Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (409)

Худу андохтани хасм дар рӯйи амирулмӯъминин Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу ва андохтани амирулмӯъминин Алӣ шамшер аз даст (1)

* * *

Хулосаи достон

Ҳазрати Алӣ (каррамаллоҳу ваҷҳаҳу) рӯзе бо паҳлавоне аз паҳлавонони пуровозаи араб пайкор кард. Дар кашокаши ин набард, ҳазрат ӯро бар замин афканд ва шамшер аз ниём кашид, то корашро тамом кунад. Дар ин ҳангом, он паҳлавони шикастхӯрда аз рӯи хашм оби даҳони худро бар рухсори тобноки он ҳазрат афканд; зеро мутмаин буд, ки дигар кораш тамом аст ва умеде бар идомаи зиндагӣ нест.

Вале бар хилофи ин интизор, дид, ки он ҳазрат бедиранг шамшери худро бар замин афканд ва даст аз ҳалокати ӯ бидошт. Чашмони буҳтзадаи он паҳлавон наззорагари ин саҳнаи хаёлангезу афсонаӣ буд.

Дар кӯрони шигифтӣ ва ҳайрат буд, ки аз он ҳазрат пурсид: “Ту, ки шамшери бурро ва обдор доштӣ ва ман низ дар чангҳои нерӯманди ту асир будам, чаро маро накуштӣ?”

Амири мӯъминон посух дод: “Шери Худо ва ҷанговари роҳи Ҳақ ҳаргиз ҷони касеро барои фурӯ нишондани аташи хашму кин намеситонад ва ба иродаи Ҳақ гардан мениҳаду бас.” (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1059)

* * *

Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ (р) дар “Кимиёи саодат” ин достонро ба сурати мухтасар нақл кардааст: “Ва аз ин буд, ки Алӣ (р) кофиреро бияфканд, то бикушад. Вай оби даҳон дар рӯйи Алӣ пошид. Варо даст бидошт ва накушт ва гуфт: “Хашмгин шудам, тарсидам, ки барои Худои Таъоло накушта бошам.” (Кимиёи саодат, ҷ.1, с.517)

Тибқи нақли Ибни Шаҳрошӯб, номи он паҳлавон Амр ибни Абдувудд будааст. (Ибни Шаҳрошӯб, Маноқиби Оли Абитолиб, 1/444)

* * *

Мавлоно дар ин ҳикоят мегӯяд, ки ҳар амале, ки ба номи ҳазрати Ҳақ анҷом мешавад, бояд аз ангезаҳои нафсонӣ пок бошад.

* * *

Аз Алӣ омӯз ихлоси амал,

Шери Ҳақро дон мутаҳҳар аз дағал.

Ихлос дар амалро бояд аз ҳазрати Алӣ ёд бигирӣ. Он шери Ҳақро аз ҳар ҳилаву найранге поку муназзаҳ бидон.

Мутаҳҳар: пок ва покиза. Дағал: ҳилагарӣ ва найранг.

Дар ғазо бар паҳлавоне даст ёфт,

Зуд шамшере бароварду шитофт.

Ҳазрати Алӣ дар яке аз ҷангҳо бар паҳлавоне ғолиб шуд ва бедиранг шамшере бурун овард, ки корашро бисозад.

Ғазо: ҷанг ва корзор.

Ӯ худу андохт дар рӯйи Алӣ,

Ифтихори ҳар набиву ҳар валӣ.

Аммо он паҳлавон бар чеҳраи он ҳазрат оби даҳон андохт, яъне ба рӯйи мубораки ӯ туф кард, ҳамон шахсияти бузурге, ки боиси ифтихори паёмбарон ва сарафрозии авлиё аст.

Худу: оби даҳон, туф.

Он худу зад бар рухе, ки рӯйи моҳ

Саҷда орад пеши ӯ дар саҷдагоҳ.

Он паҳлавон бар чеҳрае туф андохт, ки рӯйи моҳ, бо ҳамаи баландиаш, дар баробари он сурат дар саҷдагоҳ саҷда мекунад.

Дар замон андохт шамшер он Алӣ,

Кард ӯ андар ғазоаш коҳилӣ.

Ҳазрати Алӣ бедиранг шамшерро аз дасташ андохт ва ӯ дар ҷанг бо он паҳлавони араб сустӣ кард, яъне аз ҳамла ба ӯ даст кашид.

Коҳилӣ: сустӣ. “Дар ғазо коҳилӣ кард” яъне ба корзор идома надод ва даст аз пайкор кашид.

Гашт ҳайрон он мубориз з-ин амал

В-аз намудан афву раҳмат бемаҳал.

Он паҳлавон аз ин амали ҳазрат сахт ҳайрат кард ва аз ин ки он ҷаноб бемуносибат ва дар ғайри ҷойи худ афву бахшиш карда шигифтзада шуд.

Гуфт: Бар ман теғ низ афроштӣ,

Аз чӣ афгандӣ? Маро бигзоштӣ?

Он мубориз гуфт: Эй Алӣ! Ту, ки бар ман шамшери тез кашидӣ, пас чаро онро аз каф андохтӣ ва дар ситез бо ман инсироф нишон додӣ?

Он чӣ дидӣ беҳтар аз пайкори ман?

То шудӣ ту суст дар ишколи ман.

Ту чӣ чиз дидӣ, ки беҳтар аз ҷангидан бо ман ва рехтани хунам буд ва дар натиҷа даст аз корзорам кашидӣ?

Он чӣ дидӣ, ки чунин хашмат нишаст?

То чунон барқе намуду бозҷаст.

Чӣ чизе дидӣ, ки хашму ғазабат фурӯ нишаст ва хашмат барқе зад ва дубора хомӯш шуд?

Он чӣ дидӣ? Ки маро з-он акси дид

Дар дилу ҷон шӯълае омад падид.

Чӣ дидӣ, ки аксу бозтоби он диданат дар дилу ҷонам ошкор шуд? Он чӣ ба ту нишон додаанд, бозтобаш дар дилу ҷонам шӯлае зад. Ба иборати дигар, дили ман аз ин масъала аз ҷо канда шуд ва дарёфтам, ки ин амали ту ношӣ аз ҳақиқате волост.

Он чӣ дидӣ бартар аз кавну макон,

Ки беҳ аз ҷон буду бахшидим ҷон.

Чӣ дидӣ, ки аз ҷаҳони ҳастӣ ва кавну макон ҳам болотар буд ва аз ҷон низ беҳтар буд ва ба ман ҷон бахшидӣ?

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.