Ҷумлаҳои ҳикматомез

Чанд панди дарсомӯз

(1)

Подшоҳе порсоеро гуфт:

— Ҳечат аз мо ёд меояд?

Гуфт:

— Бале, вақте ки Худоро фаромӯш мекунам.

(Гулистони Саъдӣ)

* * *

(2)

Яке аз мулуки беинсоф порсоеро пурсид:

— Аз ибодатҳо кадом фозилтар аст?

Гуфт:

— Туро хоби нимрӯз, то дар он як нафас халқро наёзорӣ.

(Гулистони Саъдӣ)

* * *

(3)

Аз Ҷунайди Бағдодӣ пурсиданд:

— Банда кист?

Гуфт:

— Он кас, ки аз бандагии касони дигар озод бошад.

* * *

(4)

“Куҷош ҷустӣ, ки наёфтӣ? Агар қадаме ба сидқ дар роҳи талаб ниҳӣ, дар ҳар чӣ нигарӣ, Ӯро бинӣ!”

(Абӯсаъиди Абулхайр)

* * *

(5)

Яке аз бузургон порсоеро гуфт:

— Чӣ гӯӣ дар ҳаққи фалон обид, ки дигарон дар вай ба таъна суханҳо гуфтаанд?

Гуфт:

— Дар зоҳираш айб намебинам ва дар ботинаш ғайб намедонам.

(Гулистони Саъдӣ)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.