Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (408)

Оташ афтодан дар шаҳр ба айёми Умар, разийаллоҳу анҳу

* * *

Хулосаи ин достон

Дар даврони хилофати Умар ибни Хаттоб (р) оташ ба шаҳр афтод; оташе, ки сангҳоро ҳамонанди чӯби хушк месӯзонд. Сохтмонҳо ва биноҳо ва ошёнаҳои парандагон ва болҳои онҳо дар коми оташ месӯхт. Оташ чунон тезу хашмгин буд, ки ниме аз шаҳрро фаро гирифта буд, ҳатто об ҳам наметавонист ҳарифи он шавад. Зеро ҳамин ки об ба наздикии он мерасид, гом вопас мениҳод ва дар шигифт мешуд. Ҳарчи мардум машкҳои обу сиркаро бар сари оташ рехтанд, асаре накард ва балки бар тезӣ ва хурӯши он афзуд. Зеро оташ аз оламе дигар мадад мешуд. Мардум ночор назди Умар ибни Хаттоб (р) омаданд ва сабаби онро пурсиданд. Умар гуфт:

— Ин оташ чизе нест магар бархоста аз бухлу озмандии шумо. Обу сирка, ки рӯи ин оташ мерезед, суд намебахшад. Ин кори беҳударо раҳо кунед ва ба ҷойи он, биравед ба бенавоён кӯмак кунед!

Мардум гуфтанд:

— Мо мардуме ҷавонмарду бахшандаем ва ҳамвора ба бенавоён кӯмак кардаем.

Умар ибни Хаттоб (р) гуфт:

— Ин бахшишҳое, ки муддаии он ҳастед, ҳама аз рӯи рангу риёст ва на аз баҳри Худо. Дар эҳсону бахшиш бояд ду чизро муроъот кунед: яке он ки молро ба ғайри мустаҳиқ надиҳед. Зеро ин кор монанди ин аст, ки теғе ба дасти зангии маст бидиҳед. Дуввум ин ки бояд фақат барои ризои Ҳақ эҳсон кунед ва на аз рӯи риё ва дағо. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1054)

* * *

Манбаъи ин достон ривояте аст дар “Наводирул-усул” аз Муҳаммад ибни Алии Ҳакими Тирмизӣ, ки дар “Файзул-қадир” ҳам овардааст. Дар зайл матни арабии ин ҳикоятро ба нақл аз “Наводирул-усул” ҳамроҳ бо тарҷумаашро меоварем:

وعن نافع قال خرج عنق نار من حمرة النار لا تمر على شيء إلا أحرقته فاتى عمر رضي الله عنه فأخبر بها فصعد المنبر وحمد الله وأثنى عليه وقال أيها الناس أطفئوها بالصدقة

Аз Нофеъ ривоят шуда, ки гуфт: Оташе анбӯҳ бархост ва ҳама чизро ба коми худ фурӯ бурд. Умар (р) омад, ӯро бохабар карданд. Ӯ бар минбар рафт ва пас ҳамду санои Ҳақ Таъоло гуфт: “Эй мардум! Бо додани садақа оташро хомӯш созед!..” (Наводирул-усул фи аҳодисир-расул, 2/104, Ашшомила)

* * *

Манзури Мавлоно аз овардани ҳикояти мазкур ин аст, ки барои рафъи ҳар балое бояд садақаи содиқона дод, на садақаи тамаъкорона ва риёӣ.

* * *

Оташе афтод дар аҳди Умар,

Ҳамчу чӯби хушк мехӯрд ӯ ҳаҷар.

Дар замони Умар оташе бар шаҳр афтод, ки ҳатто сангро монанди чӯби хушк мехӯрд ва месӯзонд.

Ҳаҷар: санг.

Дарфитод андар бинову хонаҳо,

То зад андар парри мурғу лонаҳо.

Оташ ба биноҳо ва хонаҳо сироят кард, ҳатто лонаҳо ва ошёнаҳо ва пари мурғонро низ сӯзонид.

Ними шаҳр аз шӯълаҳо оташ гирифт,

Об метарсид аз ону мешигифт.

Нисфи шаҳр аз шӯълаҳо оташ гирифт ва сӯхт. Об аз он оташ метарсид ва аз ин гуна илтиҳобу шӯълаварӣ дар шигифт мешуд.

Машкҳои обу сирка мезаданд

Бар сари оташ касони ҳушманд.

