Ваҳдати исломӣ

Чанд ҳикмат аз бузургон

(1)

لَا يَتْرُكُ النَّاسُ شَيْئاً مِنْ أَمْرِ دِينِهِمْ لِاسْتِصْلَاحِ دُنْيَاهُمْ إِلَّا فَتَحَ اللَّهُ عَلَيْهِمْ مَا هُوَ أَضَرُّ مِنْهُ

Мардум барои ислоҳи дунёи худ чизе аз динро тарк намегӯянд магар ин ки (агар чунин карданд) Худо ононро ба чизе зиёнбортар аз он дучор хоҳад сохт.»

(Имом Алӣ, Наҳҷул-балоға, ҳикмати 106)

Ин маъноро бо як мисол тавзеҳ бидиҳам: фарз кунед, шумо дар арсаи сиёсат (ба хусус сиёсате, ки имрӯз мешиносемаш) барои худатон шахсияте гардидед. Шуморо ба маҷлисе даъват карданд, ки дар он мункар ҳаст — мисли ин ки шароб рӯи миз гузоштаанд ва ё маҷбуред ба номаҳрам даст бидиҳед ва ё маҷлис ба гунае баргузор аст, ки бо вақти намоз ҳамзамон аст ва ғайра… — он вақт шумо барои он ки кори дунёятон хароб нашавад, дар мизе нишинед, ки шароб дар он гузошта шуда, ё намозатонро қазо кунед ва ё ҳатто намозро дар вақти муқаррараш нахонед ё ба номаҳраме даст бидиҳед, хуб, дар ин сурат, Худованд коре хоҳад кард, ки ҳам ин дунёятон харобтар шавад ва ҳам охирататон хароб гардад, хулоса, хасират дунё валохира шавед. (С.И.)

* * *

(2)

مَنْ أَصْلَحَ مَا بَيْنَهُ وَبَيْنَ اللَّهِ أَصْلَحَ اللَّهُ مَا بَيْنَهُ وَبَيْنَ النَّاسِ، وَمَنْ أَصْلَحَ أَمْرَ آخِرَتِهِ أَصْلَحَ اللَّهُ لَهُ أَمْرَ دُنْيَاهُ، وَمَنْ كَانَ لَهُ مِنْ نَفْسِهِ وَاعِظٌ كَانَ عَلَيْهِ مِنَ اللَّهِ حَافِظٌ

Касе, ки миёни худ ва Худоро ислоҳ кунад, Худованд миёни ӯ ва мардумро ислоҳ хоҳад кард. Ва касе, ки умури охиратро ислоҳ кунад, Худо умури дунёи ӯро ислоҳ хоҳад кард. Ва касе, ки аз даруни ҷон воъизе дорад, Худоро бар ӯ ҳофизу ниҳабоне аст.”

(Имом Алӣ, Наҳҷул-балоға, ҳикмати 89)

Бад-ин маъно, ки: ҳамму ғамми ту фақат ризову хушнудии Худо бошад, на хушнудии халқ, ва чун Худо аз ту хушнуд шуд — ба ин ки ба дастуроташ мӯ ба мӯ амал кардӣ ва аз чизҳое, ки наҳй фармуда худдорӣ намудӣ – он вақт Худо коре мекунад, ки мардум ҳам аз ту хушнуд хоҳанд шуд. Дигар он ки: агар охирататро обод кардӣ, Худованд дунёятро низ обод хоҳад кард. Ва севвум он ки: агар касе ба насиҳати дарунаш гӯш диҳад, Худо ӯро нигаҳ хоҳад дошт. (С.И.)

* * *

(3)

مَنْ تَرَكَ قَوْلَ لَا أَدْرِى أُصِيبَتْ مَقَاتِلُهُ

Касе, ки аз гуфтани «намедонам» рӯйгардон аст, ба ҳалокат ва нобудӣ мерасад.”

(Имом Алӣ, Наҳҷул-балоға, ҳикмати 85)

* * *

(4)

Дар ривоят аст, ки шахсе бо ҳаяҷону изтироб ба ҳузури Имом Содиқ омад ва гуфт:

— Эй фарзанди Расули Худо! Дар бораи ман дуое бифармоед, то Худованд ба ман ризқе фаровон бидиҳад, ки хеле фақиру тангдастам.

Имом фармуд:

— Ҳаргиз дуо намекунам.

— Чаро дуо намекунед?

— Барои ин ки Худованд роҳе барои ин кор муайян кардааст, Худованд амр карда, ки рӯзиро пайҷӯйӣ кунед ва талаб намоед. Аммо ту мехоҳӣ дар хонаи худ биншинӣ ва бо дуо рӯзиро ба хонаи худ бикашӣ.

(Ба нақл аз китоби “Достони Ростон”-и Муртазо Мутаҳҳарӣ)

* * *

(5)

Дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” гӯяд:

Дар Самарқанд будем. Ва Хоразмшоҳ Самарқандро дар ҳисор гирифта буд ва лашкар кашида ҷанг мекард. Дар он маҳалла духтаре буд азим соҳибҷамол чунонки дар он шаҳр ӯро назир набуд. Ҳар лаҳза мешунидам, ки мегуфт:

— Худовандо! Кай раво дорӣ, ки маро ба дасти золимон диҳӣ, ва медонам, ки ҳаргиз раво надорӣ ва бар ту эътимод дорам.

Ва чун шаҳрро ғорат карданд ва ҳамаи халқро асир мебурданд ва канизакони он занро асир мебурданд ва ӯро ҳеч аламе нарасид… то бидонӣ, ки ҳар ки худро ба Ҳақ биспурд, аз офатҳо эмин гашт ва ба саломат монд. Ва ҳоҷати ҳеч кас дар ҳазрати ӯ зойеъ нашавад…”

(Мавлоно, Фиҳӣ мо фиҳӣ)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.