Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (407)

Руҷӯъ ба ҳикояти Зайд (4)

* * *

Шаҳвати норӣ ба рондан кам нашуд,

Ӯ ба мондан кам шавад бе ҳеч буд.

Шаҳавоти нафсонӣ бо рондану зоил кардан кам намешавад, вале ин шаҳавот танҳо вақте нуқсон мегирад, ки ба хоҳишу майли он беэътиноӣ гардад.

Буд: дар ин ҷо ба маънои гузир аст, мисли “ло буд”, ки ба маънои ногузир аст.

То ки ҳезум мениҳӣ бар оташе,

Кай бимирад оташ аз ҳезумкашӣ?

Ба унвони мисол, то вақте ки ҳезум бар оташ мегузорӣ, оташ аз он ҳуземҳои ниҳодашуда кай хомӯш мегардад? Балки бо ин кор забонаи он тезтару баландтар мегардад.

Чунки ҳезум бозгирӣ, нор мурд,

З-он ки тақво об сӯйи нор бурд.

Вале ҳамин ки ҳезум бар оташ нагузорӣ, оташ худ ба худ рӯ ба хомӯшӣ меравад. Зеро ки тақво обро ба сӯи оташ мебарад.

Нукта: Тақво дар ин байт дар маънои луғавии он ба кор омада, зимни он ки маънои истилоҳиро низ ба зеҳнҳо меоварад. Тақво дар инҷо яъне худдорӣ ва парҳез аз ниҳодани ҳезум бар оташ. Ҳамин тавр ғизоҳои нафсонӣ дар ҳукми ҳезум аст ва мӯҷиби шӯълавар шудани оташи нафс мегардад. Агар нафсро аз ғизоҳои махсуси худ дур нигаҳ дорем, оташи ҳирсу валаъи он фурӯ мекашад. Тақвои истилоҳӣ низ дар воқеъ тақвият накардани оташи шаҳват аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1053)

Кай сияҳ гардад зи оташ рӯйи хуб,

К-ӯ ниҳад гулгуна аз тақвал-қулуб?

Ба унвони мисол, рӯйи хубу зебо кай аз оташ сиёҳ мегардад? Он ки тақвои қалбро бар рӯйи ботини худ бигузорад ва рухсори руҳро бо сурхоби тақво рангину зебо кунад, кай ин ботин аз оташу дуди шаҳавот сиёҳ мегардад?

Нукта: Мисроъи дуввум ишорат аст ба ояти 32 сураи Ҳаҷ:

وَمَنْ يُعَظِّمْ شَعَائِرَ اللَّهِ فَإِنَّهَا مِنْ تَقْوَى الْقُلُوبِ

Ва ҳар кӣ мӯҳтарам донад шаъоири Худоро, бидон, ки ин кор аз тақвои дил сарчашма мегирад.”

Пас, Мавлоно дар байтҳои ахир фармуд, ки чораи шаҳавоти лаҷомгусехта нури дину имону тақво ва хештандорӣ аст, вагарна лақлақаи лисон ва алфози пуртумтароқ мӯҷиби имони қалбӣ намешавад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1053-1054)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.