Достон ва ҳикоёт

Ду достони дарсомӯз аз “Насиҳатул-мулук”

Ҳар куҷо бошед, марг шуморо мегирад

Имом Ғаззолӣ (р) дар “Насиҳатул-мулук” овардааст:

Ривоят кунанд, ки малакулмавт (ҳазрати Азроил) як рӯз ба назди Сулаймон (а) шуд ва чанд бор дар яке нигарист аз надимон. (Яъне чанд бор ба яке аз надимон нигоҳ кард.)

Вай (Ҳазрати Азроил) чун берун шуд, надим гуфт: “Ё Расулаллоҳ! Ин кӣ буд, ки чунин тез дар ман нигарист?” Фармуд: “Малакулмавт буд.” Гуфт: “Тарсам, ки маро бихоҳад барад, маро ин соат аз дасти ӯ бираҳон ва бодро бифармой, то ҳамин соат маро бардорад ва ба замини Ҳиндустон барад, то бошад, ки як дам халос ёбам!” Сулаймон бифармуд бодро то вайро ба ақсои Ҳиндустон барад.

Дар соат (ҳамон лаҳза) малакулмавт боз наздики Сулаймон (а) шуд. (Сулаймон ба ӯ) гуфт: “Чӣ сабаб буд, ки дар он мард бисёр менигаристӣ?” Гуфт: “Аҷаб доштам, ки маро фармуда буданд, ки ҷони вай бистон дар замини Ҳиндустон ва вай аз Ҳиндустнн дур буд. Таъаҷҷуб мекардам то он ҳол чун хоҳад буд? То ба амри Худо бод вайро ба замини Ҳинд расонид ба ишорати ту, ки расули Худоӣ ва дар онҷояш қабзи руҳ кардам.”

(Насиҳатул-мулук, Ғаззолӣ, с.37)

أَيْنَمَا تَكُونُوا يُدْرِكْكُمُ الْمَوْتُ وَلَوْ كُنْتُمْ فِي بُرُوجٍ مُشَيَّدَةٍ

Ҳар куҷо бошед, марг шуморо мегирад, агарчӣ дар бурҷҳои муҳкаме бошед…” (Сураи Нисо, ояти 78)

* * *

Адли Худо

Ва ҳам ӯ яъне Имом Ғаззолӣ (р) дар ҳамин китоб овардааст:

“Мӯсо (салавотуллоҳи алайҳи) бо Худои Таъоло муноҷот кард, гуфт: “Бор Худоё! Маро доди (адли) хеш бинумой! (нишон деҳ!)” Фармуд: “Ё Мӯсо! Сабр натавонӣ кард.” Гуфт: “Ё Рабб! Ба тавфиқи ту, ки тавонам кард.” Гуфт: “Бархез ва ба фалон чашма шав, онҷо биншин пинҳон.”

Мӯсо бирафт ва ҳамчунон кард. Саворе биёмад ба наздики чашма ва об хӯрд ва таҳорат кард ва ҳамёне аз миён боз кард ва онҷо раҳо кард ва бирафт. (Ва фаромӯш кард, ки ҳамёни худро бардорад.) Пас кӯдаке биёмад ва он ҳамён баргирифт ва бирафт.

Нобиное биёмад ва таҳорат кард ва дар намоз истод. Ногоҳ он савор бозомад ва он нобиноро гуфт: “Ҳамёне инҷо бигузоштам ва ту инҷо омадӣ ва дар ин соат касе дигар инҷо наёмад, ҳамин соат ҳамён боздеҳ!” Он мард гуфт: “Ман марде нобиноям ва ҳеч зар надидам.”

Саворро хашм омад ва шамшер бизад ва нобиноро бикушт ва зар биҷуст, наёфт ва бирафт.

Мӯсо (а) гуфт: “Бор Худоё! Ман чӣ гуна донам?!” Ҷабраил омад ва гуфт: “Худои ъазза ва ҷалла мефармояд, ки он чи ман донам, ту надонӣ. Аммо он кӯдак, ки он ҳамён бурд, аз они вай буд, ки зар аз они падари вай буд. Ва ӯ (падари ӯ) муздури (коргари) ин савор буд ва ҳам чандон муздурӣ пеши ӯ гирд омада, ки дар он ҳамён буд. (Яъне, он миқдор пул дар он ҳамён буд, ки савор мебоист ба ӯ ба унвони ҳаққи заҳмат медод.) Акнун ин кӯдак ба ҳаққи хеш бозрасид. Аммо он пири нобино пеш аз он ки нобино шудӣ, падари ин саворро кушта буд. Савор акнун вайро қисос кард. Инак, эй Мӯсо, доди (адли) мо чунин аст.”

Худованди ин китоб (яъне соҳиби ин китоб яъне Ғаззолӣ) гӯяд, ин ҳикоят аз баҳри он гуфта шуд, то хирадманд бидонад, ки бар Худои Таъоло ҳеч пӯшида нест ва доди ситамрасидагон дар ин ҷаҳон бидиҳад ва лекин мо ғофилем, ки чун балое биёяд, наяндешем, ки аз куҷост. Зулқарнайнро пурсиданд, ки аз мулки хеш ба чӣ чиз шодӣ? Гуфт: “Ба ду чиз: яке адл, ва дигар он ки мукофот тавонам кард он касеро, ки ба ҷойи ман эҳсон кунад пеш аз эҳсони ман.”

(Насиҳатул-мулук, Ғаззолӣ, с.49-50)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.