Дидгоҳ

Ба баҳонаи зодрӯзи Муҳиддин Кабирӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Аз замоне, ки узви ҷомеаи бе сару таҳи маҷозӣ ҳастам яъне аз ҳудуди 12 сол пеш, бахусус шабакаи иҷтимоии Фейсбук, дӯстонамро ба зодрӯзашон табрик гуфтаам ва агар аз наздик бо онҳо ошно бошам, яке ду ҷумла ҳам дар бораашон навиштаам, ва ин, тақрибан ба як одати ҳамешагӣ бароям табдил ёфта. Ва ба назарам, одати некӯе аст. Имрӯз (20 июл) зодрӯзи Муҳиддин Кабирӣ аст ва аз ин рӯ моилам чанд ҷумла баён бидорам. Албатта, дар солҳои пеш низ ба муносибати зодрӯзаш матолибе дар бораи ӯ навиштаам. Аммо матлабе, ки имрӯз дар ин ёддошт мехоҳам бинависам, андаке мутафовит аст.

Мутафовит аз ин назар, ки дар ин ёддошт, беш аз он ки дар бораи ӯ бигӯям, дар бораи ҳарфу ҳадисҳо ва тӯҳмату бӯҳтонҳое аст, ки хусуми ӯ ва мухолифони ӯ дар борааш мегӯянд. Рӯзе нест, ки дар фазои маҷозӣ бо мақола ё ёддоште барнахӯред, ки дар бораи Муҳиддин Кабирӣ навишта шуда ва анвоъи дурӯғу бӯҳтон нисори ӯ накарда бошанд, чӣ аз сӯи “ферма” ва чӣ аз сӯи афроде, ки асосан маълум нест чаро бо ӯ сари душманӣ доранд.

Як инсони сиёсатмадор, бахусус онҷо, ки дар раъси як гурӯҳ ё ҳизб қарор дошта бошад, табиист, ки мухолифону хусуме дошта ва онҳо дар бораи ӯ ва алайҳи ӯ чизҳое бигӯянд. Ин табиист. Вале ҳар чиз ҳадду андоза дорад. Инро ҳамеша гуфтаам, бахусус ба азизони ҳамразмам, ки мо, ба ҳукми мухолифи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон буданамон, вазифа дорем аз сиёсатҳои ӯ интиқод кунем, ин вазифаи мост, аммо ҷоиз нест аз хатти қирмизҳо убур кунем ва масалан вориди ҳарими хусусиаш бишавем ва дар бораи шаклу қиёфаи ӯ ё дар бораи нажоди ӯ, ки оё тоҷик аст ё қарлуқ аст ё ӯзбак аст бигӯем. Ва ё дар бораи яке аз духтаронаш, ки бо чӣ касе нишасту бархост мекунад. Ва ё дар бораи навъи ғизое, ки мехӯрад, ки оё “шаурма” аст ё “қурутоб”…

Инҳо ҷоиз нестанд. Мухолифат барои худаш як саре хатти қирмизҳое дорад, ки убур аз онҳо, на танҳо дуруст нест, ки ноҷавонмардӣ ҳам аст. Оё нажоди як инсон ё навъи либосаш ва ё навъи ғизояш чизҳое ҳастанд, ки барои ӯ айб маҳсуб шуда ва сужаи масхара ва истеҳзои дигарон қарор гиранд?

* * *

Дар чаҳор панҷ соли ахир, азизон диданд ва мебинанд, ки чӣ ҳарфҳое дар бораи Муҳиддин Кабирӣ зада намешавад! Рӯи суханам инҷо “ферма” нест. “Ферма” маъмур аст, то алайҳи мухолифон ва аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ бинависад. Кори “ферма” ҳамин аст. Балки рӯи суханам афроде ҳастанд, ки баъзе худро донишманд медонанд, баъзе рӯзноманигор, баъзе ҳам руҳонӣ ва мулло. Аҷибанд! Ҳар чи аз дашному таҳқиру иҳонату тавҳин, ки ба зеҳнашон меояд, бе ҳеч ибо, нисори ӯ мекунанд ва бо зишттарин алқобу ановин мехонандаш.

