعِدِ خَیفِها وَالنَّاهِضِ

سَحَراً إذا فاضَ الحَجیجُ إلی مِنیً

فَیضاً کَمُلتَطِمِ الفُراتِ الفائِضِ

إن کانَ رَفضاً حُبُّ آلِ مُحمَّدٍ

فَلیَشهَدِ الثَّقَلانِ أنّی رَافضِی

Эй савора! Дар шензорҳои Мино биист ва ба нишастагони дарраҳо ва баландиҳо хабар деҳ; ба зоироне, ки сапедадамон ба монанди рӯди хурӯшони Фурот ба сӯи Мино сарозер мешаванд бигӯ: агар муҳаббати аҳли байт рофизӣ будан бошад, пас ҷинну инс бидонанд, ки ман рофизӣ ҳастам!” (Девони Имом Шофеӣ, с.93)

یَا آلَ بَیتِ رَسولِ الله حُبُّکُمُ

فَرضٌ مِنَ الله فی القُرآنِ أنزَلَهُ

کَفاکُم مِن عظیمِ القَدرِ أنّکُم

مَن لَم یُصلِّ عَلَیکُم لَا صَلَاةَ لَهُ

Эй хонадони нубувват! Муҳаббати шумо фарзест, ки аз ҷониби Худованд дар Қуръон омадааст. Дар азамати шаъни шумо ҳамин кофӣ аст, он кас ки ба шумо дар намоз дуруд нагуфт, намозе надорад, (яъне намозаш дуруст нест)” (Ҳамон манбаъ, с.115)

إذا في مجلسٍ نذكرُ علياً

وَسِبْطَيْهِ وَفَاطِمَة َ الزَّكِيَّة

يقالُ تجاوزوا يا قومُ هذا

فَهَذَا مِنْ حَدِيثِ الرَّافِضيَّة

بَرَئْتُ إلَى المُهيمن مِنْ أنَاسٍ

يَرونَ الرَّفْضَ حُبَّ الفَاطِميَّة

Ҳар гоҳ дар як маҷлис Алӣ ва ду фарзандаш (Ҳасан ва Ҳусайн) ва ҳазрати Фотимаи Закия (пок)-ро зикр намоем, мегӯянд: аз ин ҳарфҳо даргузаред, эй мардум! Зеро ин ҳарфҳо ҳарфҳои рофизиҳост! Ман (Шофеӣ) паноҳ мебарам ба Худо аз мардуме, ки муҳаббати Фотимаро рофизӣ будан медонанд!” (Ҳамон манбаъ, с.152)

وَلَمَّا رَأیتُ النَّاسَ قَد ذَهَبَت بِهِم

مَذَاهِبُهُم فِی أبحُرِ الغَیِّ وَالجَهلِ

رَکِبتُ عَلَی اسمِ الله فِی سُفُنِ النَّجَا

وَهُم آل بَیتِ المُصطفَی خَاتَمِ الرُّسُلِ

وَأمسَکتُ حَبلَ اللهِ وَهُوَ وَلاؤهُم

کَما قَد أُمِرنَا بالتَمسُّکِ بالحَبلِ

Чун дидам, ки мазҳабҳо ва ихтилофоти фиқҳӣ мардумро дар дарёи ҷаҳлу гумроҳӣ кашонда, ман ба номи Худо бар киштии наҷот, ки ҳамон хонадони Паёмбари Хотам (с) аст савор шудам ва ресмони илоҳиро, ки ҳамон дӯстӣ ва муҳаббати онон аст гирифтам; ҳамон гуна ки Худованд моро ба тамассук ба ҳаблуллоҳ фармон додааст.” (Ҳамон манбаъ, с.278)

* * *

4) Ҳокими Нишопурӣ:

Ҳокими Нишопурӣ, соҳиби “Мустадрак” мебошад. Имом Заҳабӣ дар “Таърихи ислом” аз Ибни Тоҳир менависад:

