Достон ва ҳикоёт

Достони Ибни Сирин

Ҳикояте, ки мехоҳам инҷо барои азизон нақл кунам, як ҳикояти бисёр дарсомӯз аст, дар бораи ин аст, ки чӣ гуна ишқу алоқа чашму гӯши инсонро кару кӯр мекунад ва ӯ ҳозир мешавад дар роҳи расидан ба муродаш, ба ҳар коре даст ёзад.

Ин ҳикоят дар бораи Муҳаммад ибни Сирин, аз машоҳири тобеъин ва муҳаддисони номӣ аст ва касе, ки китоби “Таъбири хоб”-ро ба ӯ нисбат медиҳанд.

Муҳаммад ибни Сирин достоне шабеҳи достони ҳазрати Юсуф (а) дорад. Ин ҳикоятро дар китоби “Алкуно вал-алқоб” овардааст:

Ибни Сирин ҳам сирате зебо дошт ва ҳам сурате дилкаш. Ӯ дар аёми ҷавонӣ дар дӯкони баззозӣ (порчафурӯшӣ) ба унвони шогирд кор мекард. Як зани зебо ва сарватманд ба баҳонаи хариди порча ба мағозаи онҳо бисёр рафту омад мекард. Харидани порча баҳона буд, аммо воқеият як чизи дигар.

Як рӯз ин зан ба дари мағоза омад ва дастур дод, миқдори зиёде порча ҷудо карданд, он гоҳ ба узри ин ки қодир ба ҳамли инҳо нестам, ба илова, пул ҳамроҳ надорам, ба соҳиби дӯкон гуфт:

— Порчаҳоро бидиҳед ин ҷавон биёварад ва дари хона ба ман таҳвил диҳад ва пул бигирад.

Муқаддимоти кор қаблан аз тарафи зан фароҳам шуда буд. Хона аз ағёр холӣ буд, ҷуз чанд каниз, касе дар хона набуд.

Муҳаммад ибни Сирин, ки унфувони ҷавониро тай мекард ва аз зебоӣ бебаҳра набуд, порчаҳоро ба дӯш гирифт ва ҳамроҳи он зан омад.

То ба даруни хона дохил шуд, дар аз пушт баста шуд. Ибни Сирин ба дохили утоқи муҷаллал роҳнамоӣ гашт. Ӯ мунтазир буд, ки хонум ҳарчӣ зудтар биёяд, ҷинсро таҳвил бигирад ва пулро бипардозад.

Интизор ба тӯл анҷомид. Пас аз муддате, парда боло рафт. Хонум дар ҳоле ки худро ҳафт қалам оройиш карда буд, бо ҳазор ъишва, по ба даруни утоқ гузошт.

Ибни Сирин дар як лаҳзаи кӯтоҳ фаҳмид, ки доме барояш густарда шудааст. Фикр кард, бо мавъиза ва насиҳат ё бо хоҳиш ва илтимос, хонумро мунсариф кунад. Дид, беҳосил аст. Хонум ишқи сӯзони худро барои ӯ шарҳ дод, ба ӯ гуфт:

— Ман харидори аҷноси шумо набудам, харидори ту будам!

Ибни Сирин забон ба насиҳат ва мавъиза гушуд ва аз Худо ва қиёмат сухан гуфт, аммо дар дили зан асар накард. Илтимос ва хоҳиш кард, фоида набахшид. Зан гуфт:

— Чорае нест, бояд коми маро бароварӣ.

Ва ин зан ҳамин ки дид Ибни Сирин дар ақидаи худ пофишорӣ мекунад, ӯро таҳдид кард ва гуфт:

— Агар ба ишқи ман эҳтиром нагузорӣ ва маро комёб насозӣ, ҳамин алъон фарёд мекашам ва мегӯям, ин ҷавон нисбат ба ман қасди бад дорад. Он гоҳ маълум аст, ки чӣ бар сари ту хоҳад омад.

Мӯй бар бадани Ибни Сирин рост шуд. Аз тарафе, имон ва ақида ва тақво ба ӯ фармон медод, ки покдомании худро ҳифз кун. Аз тарафи дигар, сар боз задан аз таманнои он зан, ба қимати ҷону обрӯ ва ҳама чизаш тамом мешавад. Чорае ҷуз изҳори таслим надид.

Аммо фикре мисли барқ ба хотираш омад. Фикр кард, як роҳ боқӣ аст. Ва он ин ки: коре кунам, ки ишқи ин зан табдил ба нафрат шавад ва худаш аз ман даст бардорад. Агар бихоҳам домани тақворо аз олудагӣ ҳифз кунам, бояд як лаҳза олудагии зоҳирро таҳаммул кунам.

Аз ин рӯ, ба баҳонаи қазои ҳоҷат, аз утоқ берун омад ва ба ҳоҷатхона рафт ва бадани хешро бо касофат олуда сохт. Дақоиқе пас бо вазъу либоси олуда ба касофат аз мустароҳ баргашт ва ба тарафи зан омад.

То чашми он зан ба ӯ афтод, рӯй дарҳам кашид ва фавран ӯро аз манзил хориҷ кард.

(Манбаъ: Алкуно вал-алқоб, Шайх Аббоси Қуммӣ, 41/14)

* * *

Чӣ шабоҳат дорад достони Ибни Сирин бо достон ҳазрати Юсуфи паёмбар (а)! Ва аз қазо, ҳар ду огоҳ ба таъбири хоб буданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.