Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (410)

Худу андохтани хасм дар рӯйи амирулмӯъминин Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу ва андохтани амирулмӯъминин Алӣ шамшер аз даст (2)

* * *

Дар шуҷоат шери раббонистӣ,

Дар мурувват худ кӣ донад, кистӣ.

Он паҳлавони араб хитоб ба ҳазрати Алӣ гуфт: Ту дар шуҷоат шери Худоӣ ва дар муруввату ҷавонмардӣ касе чӣ медонад, ки ту кистӣ?! Яъне ҳеч кас намедонад, ки ту чӣ мақоми волое дорӣ.

Шери раббонӣ: шери Худоӣ.

Дар мурувват абри Мӯсоӣ ба Тиҳ,

К-омад аз вай хону нони бешабеҳ.

Ту дар муруввату родмардӣ монанди абри Мӯсо ҳастӣ дар саҳрои Тиҳ, ки дар он абр хону нони бемонанде бар қавми Мӯсо нозил мешавад.

Тиҳ: дар луғат ба маънои ҳайрату саргардонӣ аст ва аз ин рӯ ба дашту саҳрое, ки мардум дар он гум шаванд, тиҳ мегӯянд. Хон: суфра.

Абрҳо гандум диҳад, к-онро ба ҷаҳд

Пухтаву ширин кунад мардум чу шаҳд.

Абрҳои осмон боиси рӯйиши гандумзорҳо мешавад ва мардум бо ҷаҳду талоши худ бо гандумҳо нон мепазанд ва монанди ангубин ширин мекунанд. (Дуруст аст, ки аз абрҳо борон меборад ва гандумҳо аз замин сар бармеоваранд, вале то мардуми талош накунанд, кай гандумҳо ба нон табдил мешавад?)

Шаҳд: асал, ангубин.

Абри Мӯсо парри раҳмат баргушод,

Пухтаву ширин безаҳмат бидод.

Вале абре, ки ҳазрати Мӯсо (а) барои қавми худ аз Худо дархост кард, парҳои раҳмати худро густурда кард ва бар сари онон сояи раҳмати худро афканд ва безаҳмату ранҷ барои он қавм таъоми пухтаву гуворо овард.

Нукта: Ишора ба ояти 57 сураи Бақара:

وَظَلَّلْنَا عَلَيْكُمُ الْغَمَامَ وَأَنْزَلْنَا عَلَيْكُمُ الْمَنَّ وَالسَّلْوَى

Мо барои шумо аз абр соя андохтем ва барои шумо манну салво фиристодем..” Дар тафсирҳо омадааст, ки “манн” мойеъе асалгуна буд, ки бар танаи дарахтон зоҳир мешуд ва “салво” низ парандае сурхрангу хурдакандом буд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1062)

Аз барои пухтахорони карам

Раҳматаш афрохт дар олам ъалам.

Барои он касон, ки бе ҳеч заҳмате ғизоҳои омодаро мехӯрданд (қавми Барӣ Исроил), парчами раҳмати худро афрошт ва дар ҷаҳон овоза ёфт.

Алам: парчам.

То чиҳил сол он вазифа в-он ъато

Кам нашуд як рӯз з-он аҳли риҷо.

То чиҳил сол он муқаррарӣ ва неъмати илоҳӣ аз он мардуми умедвор ба раҳмати Худо ҳатто барои як рӯз ҳам қатъ нашуд.

То ҳам эшон аз хасисӣ хостанд,

Ганднову тарраву хас хостанд.

То ин ки ин қавм аз рӯи фурӯмоягии худ эътироз карданд ва хоҳони тара ва чизҳои паст шуданд.

Гандно: тара, яке аз сабзиҳои хӯрданӣ. Хас: хору хошок, пасту фурӯмоя.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.