Дидгоҳ

Мушкили мо амиқтар аз ин ҳарфҳост

Маҳмудхон Бурҳонов

Ба назар мерасад, иллати аслии тадовуми режими диктотурӣ дар Тоҷикистон ва беҳосилии интиқоди мунтақидон ва муборизоти мухолифон ин аст, ки чӣ мунтақидон ва чӣ мухолифони режими Эмомалӣ Раҳмон, мушкили ҷомеаро танҳо дар сатҳи сиёсии кишвар ташхис дода ва бештар дар ҳамин сатҳи зоҳирӣ фаъолият намуда истодаанд. Дар ҳоле, ки мушкили ҷомеаи мо басе амиқтар ва фаротар аз ин ҳарфҳост. Ин мушкил реша дар аъмоқи нохудогоҳи фарҳангӣ ва ҳувиятии мо дорад, ки тухми он тавассути таблиғоти мудоми ҳукумати Шӯравӣ тайи ҳафтод сол дар қалбу зеҳни мардуми мо кошта шудааст.

Тавзеҳ он ки: яке аз барномаҳои аслии режими Шӯравӣ дар муқобили миллати мо (таъкид мекунам дар муқобили миллати мо, на ҳар қавму миллате), ин буд, ки бо ҳар василае ба мо талқин намоянд, ки мо то омадани русҳо ҳечу пуч ва дур аз фарҳангу маданият будем ва ин русҳои болшевик буданд, ки ба мо фарҳангу маданият омӯхтанд.

Дар ҳамин росто, аввал ин болшевикони истеъморгар аз як тараф сарзамини паҳновари моро пора-пора карданд ва дар иваз барои мо дар як кунҷи кӯҳистон заминаке садақа карда ва бар сари мо миннат гузошта гуфтанд, ки мо барои шумо — қавми безамину беватан сарзамину ватан ҳадя кардем.

Ва аз тарафи дигар хатту забони оламшумули моро аз мо гирифтанд ва ба мо гуфтанд, ки мо омадаем, то шумо — қавми бесаводу бехатту забонро, хатту забон омӯзем ва ба ин тартиб, ба мо хатту забони ТОҶИКӢ-ро сохтанду доданд.

Ба иборати дигар, аввал миллати моро аз гузаштаи пурифтихораш бурида ва амалан беҳувият сохтаанд. Ва сипас ба мо ҳувияти ҷаълӣ доданд, то моро аввалан он чунон ки худ мехоҳад, таъриф намоянд ва сониян то абад вобастаи худ қарор диҳанд.

Ҳамон тавре ки дар боло ишора кардам, ин барномаи русҳо дар Осиёи Миёна мухтасси мо тоҷикон буд, на ақвоми дигар. Зеро ақвоми дигар дар ин сарзамин ҳама таҳти сайтараи фарҳангии мо тоҷикон буданд. Агар чӣ қудрати сиёсӣ дар Фарорӯд дар дасти мо тоҷикон набуд, вале хатти роиҷ ва забони расмии ин сарзамини паҳновар, хатту забони форсӣ буд. Бинобар ин, танҳо рақиби фарҳангии русҳо дар ин хитта, фарҳанги ҳувиятсози мо тоҷикон буд. Аз ин рӯ, русҳо бо тағйири хатту таҳрифи забони мо, хостанд, аввалан робитаи наслҳои ояндаи моро бо гузаштаи фарҳангии худ қатъ намоянд. Сониян, бо сиёҳнамоӣ аз гузаштаи таърихӣ ва тамаддунии мо, саъй карданд миллати моро аз назари фарҳангӣ беҳувият ва беирода намоянд.

Мутаассифона дар натиҷаи ин таҳоҷуми тӯлонимуддати фарҳангӣ, миллати мо аз назари ҳувиятӣ сахт осебпазир шуда ва худбоварии миллии худро тақрибан аз даст дода буд.

Хушбахтона бархе аз нухбагони фарҳангии миллати мо тақрибан аз авоили даҳаи ҳаштоди арси гузашта ин хатари фарҳангӣ ва ҳувиятиро ба хубӣ ташхис дода ва иқдомотеро дар ростои бозёбии ҳувиятӣ оғоз карданд. Ва инсофан дар ин замина заҳамоти зиёде ҳам кашиданд, ки натиҷаи ин заҳамот бедории баҳангом, вале нопухтаи фарҳангӣ ва сиёсии миллати мо дар авохири даҳаи ҳаштод ва авоили даҳаи навад буд.

Ва иттифоқан ҳамин бедории баҳангом, хобро аз чашми русҳои истеъморгар рубуд ва ба якбора диданд, ки агар дер биҷунбанд, дере нахоҳад пойид, ки ин миллат дубора ба асли пурифтихораш бархоҳад гашт.

Ин буд, ки тасмим гирифтанд, ба ҳар тариқе бояд пеши роҳи ин бедории миллиро бигиранд. Танҳо роҳе, ки барои пешгирӣ аз бедории тоҷикон ба назарашон расид, ин буд, ки фарҳехтагони фарҳангӣ ва сиёсии миллати тоҷикро аз байн бибаранд ва сарнавишти ин миллатро ба дасти авомили бесавод ва беҳувияти вобастаи худ биспоранд, то кори нотамоми онҳо дар ҳафтод сол истеъмори расмиро ба сурати ғайрирасмӣ ба поён бирасонад.

Ва мутаассифона ин бор ҳам русҳои истеъморгар ба мақсади нопоки худ расиданд, зеро авомили дастнишондаи онҳо дар ин муддати сӣ сола, агар беш аз он муддати ҳафтодсола ба фарҳангу ҳувияти миллии мо зарба назада бошад, камтар аз он назадаанд. Он миқдор ки дар ин сӣ сол, миллати тоҷик дар дохилу хориҷи кишвар таҳқир шуда ва каромат ва иззати нафси худро аз даст дод, дар он ҳафтод сол таҳқир нашуда ва иззати худро аз даст надода буд.

Бинобар ин, имрӯз бо пардохтан ба масоили сирф сиёсӣ наметавон мушкили ҷомеаи моро ҳал кард. Зеро имрӯз мушкили асосии миллати мо, надоштани эътимод ба нафс ва худбоварӣ аст. Манзури ман фақат тӯдаи мардум нест, манзурам ба истилоҳ элитаи ҷомеа аст. Бале, мушкили мо ин аст, ки элитаи ҷомеаи мо имрӯз комилан эътимод ба нафси худро аз даст додааст ва асосан ҳатто тасаввур ҳам карда наметавонад, ки бидуни ҳимояти русҳо (чи бирасад бар хилофи хостаи онҳо), метавон коре анҷом дод.

Бетаъоруф, чӣ касе аз байни ҳамин мухолифин, ки элитаи сиёсии ҷомеаи мо ба ҳисоб мераванд, имрӯз бовар дорад, ки бидуни чароғи сабзи русҳо метавон дар Тоҷикистон коре анҷом дод?

Хуб, вақте ҳатто элитаи сиёсии як ҷомеа эътимод ба нафси кофӣ надошта бошад, чӣ гуна метавон ба тағйири шароит умед баст?

Бинобар ин, мушкили ҷомеаи мо, сирфан мушкили сиёсӣ нест, ки бишавад бо кори сирф сиёсӣ онро бартараф кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.