كان الحاكم شديد التعصب للشيعة في الباطن… فسمعت أبا الفتح سمكويه بهراة يقول: سمعت عبد الواحد المليحي يقول: سمعتُ أبا عبد الرحمن السُلمي يقول: دخلتُ على أبي عبد الله الحاكم وهو في داره لا يمكنه الخروج إلى المسجد من أصحاب أبي عبد الله بن كرام، وذلك أنهم كسروا مِنبره ومنعوه من الخروج، فقلت له: لو خرجت وأمليت في فضائل هذا الرجل شيئاً لاسترحت من هذه المنحة. فقال: لايجيء من قلبي، لايجيء من قلبي، يعني معاوية

Ҳоким дар ботин таъассуби шадиде нисбат ба шиъа дошт… Абулфатҳ аз Абдулвоҳиди Малиҳӣ ва ӯ аз Абӯабдурраҳмони Сулмӣ нақл кардааст: ба назди Абӯабдуллоҳ Ҳоким рафтам, дар ҳоле ки ӯ дар хонаи хеш буд ва аз тарси ёрони Ибни Карром наметавонист ба масҷид биравад; зеро ёрони Ибни Карром минбари ӯро шикаста ва ӯро мамнуъулхуруҷ карда буданд. Пас, ман ба ӯ гуфтам: “Эй кош берун меомадӣ ва фазилатҳои ин шахс (яъне Муовия)-ро мегуфтӣ, то аз ин мушкил осуда гардӣ!” Ҳоким гуфт: “Қалбам ба ман иҷозаи ин корро намедиҳад…” (Заҳабӣ, Таърихи ислом, 28/132, Ашшомила)

* * *

5) Абулқосими Фирдавсӣ:

Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар “Чаҳор мақола” бо баёни ин ки Фирдавсӣ баъд аз итмоми “Шоҳнома” рӯй ба Ғазнин ниҳод, то ба Султон Маҳмуд нишонаш бидиҳад, менависад:

Ва ба поймардии (миёнҷигарии) Хоҷаи бузург — Аҳмади Ҳасани Котиб арза кард ва қабул афтод. Ва Султон Маҳмуд аз Хоҷа миннатҳо дошт, аммо Хоҷаи бузург мунозиъон (мухолифон) дошт, ки пайваста хоки тахлит (омехтан ва омезиш кардани ботил дар калом) дар қадаҳи ҷоҳи ӯ ҳамеандохтанд. Маҳмуд бо он ҷамоат тадбир кард, ки Фирдавсиро чӣ диҳем? Гуфтанд: “Панҷоҳ ҳазор дирам, ва ин худ бисёр бошад, ки ӯ марде рофизӣ аст ва мӯътазилимазҳаб… Ва бар рафзи (рофизӣ будани) ӯ ин байтҳо далел аст, ки ӯ гуфт:

Паямбар бад-ӯ андарун бо Алӣ,

Ҳама аҳли байти набийю васӣ.

Агар хулд хоҳӣ ба дигар сарой,

Ба назди набийю васӣ гир ҷой…

Султон Маҳмуд марде мутаъассиб буд, дар-ӯ талхит бигрифт (ва) масмуъ афтод…” (Чаҳор мақола, сс.78-79)

* * *

6) Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ:

Яке аз мавориди бисёр ҷолиб дар зиндагии Мавлоно Ҷомӣ ин аст, ки ӯ аз як сӯй ба далели ашъораш дар мадҳи ҳазрати Алӣ ибни Абӯтолиб ва имомони хонадони нубувват, мавриди сарзаниши шадиди ноаҳлону мутаъассибҳои суннӣ қарор гирифт, ва аз сӯйи дигар, ба хотири порае дигар аз ашъор, бо маломати сахти гурӯҳе аз мутъассибҳои шиъа рӯ ба рӯ шуд.

Аз ҷумлаи ашъори ӯ дар расои Алӣ — ҳангоме ки ба зиёрати қабри он ҷаноб дар Наҷафи Ашраф мушарраф шуд — ин аст:

Асбаҳту зоиран лака ё шаҳнатан Наҷаф!”

Баҳри нисори марқади ту нақд ҷон ба каф.

Ту қиблаи дуойиву аҳли ниёзро

Рӯйи уммед сӯйи ту бошад зи ҳар тараф.

