Омӯзаҳои набавӣ

Чаҳор ҳадиси набавӣ (с)

Ҳазрати Паёмбари Акрам (с) фармоянд:

أمرني رَبِّي بِتِسْع: خَشْيَةِ الله في السِّرِّ والعلانية، وكلمة العدل في الغضب والرضى، والقصد في الفقر والغنى، وأن أصَلَ مَنْ قَطَعَني، وأعطي مَنْ حَرَمَني، وأعْفُوَ عَمَّنْ ظَلَمَني، وأن يكون صَمْتي فِكْراً، ونُطْقي ذِكْراً، ونظري عبرة، وآمرُ بالعُرْف

Парвардигорам нӯҳ чизро ба ман суфориш фармуда:

— тарс аз Худо дар ниҳону ошкор;

— сухани адл (яъне боинсоф будан) дар хашму хушнудӣ;

— миёнаҳол будан дар надориву дороӣ;

— робита кардан бо касе, ки бо ман қатъи робита карда;

— атову бахшиш ба касе, ки маро маҳрум сохта;

— афву гузашт нисбат ба касе, ки ба ман ситам карда;

— ин ки сукутам ҳамроҳ бо тафаккур бошад;

— нутқам ҳамроҳ бо зикри Худо бошад;

— нигоҳам барои ибрат бошад;

— ва ба некӣ дастур бидиҳам.”

(Ҷомеъул-усул, ривояти Абӯҳурайра)

* * *

عَنْ عَبْدِاللَّهِ بْنِ عَمْرٍو رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا أَنَّ رَجُلاً سَأَلَ النَّبِيَّ (ص): أَيُّ الإِسْلامِ خَيْرٌ؟ قَالَ: تُطْعِمُ الطَّعَامَ، وَتَقْرَأُ السَّلامَ عَلَى مَنْ عَرَفْتَ وَمَنْ لَمْ تَعْرِفْ

Абдуллоҳ ибни Умар гӯяд: “Шахсе аз Паёмбари Акрам (с) пурсид:

— Исломи чӣ касе некӯтар аст?

Ҳазраташ фармуд:

— Исломи касе, ки ба ошнову бегона салом гӯяд ва таъомаш диҳад.”

(Ривояти Бухорӣ)

* * *

عَنْ أَبِي مُوسَى (ره) قَالَ: قَالُوا: يَا رَسُولَ اللَّهِ أَيُّ الإِسْلامِ أَفْضَلُ؟ قَالَ: مَنْ سَلِمَ الْمُسْلِمُونَ مِنْ لِسَانِهِ وَيَدِهِ

Абӯмӯсо (р) гӯяд: Саҳоба пурсиданд:

— Эй Паёмбари Худо (с)! Исломи чӣ касе (назди Худо) бартар аст?

Ҳазраташ (с) фармуд:

— Исломи касе, ки мусалмонон аз дасту забони ӯ дар амон бошанд.”

(Ривояти Бухорӣ)

* * *

عَنْ أَنَسٍ (ره) عَنِ النَّبِيِّ (ص) قَالَ: يَسِّرُوا وَلا تُعَسِّرُوا وَبَشِّرُوا وَلا تُنَفِّرُوا

Анас (р) гӯяд: “Паёмбари Акрам (с) фармуданд:

— (Дар умури дин, ба мардум) осон бигиред ва сахтгир набошед, мужда диҳед ва мутанаффирашон масозед!”

(Ривояти Бухорӣ)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.