Як вақт суитафоҳум пеш наояд. Ман намегӯям, аз Муҳиддин Кабирӣ интиқод нашавад. Ҳаргиз суханам ин нест. Ӯ ҳам мисли дигар сиёсатмадорон агар иштибоҳе дар сулуки сиёсиаш дида шавад, воҷиб аст аз ӯ интиқод ба амал ояд. Аслан, яке аз эродҳои ҷиддии мо ба унвони мухолифони режими кунунии Тоҷикистон ин аст, ки мегӯем, чаро аз Эмомалӣ Раҳмон “буте” сохтаед, ки касе ҳаққи интиқод аз ӯро надошта бошад. Он вақт худамон иҷозаи интиқод аз худро аз дигарон салб кунем?! Дар ин сурат, ки фарқе байни мо ва режим боқӣ намемонад.

Балки ҳарфам ин аст, ки пеш аз пой гузордан дар арсаи сиёсат, аввал бо расму одоби амал дар ин майдон ошно гардида ва хештанро пойбанд ба риояти он одоб намоем ва бидонем, интиқод чист ва фарқаш бо дашному таҳқиру иҳонат кадом аст. Таҳқиру иҳонати аҳаде ҷоиз нест, ҳатто сарсахттарини душманҳо. Дар Қуръони Карим ҳаст, ки Худованд мусалмононро ҳатто аз саббу дашноми бутҳои мушрикон наҳй кардааст:

وَلَا تَسُبُّوا الَّذِينَ يَدْعُونَ مِنْ دُونِ اللَّهِ

“(Маъбуди) касонеро, ки ғайри Худоро мехонанд дашном надиҳед…” (Сураи Анъом, ояти 108)

Ман воқеан намедонам, оё касоне, ки иддао мекунанд аз дониши исломӣ баҳра доранд, намедонанд, ки бӯҳтону ифтиро бастан, аз гуноҳони кабира аст?!

وَالَّذِينَ يُؤْذُونَ الْمُؤْمِنِينَ وَالْمُؤْمِنَاتِ بِغَيْرِ مَا اكْتَسَبُوا فَقَدِ احْتَمَلُوا بُهْتَانًا وَإِثْمًا مُبِينًا

Ва онҳое, ки мардону занони мӯъминро ба хотири коре, ки анҷом надодаанд озор медиҳанд, мутаҳаммили бӯҳтону гуноҳи ошкоре шудаанд.” (Сураи Аҳзоб, ояти 58)

Инки мефарояд: “ба хотири коре, ки анҷом надодаанд озор медиҳанд…” яъне ту ба як нафар инсон анҷоми кореро нисбат диҳӣ, ки ӯ онро анҷом надодааст. Ин аст бӯҳтон. Масалан, бигӯӣ, фалонӣ зино карда, шароб хӯрда ё дуздӣ карда, дар ҳоле, ки ӯ муртакиби ин аъмол нашуда бошад. Ин як гуноҳи кабира аст, ки аз назари ислом, ҳам дар ин дунё барояш муҷозот таъйин шуда ва ҳам дар охират ҷазои илоҳӣ доманашро мегирад.

Ҳатто агар ту ба Худову Паёмбар имон надошта бошӣ, боз ҳам тӯҳмату бӯҳтон, аз назари инсоният, як кори бисёр нописанду зишт маҳсуб мешавад. Вақте сиёсат аз ахлоқ орӣ шавад, соҳибаш пеши рӯи худ ҳеч хатти қирмизе намебинад. Барояш муҳим таҳаққуқи ҳадафаш аст. Ҳадафаш агар беэътибор кардани як шахсият бошад, барои расидан ба он, ба ҳар василае даст меёзад, аз дурӯғу тӯҳмату бӯҳтон.

Ин ошуфтабозор, ки имрӯз дар арсаи сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон мебинем, натиҷаи табиии ҷудо пиндоштани ахлоқ аз сиёсат аст.

Хуб, дигар сухан ба дарозо намекашам. Дар поён, бародари азизам Муҳиддин Кабириро ба зодрӯзаш табрику таҳниат мегӯям ва барояш комёбиҳо дар зиндагӣ ва фаъолият мехоҳам ва мегӯям:

Дар ин роҳ яъне роҳи пайкору мубориза, ҳамон тавр ки дар баробари тамоми душвориҳо ва сахтиҳо истодӣ ва ҳамаро таҳаммул кардӣ, ҳамин тавр дар баробари суханони нораво ва тӯҳмату бӯҳтону захми забонҳо биист ва ҳамаро таҳаммул кун ва мисли ҳамеша Сабур бош!

Таваллудат муборак!

1 ответ »

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.