Мебӯсам остонаи қасри ҷалоли ту,

Дар дида ашки узр зи тақсири “мо салаф”.

Гар пардаҳои чашми мурассаъ ба гавҳарам,

Фарши ҳарими қабри ту гардад зиҳӣ шараф.

Хушҳолам аз талоқии худдоми равзаат,

Бошад кунам талофии умре, ки шуд талаф.

Рӯ кардаам зи ҷумлаи акноф сӯйи ту,

То гириам зи ҳодисаи даҳр дар канаф.

Дорам таваққӯъи ин ки мисол раҷои ман,

Ёбад зи килки фазли ту тавқеъи “ло тахаф”.

Маҳ ба калаф надида касе в-ин аҷаб, ки ҳаст,

Хуршедвор моҳи ҷамоли ту бе калаф.

Бар рӯйи орифон зи ту мафтуҳ гаштааст,

Абвоби “кунту канз” ба мифтоҳи “ман араф”.

Ҷуз гавҳари валои туро парвариш надод

Ҳар кас, ки бо сафои дарун зод чун садаф.

Хасми ту сӯхт дар таби “таббат” чу Бӯлаҳаб,

Нодида аз забонаи қаҳрат ҳанӯз таф…

Рафт аз ҷаҳон касе, ки на пай бар пайи ту рафт,

Лаб пур нафир ё асафо дил пур аз асаф.

Авсофи одамӣ набвад дар мухолифат,

Сирри падар, ки ёфт зи фарзанди нохалаф…

Ҷоме з-остони ту к-онҷо пайи суҷуд

Ҳар субҳу шом аҳли сафо мекашанд саф…

Ва ҳамчунин вақте ба Карбало расид, машҳади ҷигаргӯшаи Паёмбар (с) Ҳусейн ибни Алӣ ибни Абӯтолибро зиёрат кард ва дар васфи ӯ суруд:

Кардам зи дида пой сӯйи машҳади Ҳусайн,

Ҳаст ин сафар ба мазҳаби ушшоқ фарзи айн.

Худдоми марқадаш ба сарам гар ниҳанд пой,

Ҳаққо, ки бигзарад сарам аз фарқи фирқадайн…

Ҷомӣ, гадои ҳазрати ӯ бош то кунад,

Бо роҳати висол мубаддал азоби байн…

Аҷиб он ки ин орифи барҷаста чунонки гуфтем, на танҳо аз сӯйи мутаъассибҳои аҳли суннат ба хотири ин ашъор ба шиъа будан муттаҳам шуд, балки тавассути мутаъассибҳои шиъа низ мавриди сарзаниш ва маломат қарор гирифта. Аз ҷумла, Мирҳусайни Яздӣ ӯро бо Абдурраҳмон ибни Мулҷами Муродӣ, қотили Алӣ, қиёс кардааст, он ҷо, ки мегӯяд:

Он имоми ба ҳақ, валии Худо,

К-Асадуллоҳи ғолибаш номӣ.

Ду кас ӯро ба ҷон биёзурданд,

Яке аз аблаҳӣ, як аз хомӣ.

Ҳар дуро ном Абдурраҳмон аст,

Он яке Мулҷам, ин яке Ҷомӣ.

Ҳамин вижагии Мавлоно Ҷомӣ буд, ки ҳар ҷо пой мегузорд, аввал аз мазҳаби ӯ мепурсиданд, ки шиъа ҳастӣ ё суннӣ? Агар суннӣ ҳастӣ, ин ашъори шиъагуна чаро? Ва агар шиъа ҳастӣ, ку бароат аз аъдо ва душманони хонадони Алӣ ва аз ӯ вало? Ва Мавлоно Ҷомӣ ба қадре аз ин пурсиданҳо хаста шуда буд, ки гуфтааст:

Э муғбаччаи даҳр бидеҳ ҷоми маям,

К-омад зи низоъи сунниву шиъа қаям.

Гӯянд, ки Ҷомӣё, чӣ мазҳаб дорӣ?!

Сад шукр, ки сагсунниву харшиъа наям.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.