Мардум барои фурӯ нишондани оташ машкҳои пур аз обу сиркаро ба рӯйи оташ мерехтанд.

Нукта: Гуфтаанд, ки сирка дарбардорандаи асиди эсетик (уксусная кислота) аст ва чун дар оташ рехта шавад, гози курбуни диоксид (диоксид углерода) тавлид мешавад, ки мӯҷиби фурӯ нишондани оташ аст. (Дуктур Абдулкарими Суруш, ба нақл аз Шарҳи Маснавии дуктур Шаҳидӣ, ҷ.4, с.217)

Оташ аз истеза афзун мешудӣ,

Мерасид ӯро мадад аз беҳадӣ.

Вале оташ бар хашму илтиҳобаш афзуда мешуд, гӯӣ ки аз олами беинтиҳо тағзия ва мадад мешуд.

Халқ омад ҷониби Уммар шитоб,

К-оташи мо менамирад ҳеч аз об.

Мардуми шаҳр шитобон назди Умар омаданд ва гуфтанд: Оташи мо аз ҳеч навъ об хомӯш намешавад.

Гуфт: Он оташ зи оёти Худост,

Шӯълае аз оташи бухли шумост.

Умар гуфт: Ин оташ аз нишонаҳои Худованд аст, аммо дар воқеъ шӯълае аст, ки аз оташи бухлу ситами шумо бархостааст.

Обро бигзореду нон қисмат кунед,

Бухл бигзоред, агар оли манед.

Обро тарк кунед ва ба бенавоён нон бидиҳед ва миёни онон рӯзӣ тақсим кунед. Ва агар пайрави ман ҳастед, даст аз тангчашмӣ ва бухл бикашед.

Халқ гуфтандаш, ки дар бигшудаем,

Мо сахӣ в-аҳли футувват будаем.

Мардуми шаҳр ба Умар гуфтанд: Дари хонаҳоямонро гушудаем ва мо мардуме бахшанда ва ҷавонмардем.

Футувват: ҷавонмардӣ.

Гуфт: Нон дар расму одат додаед,

Даст аз баҳри Худо нагшодаед.

Умар гуфт: Шумо нонро аз рӯи расму одат додаед, он ҳам барои нишон додани саховати худ. Бинобар ин, саховати шумо барои ризои Худо набудааст.

Баҳри фахру баҳри бавшу баҳри ноз,

Н-аз барои тарсу тақвову ниёз.

Балки бахшандагӣ ва саховати шумо фақат барои фахрфурӯшӣ ва риёкорӣ аст, на он ки аз тарси Худо ва ба воситаи тақво ва ниёз ба даргоҳи Худо бошад.

Бавш: худнамоӣ, карру фарр.

Мол тухм асту ба ҳар шӯра манеҳ,

Теғро дар дасти ҳар раҳзан мадеҳ.

Мол ҳамчун тухму базри гиёҳ аст, набояд ба ҳар шӯразоре рехта шавад. Ту набояд теғи тезро ба дасти ҳар дузду роҳзане бидиҳӣ.

Нукта: Инфоқ низ бояд холисона анҷом шавад ва ҳам дар ҷои худ. Агар мол ба ғайри мустаҳиқ дода шавад, монанди базрафшонӣ дар замини шӯразор аст, ки ҳеч ҳосиле намедиҳад. Ё монанди ин аст, ки теғро ба дасти зангии маст бидиҳӣ, ки мусалламан ин кор зиён ба бор меоварад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1057)

Аҳли динро боздон аз аҳли кин,

Ҳамнишини Ҳақ биҷӯ, бо ӯ нишин.

Диндоронро аз киндорон ташхису тамйиз бидеҳ, ва бикӯш то ёрони Ҳақро биёбӣ ва бо онон биншинӣ.

Ҳар касе бар қавми худ исор кард,

Коға пиндорад, ки ӯ худ кор кард.

Ҳар кас маъмулан нисбат ба қавму касонаш бахшишу исрор мекунад, ва одами нодон хаёл мекунад, ки агар ба касонаш чизе бахшид, воқеан одами саховатманде шудааст.

Коға: гӯл, нодон.

Нукта: Ҳазрати Масеҳ (а) гуфторе дорад, ки мазмуни он чунин аст: Агар фақат ба он ки ба шумо муҳаббат карда муҳаббат кунед, кори муҳимме накардаед, зеро шарирон низ ҳамин гуна амал мекунанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1057)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.