Забон ва адабиёт

Ду се тавсияи Арӯзии Самарқандӣ ба рӯзноманигорон ва нависандаҳо

Арӯзии Самарқандӣ дар “Чаҳор мақола”-и хеш дар бораи дабирӣ (нависандагӣ, рӯзноманигорӣ) аз ҷумла мегӯяд (аввал, асли матнро меоварам ва сипас каме шарҳ медиҳам):

Пас дабир бояд, ки каримуласл, шарифулъирз, дақиқунназар, амиқулфикр ва соқибурраъй бошад; аз адабу самароти он қисми акбар ва ҳаззи авфар насиби ӯ расида бошад; ва аз қиёсоти мантиқӣ баъиду бегона набошад; ва маротиби абнои замона шиносад ва мақодири аҳли рӯзгор донад; ва ба ҳутоми дунёвӣ ва музахрафоти он машғул набошад; ва ба таҳсину тақбеҳи асҳоби ағрозу арбоби иғмоз илтифот накунад ва ғирра нашавад…

Тавзеҳи кӯтоҳи ин ҷумлаҳо ба забони имрӯз. Мегӯяд, як нависанда ё рӯзноманигор бояд, ки наҷибзода, бообрӯ, борикбин, дурандеш ва дурустназар бошад; аз адабиёту меваҳои он, дорои бештарину фаровонтарини баҳраҳо буда ва аз қиёси мантиқӣ (қоъидаҳои дуруст андешидан) бегона набошад. Ӯ бояд бо мардуми замона ва ҷойгоҳу манзилати онон ошно бошад. Машғули моли дунё ва андӯхтани он набошад. Ӯ ба таҳсини ғаразварзон аз вай ва ё сарзаниши онҳо аз ӯ эътино накунад ва фиреб нахӯрад. (Яъне дар навиштани матлаб, бояд бетараф бошад; на таҳсини касе ӯро моил ба тарафдорӣ аз ӯ созад ва на сарзаниши касе ӯро водор ба бадгӯӣ аз ӯ намояд.)

Ва боз дар ҷое дигар мегӯяд: “Ҳар синоъат (пеша), ки таъаллуқ ба тафаккур дорад, соҳиби синоъат бояд, ки фориғдилу мураффаҳ бошад, ки агар ба хилофи ин буд, сиҳоми (тири) фикри ӯ муталошӣ шавад ва бар ҳадафи савоб (дурустӣ) ба ҷамъ наёяд, зеро ки ҷуз ба ҷамъияти хотир (хотирҷамъӣ) ба чунон калимот бознатавонад хӯрд.

Овардаанд, ки яке аз дабирони хулафои Банӣ Аббос – разияллоҳу анҳум – ба волии Миср нома менавишт ва хотир ҷамъ карда буд ва дар баҳри фикрат ғарқ шуда ва сухан мепардохт чун дурри самину мои маъин. Ногоҳ канизакаш даромад ва гуфт: “Орд намонд”. Дабир чунон шӯридатабъу парешонхотир гашт, ки он сиёқати сухан аз даст бидод ва бад-он сифат мунфаъил шуд, ки дар нома бинавишт, ки “орд намонд”. Чунонки он номаро тамом кард ва пеши халифа фиристод ва аз ин калима, ки навишта буд, ҳеч хабар надошт.

Чун нома ба халифа расид ва мутолеа кард, чун бад-он калима расид, ҳайрон фурӯ монд ва хотираш онро бар ҳеч ҳамл натавонист кард, ки сахт бегона буд. Кас фиристоду дабирро бихонд ва он ҳол аз ӯ бозпурсид. Дабир хаҷил гашту ба ростӣ он воқеаро дар миён ниҳод. Халифа азим аҷаб дошт ва гуфт: “Аввали ин номаро бар охир чандон фазилату руҷҳон аст, ки “Қул ҳуваллоҳу аҳад”-ро бар “Таббат ядо Абилаҳаб”…

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.