Машоҳир

Вакиле, ки амал ба вазифа ӯро ба зиндон бурд

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯз, зодрӯзи Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеъи зиндонӣ аст. Бузургмеҳр дар ҷомеаи мо танҳо вакили мудофеъе аст, ки баҳақ ба вазифааш — ки дифоъ аз муттаҳам аст — амал мекард. Ва ҳамин амал ба вазифа буд, ки ӯро ба зиндон бурд.

Шояд бипурсед, оё мешавад фарде ба хотири амал ба вазифааш ба зиндон биравад? Посух барои касе, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ ва ё бо он ошност, бисёр равшан аст; равшантар аз рӯшноии хуршед.

Зеро, дар ҷомеаи имрӯзи мо, ва зери сояи ҳукумати ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, тамоми вазифаҳо маъно ва мазмуни дигар, ғайр аз маънои роиҷи онҳо, пайдо кардаанд.

Масалан, агар вазифае ба номи риёсати ҷумҳурӣ, дар дунёи муосир як маъно дошта бошад, дар ҷомеаи мо ва зери сояи ҷаноби Раҳмон аммо комилан маъно ва мазмуни дигаре дорад. Яъне, агар тибқи таърифи роиҷ ва бар асоси он чи дунё пазируфта, риёсати ҷумҳурӣ “болотарин мақоми сиёсӣ дар кишварҳои дорои ҳукумати ҷумҳурӣ буда, бо раъйи мардум аз миёни якчанд номзад барои муддати муайяне баргузида мешавад” (Википедия) бошад, аммо дар ҷомеаи имрӯзи мо таърифаш чунин аст: “Риёсати ҷумҳурӣ болотарин мақоми сиёсие мебошад, ки соҳибаш ё бо зӯри бозу ва кудето сари қудрат омада ва ё аз аҷдодаш ин мақом ба ӯ ба мерос расида ва ӯ дорои ихтиёроти мутлақ ва номаҳдуд аст ва модомулумр дар ин ҷойгоҳ мемонад ва пас аз худ, яке аз фарзандони хешро ба ҷойи худ менишонад.” Оё ғайр аз ин аст?!

Ва ё вазифае ба номи ҳокими як шаҳр будан. Агар ин вазифа тибқи он чи ҷаҳониён пазируфтаанд, мақоме бошад, ки “ё аз сӯи Шӯрои шаҳр ва ё аз тарафи раисиҷумҳур ба фарде вогузор мешавад, ки дорои мудирияти дуруст аст”, аммо дар қомуси нонавиштаи сиёсии Тоҷикистони кунунӣ, мақоме аст, ки ба фарде вогузор мешавад, ки “ҳаддиақал ба 100 ҳазор дулор (камтар ё бештар) онро мехарад ва то замоне, ки раисиҷумҳур аз ӯ розист, дар ин ҷойгоҳ мемонад.” Агар воқеият ғайр аз ин бошад, содиқона ба инҷониб бигӯед!

Ва ба ҳамин сурат, вакили мудофеъ ҳам дар ин ҷомеа маъно ва мазмуни дигаре пайдо карда, ғайр аз он чи дар дунё роиҷ аст. Агар вакили мудофеъ бар пояи он чи ҷаҳониён пазируфтаанд, вазифае бошад, ки соҳибаш “аз тарафи муваккил (муттаҳам) ваколат дорад, то дар маҳкама аз ӯ дифоъ кунад ва дар чорчӯби қонун тамоми тавонашро дар табриа (сафед) кардани муваккил аз ҷурму ҷинояте, ки ба он муттаҳам аст, ба харҷ диҳад”, аммо дар ҷомеаи имрӯзи мо ва зери сояи ҳукумати ҷаноби Раҳмон, ба вазифае гуфта мешавад, ки “соҳибаш бояд тамоми иттиҳомоте, ки мақомот барои муттаҳам — бахусус муттаҳами сиёсӣ — ки аз ӯ хушашон намеояд ва дилашон мехоҳад роҳии зиндон шавадро тайъид кунад ва зери онҳо имзо гузорад, вагарна худаш ба зиндон хоҳад рафт” аст. Оё ғайра аз ин аст?!

Аммо Бузургмеҳр Ёров он ҷо, ки аз аъзои боздошшудаи ҲНИТ дифоъ мекард, аз ин хатту нишон, ки мақомот кашидаанд, берун омад ва мехост баҳақ аз онҳо дифоъ намояд ва баҳои ин мавзеъи шарофатмандонааш ин шуд, ки худашро ба зиндон афканданд.

Зодрӯзатон хуҷаста бошад бародари азизам, Бузургмеҳр! Шумо ифтихори ин миллату кишвар ҳастед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.