Дидгоҳ

Чаро ҳозир нестанд имзои худро гузоранд?!

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Имрӯз, ёддоште дидам аз як рӯзноманигор, ки гила карда чаро дар Тоҷикистон, бо вуҷуди он ҳама муассисоти аризу тавил ва садҳо дуктуру номзади ба истилоҳ илму коршиносҳои сиёсӣ ва нависанда ва шоираш, вақте матлабе дар дифоъ аз “манофеи миллату кишвар” менависанд, ҳозир нестанд зери он имзои худро гузоранд ва бигӯянд, ин ман, “Фалониев Фалонӣ” ҳастам!

Гилаи эшон албатта марбут ба филми масхараи “Хиёнат” аст, ки талвеҳан ишора ба он ҳам карда ва лаб ба шиква гушуда, ки чаро дар ин филм – ки ба такрор ва бидуни таваққуф дар шабакаҳои давлатӣ нишон дода мешавад – на аз номи коргардон ва таҳиякунанда хабаре ҳаст ва на аз номи муҷрӣ ва ровиаш.

Бо ин ки гилаи ин рӯзноманигор ҷо дорад, аммо бояд ба ӯ ёдовар шуд: Шумо ба он бандаҳои Худо ҳақ бидиҳед, ки номашон ошкор нашавад. Зеро:

1) Аввалан: ин филми масхара ва ҳамчунин шабеҳи он — аз мақолоту ёддошту матолиб – ки 24 соат тававвусти пиёданизоми “Фермаи ҷавоб” дар сойтҳо ва фазои маҷозӣ пахшу мунташир мешаванд, аз қазо ҳеч як дар ҷиҳати “манофеи миллату кишвар” нестанд, ки агар чунин мебуданд, итминони комил дорам нависандаҳо ва таҳиякунандагонаш бо сари баланд ва ба ифтихор зери онҳо ному имзои худро мегузоштанд.

Онҳо медонанд, ки ин ҳама чаранду масхара, дар ростои дифоъ аз манофеи як шахс ва хонаводаи ӯст, на манофеу масолеҳи миллату кишвар. Ҳамин аст, ки хиҷолат мекашанд номашон дар таърихи ин миллат ба унвони як мушт чоплусу мутамаллиқ сабт шавад.

Ин бандаҳои Худо медонанд, ки ҷанг алайҳи мухолифон ва мунтақидони сиёсӣ дар як ҷомеа, ҷанг алайҳи миллату сарзамини худашон аст, на як давлати бегона ва инсонҳои ғариба. Онҳо медонанд, ки Кабирӣ кист, ПМТ чист, ҲНИТ чист, аъзои ПМТ ва ҲНИТ чӣ касоне ҳастанд.

Медонанд, ки мухолифони сиёсӣ фарзандони ҳамин сарзамин ва марзу бум ҳастанд, на ғарибаҳо. Бале, шояд ба лиҳози андеша ва мавқеи сиёсӣ, бо онҳо мухолиф бошанд ва афкору мавозеъашонро написанданд, ин табиист, вале бо ин ҳама, медонанд, ки расми ҷавонмардӣ нест, ки инсони мӯҳтарам ҳаммиҳанону ҳамхунҳои худашро ба ҷойи душман нишонад ва бо онҳо ҳамчун душман бархӯрд намояд.

2) Сониян: намедонам оё нависандаи он ёддошт филми масхараи “Хиёнат” ва ё матолиберо, ки 24 соат аз сӯи “Ферма” нашру пароканда мешаванд, мебинад ё на. Агар намебинад, пас аввал як бор бибинадашон. Аммо агар дида ва хондааст, пас бояд ба нависандаҳо ва таҳиякунандагони онҳо ин ҳақро бидиҳад, ки ному нишоне аз худ бар ҷой нагузоранд. Зеро, ба равшанӣ мебинанд, ки ҳама дурӯғ ва тӯҳмат андар тӯҳмат аст.

Кадом одами мӯҳтарам, ки аз модар шири ҳалол хӯрда, ҳозир аст зери ин ҳама дурӯғу тӯҳмату бӯҳтон имзои худро гузорад ва бинависад, ки муаллифи ин ҳама дурӯғу бӯҳтон ман, “Фалониев Фалонӣ” ҳастам?!

Роқими ин сатрҳо, ба нависандаи он ёддошт тавсия мекунам, як бор он қисмат дар ин филм, ки марбут ба инҷониб (Сайидюнуси Истаравшанӣ) аст, тамошо кунад. Кадом шири ҳалолхӯрда ҳозир аст зери ин филми сар то ба по тӯҳмату бӯҳтон, имзои худро гузорад ва бигӯяд, ин ман, “Фалониев Фалонӣ” ҳастам, ки мегӯям: ҷадди Истаравшанӣ “анбор оташ зада” ва ба хотири ҳамин ба Сибир табъид шуда, дар ҳоле ки медонад ин дурӯғ аст, бӯҳтон аст, сохта ва бофтаи як мавҷуди ба сурат инсон ва ба сират шайтон аст.

Кадом инсони мӯҳтарам ва аз роҳи шаръӣ (никоҳ, на зино) таваллудшуда ҳозир аст бигӯяд, муаллифи ин филм ман, “Фалониев Фалонӣ” ҳастам ва мегӯям, падари Истаравшанӣ “аспдузд” аст, дар ҳоле ки медонад ин як тӯҳмату бӯҳтони шохдор аст?!

Кадом инсони мӯҳтарам, ки ба худаш эҳтиром қоил аст ҳозир аст бигӯяд, муаллифи ин филм ман, “Фалониев Фалонӣ” ҳастам ва мегӯям: Истаравшанӣ ба хотири “кундзеҳнӣ” (масалан духон будан) натавонист мактабро ба поён расонад ва аз ин рӯ роҳи муллогиро ихтиёр кард, дар ҳоле, ки медонад ин дурӯғ аст ва тӯҳмат.

Пас, бояд Шумо ба ин бандаҳои Худо ҳақ диҳед, ки бе ному нишон бимонанд ва асаре аз онҳо зери ин матолиби масхара дида нашавад. Бале, танҳо афроде ҳозиранд зери дурӯғу бӯҳтону тӯҳмат имзои худро гузоранд, ки на аз роҳи шаръӣ мутаваллид шудаанд ва на аз модар шири ҳалол нӯши ҷон кардаанд.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.