Дидгоҳ

“Босмачиҳо”: душманони миллат ё мудофеъони сарзамини хеш?

Ба қалами Шаҳбоз Абдураззоқов

Шаҳбоз Абдураззоқов

Чанд сол аст, ки як пурсиш оромишу осоиш аз ман рабуда, ва он ин ки: дар кадом кишвар ва дар миёни кадом мардум ё миллат, мудофеъони сарзамин, дин ва фарҳанг, душманони миллати хеш эълом мешуда бошанд?

Ба назар, пучу бемаънӣ мерасад. Чунин нест?

Баръакс, дар тӯли қарнҳо, барои қаҳрамонони Миҳан ҳамосаҳо эҷод мекарданд, саргузаштномаҳо менавиштанд, қасидаҳо месуруданд, наққошиҳо халқ мекарданд, филмҳо бо тамҷид аз қаҳрамонӣ, ҷасорат, шуҷоат ва аз худ гузаштагии онҳо месохтанд.

Мунтаҳо на дар мо, тоҷикон. Ниёгони моро, ки бо ишғолгарону истеъморгарон ҷангиданд, бароямон ҳамчун душманони сарсахти худамон эълом кардаанд.

То ҷое, ки медонам, дар ҳеч миллате чунин чизе дида намешавад.

Ҳол, шумо ин воқеияти талхро пеши чашмони худ ба тасвир бикашед: мардуми хоссе, дар кишвари худ кудетое ба номи “Инқилоби Октябр” рақам заданд. Онҳо ба як шакли бисёр фаҷеъ ва бераҳмона подшоҳи худро куштанд, ба ҳамсар ва панҷ фарзанди ӯ ҳам раҳм накарданд, бо найза кори ин бегуноҳонро тамом карданд. (Аз қазо, имрӯз солгарди ин фоҷеа аст). Сипас, кушту куштор роҳ андохтанд ба номи “терури сурх” ва шурӯъ карданд ба муборизаи табақотӣ ва аз байн бурдани ашрофзодаҳо, руҳоният, ба дор овехтани кашишҳо, таркондани калисоҳо, ба оташ задани нишонаҳои муқаддас, аз байн бурдани донишмандон, нависандаҳо, коргардонҳо ва ғайра…

Он вақт ин тӯда эълом кард, ки Худое нест!

Сипас, дар онҳо ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст.

Милюнҳо одам кушта шуданд.

Он гоҳ ин тӯда ба тарафи ҷануб, ба Туркистон ҳаракат кард, то ҳукумати Шӯравиро дар онҷо “барқарор созад”.

Хуб, баъд аз он ҳама кушту куштор, ки ин тӯда дар сарзамини худ ба роҳ андохт, оё, ба назари шумо, ниёгон ва аҷдоди мо мебоист бо нону намак ба истиқболи онҳо меомаданд? Чунин фикр мекунед?

Ақли салими ман ба ман мегӯяд, ҳаргиз! Ва ҳеч мардуме ҳам, ки барои худаш эҳтиром қоил аст, бо чеҳраи хандон ва бо тору рубоб, ба истиқболи онҳо намеомад. Вагарна, мардуме будаанд беарзиш.

Балки дар якчунин шароите, тамоми мардуми рӯи ҷаҳон ба дифоъ аз сарзамини худ мепардозанд, ки ин, табиист. Ҳамаи мардуми рӯи ҷаҳон, чӣ ҳиндуҳои шимолӣ ва чӣ ҷанубӣ (бумиҳои қорраи Омрико), чӣ афғонҳо ва чӣ ҳиндустониҳо, чӣ ветномиҳо ва чӣ русҳо ва фанлондиҳо ва ғайра… Ҳама бидуни истисно.

Ҳеч кас ҳозир нест ба ҳамин роҳатӣ таслим шавад ва сарзамини худро бо ду дасти адаб ба як меҳмони нохонда бидиҳад.

Аммо, на дар мо.

Чанд рӯз пеш мақолаеро дар “Азия+” хондам дар бораи як болшевик; Чудесов номе, ки довталабона ба Душанбе омада будааст, то ҳукумати Шӯравиро “барқарор созад”. Ин мақола, дар воқеъ дар ман нафрат эҷод кард.

Нависандаи ин мақола бо як шӯру ҳаяҷон Чудесовро ба тасвир мекашад, ки чӣ гуна “босмачиҳо”-ро қалъу қамъ мекардааст. Дар бораи қаҳрамониҳо ва шуҷоатҳои ӯ навишта. Нависанда мушарраф ба зиёрати қабри Чудесов ҳам шуда ва дар он гул гузоштааст. Дар аксҳо дида мешавад, ки дар назди қабри ин “қаҳрамон” посбонҳо истодаанд.

Такрор мекунам, Чудесов ва амсоли ӯ, ки пой ба сарзамини мо гузоштанд, бо касоне ҷангиданд, ки барои ҳаққи зиндагӣ кардан дар замини худ мубориза карданд. Мубориза карданд, то тибқи қонунҳо ва одобу русуми худ ва тибқи усули гузаштагони худ зиндагӣ кунанд. Мубориза карданд барои истиқлоли Миҳани худ, барои посдорӣ аз фарҳанги худ, билохира барои дини худ.

Ва аҷдоди мо ҳатто то соли 1938 алайҳи ишғолгарон мубориза ва пайкор карданд.

Агар барои як сония тасаввур кунед, ки масалан инҳо на болшевикҳо, ки чиниҳо бошанд! Ҳатто тасавураш даҳшатнок аст. Чунин нест?

Ба ҳар ҳол, фарз кунед имрӯз чиниҳо ба сарзамини мо ҳамла кунанд. Хуб, дар ин сурат, таклифи мо чист? Оё ғайр аз ин аст, ки ҳар яке аз мо силоҳ ба даст мегирад, досу табар бармедорад? Аммо боз ҳам фарз кунед, ки чиниҳо сарзамини моро ишғол мекарданд ва аз беху бун нобудамон месохтанд ва он вақт, насли ояндаи мо, масалан баъди 100 сол, биёянд ва моро “душманони миллат”, яъне “босмачиҳо” шуморанд.

Чӣ мегӯед? Оё ин як касофаткорӣ нест!?

Ҳол, мо (имрӯз) ниёгон ва аҷдоди худро, ки барои иззат ва сарбаландии мо мубориза карданд ва фидокориҳо аз худ нишон додаанд, душманони худ мешуморем.

Акли салими ман ба ман мегӯяд, ки ин, лоақал, ғайриодилона ва беинсофӣ аз сӯи мост. Хирадманд мудофеъони Миҳани худро душманони худ намешуморад.

Онҳо “босмачӣ” набуданд, балки мардоне буданд бо ҳарфҳои бузург; касоне, ки алайҳи бегонаҳо, ки омада буданд, то онҳоро бикушанд, мардона мубориза ва пайкор карданд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.