Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (406)

Руҷӯъ ба ҳикояти Зайд (3)

* * *

Халқро ду дида дар хоку мамот

Сад гумон доранд дар оби ҳаёт.

Мардум ду чашми худро фақат дар хоку марг маҳдуд кардаанд ва хаёл кардаанд, ки ҳар кас бимирад, хок мешавад ва нобуд мегардад. Ва дар бораи оби ҳаёт сад навъ ҳадсу гумон доранд.

Мамот: мурдан.

Ҷаҳд кун то сад гумон гардад навад,

Шаб бирав в-ар ту бихусбӣ шаб равад.

Кӯшиш кун, то сад гумонат ба навад гумон коҳиш ёбад. Яъне то метавонӣ, бикӯш, то ин гумонҳои беасос тақлил ёбад. Ва дар шаб сулук кун ва роҳ бирав, ва агар бихобӣ, шаби ҷаҳон сипарӣ шавад ва субҳи қиёмат бардамад ва ту нодиму тавбакор шавӣ ва дар он рӯз ҳеч узре пазируфта нест.

Дар шаби торик ҷӯй он рӯзро,

Пеш кун он ақли зулматсӯзро.

Он рӯзи пурфурӯзи қиёматро дар ҳамин шаби зулмонии дунё талаб кун, ва он ақли зулматсӯзро пешвои худ кун.

Нукта: Ақли маъодро роҳнамои худ кун, на ақли маъошро, то аз каманди нафс бираҳӣ. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1050)

Дар шаби бадранг бас некӣ бувад,

Оби ҳайвон ҷуфти торикӣ бувад.

Дар шабе, ки ранге номатбӯъ дорад, бисёре некиҳо вуҷуд дорад ва оби ҳаёт ҷуфту қарини торикиҳост.

Нукта: Дар ҳамин дунё, ки аз ҳайси ҳиҷобу пӯшонандагӣ монанди шаби торик аст, метавон ба нури маърифату яқин роҳ ёфт, ба шарти он, ки дидаи дил гушуда бошад. Зеро ки оби ҳаёт низ дар миёни торикиҳо қарор дорад. Пас, дар дили торикии дунё чароғи фурӯзони ҳақиқат медурахшад, бикӯш, то биёбӣ. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1051)

Сар зи хуфтан кай тавон бардоштан?

Бо чунин сад тухми ғафлат коштан.

Бо коштани тухми чунин ғафлатҳои бешумор, кай метавонӣ сар аз хоб бардорӣ?

Хобмурда, луқмамурда ёр шуд,

Хоҷа хуфту дузди шаб бар кор шуд.

Хоби мурда ва луқмаи мурда ёвари ҳам шудаанд. Хоҷа хобид ва дузд ба кори хеш пардохт.

Нукта: Яъне бар асари пайравӣ аз ҳавову ҳавас шайтон сармояи умратро рабуд ва рафт. Луқмаи ҳаром тановул кардан боис мешавад, ки чашми дил аз дидани ҷамоли Ҳақ дар хоб шавад ва вақте хоб ғолиб шуд, ғафлат пеш меояд ва дуздони шайтонсифат низ сармояҳои маънавии ӯро ба яғмо мебаранд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1051)

Ту намедонӣ, ки хасмонат кианд,

Нориён хасми вуҷуди хокианд.

Эй инсон! Ту намедонӣ, ки душманонат киёнанд ва кистанд. Бидон, ки оташиён (шаётин, онҳо ки аз гавҳари оташ офарида шудаанд) душману бадхоҳи хокиён (одамиён, онҳо ки аз гавҳари хок офарида шудаанд) ҳастанд.

Нор хасми обу фарзандони ӯст,

Ҳамчунон ки об хасми ҷони ӯст.

Оташ душмани обу фарзандонаш аст, ҳамон тавр ки об душмани ҷони оташ аст. (Тамсиле аст аз ҷидоли шайтону инсон.)

Об оташро кушад, зеро ки ӯ

Хасми фарзандони об асту адӯ.

Об оташро мекушад, зеро ки оташ душмани фарзандони об аст.

Баъд аз он ин нор нори шаҳват аст,

К-андар ӯ асли гуноҳу заллат аст.

Илова бар он ки оташро шайтон гуфтем, мурод аз ин оташ шаҳват ҳам аст, зеро шаҳват аслу решаи ҳар гуноҳу лағзише аст.

Заллат: лағзиш.

Нори берунӣ ба обе бифсурад,

Нори шаҳват то ба дӯзах мебарад.

Оташи берунӣ бо миқдоре об хомӯш мешавад, вале оташи шаҳват соҳибашро ба дӯзах мекашонад.

Нукта: Оташи шаҳват куҷову оташи унсурӣ куҷо?! Яъне оташи шаҳват басо қаҳҳортару хонумонсӯзтар аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1052)

Нори шаҳват менаёромад ба об,

З-он ки дорад табъи дӯзах дар азоб.

Оташи шаҳват бо об ором намегирад, зеро ки оташи шаҳват дар азоб кардани одамиён сиришти дӯзахӣ дорад. Яъне ҳамон тавр ки дӯзах ҳамвора наъра мекашад ва “Ҳал мин мазид?” мегӯяд, шаҳавоти нафсонӣ низ ба ҳеч чиз қонеъ намешавад.

Нори шаҳватро чӣ чора? Нури дин,

“Нурукум итфоъу норил-кофирин”.

Оташи шаҳватро бо чӣ чиз бояд чора кард? Бо нури дину имон. Эй мӯъминон! Нури шумо хомӯшкунандаи нори кофирон аст.

Нукта: Мисроъи дуввум аз ҳайси иборату таркибот муқтабас аст аз сураи Сафф, ояти 8:

يُرِيدُونَ لِيُطْفِئُوا نُورَ اللَّهِ بِأَفْوَاهِهِمْ وَاللَّهُ مُتِمُّ نُورِهِ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ

Кофирон мехоҳанд нури Худоро бо гуфтори худ хамӯш созанд, дар ҳоле, ки Худо нури худро комил кунад, гарчӣ кофиронро хуш наояд.”

Чӣ кушад ин норро? Нури Худо,

Нури Иброҳимро соз усто.

Ин оташи шаҳватро чӣ чиз хомӯш мекунад? Нури Худо онро хомӯш мекунад. Ту бикӯш, то нури Иброҳимро чароғи ҳидояти худ созӣ.

То зи нори нафси чун Намруди ту

Вораҳад ин ҷисм ҳамчун ъуди ту.

То ин ки ҷисми ту, ки монанди чӯб аст, аз оташи нафси ту, ки монанди Намруд саркашу вайронгар аст, бираҳад.

Ъуд: чӯб, дарахте аст дар Ҳинд, ки чӯби онро месӯзонанд барои бӯи хуши он.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.