Бишнав аз най...

Шарҳи Маснавӣ (411)

Худу андохтани хасм дар рӯйи амирулмӯъминин Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу ва андохтани амирулмӯъминин Алӣ шамшер аз даст (3)

* * *

Уммати Аҳмад, ки ҳастед аз киром,

То қиёмат ҳаст боқӣ он таъом.

Уммати Муҳаммад (с), ки аз назари маноъати табъу родмардӣ табъе воло доранд, аз таъоми маънавӣ, ки бар онҳо нозил шудааст, то абад баҳраманд хоҳанд буд.

Чун “абиту ъинда раббӣ” фош шуд,

“Ютъиму юсқӣ” киноятзо-ш шуд.

Ин фармоиши ҳазрати Муҳаммад (с), ки: дар ҳини бар сар овардани шаб ба субҳ парвардигорам маро ғизову об медиҳад, киноя аст аз он таъоми маънавӣ.

Нукта: Ишора аст ба ҳадиси:

وَعَن ابْنِ عُمَرَ رَضِي اللَّه عَنْهُما قالَ: نَهَى رسُولُ اللَّهِ ﷺ عَنِ الْوِصالِ. قَالُوا: إِنَّكَ تُواصِلُ. قَالَ: إِنِّي لَسْتُ مِثْلَكُمْ، إِني أُطْعَمُ وَأُسْقَى

Аз Ибни Умар (р) ривоят шуда, ки гуфт: “Расули Худо (с) (мусалмононро) аз гирифтани рӯзаҳои паёпай (ин ки шахси рӯзадор бе он ки ифтор намояд, дубора нияти рӯза кунад ва ин корро чанд рӯз идома диҳад) наҳй кард. Гуфтанд: Эй Расули Худо! Шумо худ низ рӯзаҳои паёпай мегиред бе он ки ифтор кунед. Он ҳазрат посух дод: Ман монанди шумо нестам (яъне кадом як аз шумо монанди ман метавонад бошад), парвардигорам маро обу ғизо медиҳад.” (Муттафақун ъалайҳи, лафзи Бухорӣ)

Ҳеч бетаъвил инро дарпазир,

То дарояд дар гулӯ чун шаҳду шир.

Бидуни он ки ин ҳадисро таъвил кунӣ, ҳақиқати онро қабул кун, то дар гулӯ монанди ангубину шаҳд ширину гуворо бошад.

З-он ки таъвил аст вододи ъато,

Чунки бинад он ҳақиқатро хато.

Ин байт иллат аст барои байти қабл, зеро таъвилу ҷарру баҳс, дар ҳукми рад кардани ътову бахшиш аст. Ва бо ин таъвил, ҳақиқат мардуду инкор мешавад. Таъвил вақте кунанд, ки он ҳақиқатро хато бинанд ва қабул накунанд. Пас, таъвил ҳақиқатро, ки дар воқеъ ъатои илоҳист, аз одамӣ дур мекунад ва ъатоҳои маънавии илоҳиро пасмезанад. Бинобар ин, таъвил садди боби кашф аст. (Муқтабас аз Шарҳи Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.301)

Вододи ъато: пасдодану рад кардани бахшишу ъато.

Он хато дидан зи заъфи ақли ӯст,

Ақли кул мағз асту ақли ҷузв пӯст.

Касе ки ин ҳақоиқро хато бидонад, ношӣ аз заъфи ақлонии ӯст. Ақли кул мағз аст ва ақли ҷузъии мо пӯсту қишр ба шумор меравад.

Ақл дар истилоҳи Мавлоно

Ақл дар истилоҳи Мавлоно ба чанд маънӣ гуфта мешавад, ки баъзеро ақли мамдуҳ яъне ақли сутуда хонанд ва баъзеро ақли мазмум яъне ақли накӯҳида шуморанд.

Ақл дар Маснавӣ ба маъонии зайл омадааст:

1) Қувваи қудсии идроку фаҳму шуъур дар тадбири умури маъошу маъод ва ташхиси неку бад ва масолеҳу мафосиди аъмол ва аҳвол:

Оқил он бошад, ки ӯ бо машъаласт,

Ӯ далелу пешвои қофиласт.

* * *

Ақл бошад мардро болу паре,

Гар набошад ақл, ақли раҳбаре.

* * *

Бе зи мифтоҳи хирад ин қаръи боб

Аз ҳаво бошад, на аз рӯйи савоб.

2) Ақли имонӣ ва аршӣ. Ин ақл низ аз таҷаллиёти ақли мамдуҳи амалӣ аст:

Ақли имонӣ чу шаҳнай одил аст,

Посбону ҳокими шаҳри дил аст.

* * *

Ақл дар тан ҳокими имон бувад,

Ки зи бимаш нафс дар зиндон бувад.

3) Қувваи шайтанат ва гурбузӣ ва ҳушу тазвир дар умури дунё, ки мазҳари ақли мазмум аст:

З-ин хирад ҷоҳил ҳаме бояд шудан,

Даст дар девонагӣ бояд задан.

4) Ақли ҷузъӣ, ки ноқису норасост. Ин ақл барои дарки ҳақоиқи умур ва ашё кофӣ нест, чаро ки дар маърази офати ваҳму гумон аст:

Ақли ҷузвӣ офаташ ваҳм асту зан,

З-он ки дар зулмот шуд ӯро ватан.

* * *

Ақли ҷузвӣ ақли истихроҷ нест,

Ҷуз пазирои фану мӯҳтоҷ нест.

* * *

Ақли ҷузвиро вазири худ магир,

Ақли кулро соз, эй султон, вазир.

* * *

Ақли ҷузвӣ ишқро мункир бувад,

Гарчи бинмояд, ки соҳибсир бувад.

4) Ақли куллӣ ё ақли кул, ки дар истилоҳи Мавлоно ба ду маъност: яке ақли муҷарради илвии муфориқ аз модда ва моддиёт, ки онро бо нафси куллӣ ё нафси кул ҳамрадиф донанд. Аммо маънои дигари ақли кул ақли комили расост, ки муҳит бар ҳамаи ашёст ва ҳақоиқи умурро ба шоистагӣ дарк мекунад. Ва ин навъ ақл ба эътиқоди Мавлоно, хосси хавосси бандагон ва муқаррабон аст, ки шомили анбиё ва авлиё ва абдол ва ақтоб ва машойихи ростин мешавад:

Ақли куллу нафси кулли мард Худост,

Аршу курсиро мадон, к-аз вай ҷудост.

* * *

Пир пири ақл бошад, эй писар!

На сапедий мӯй андар ришу сар.

* * *

Ҷаҳд кун, то пири ақлу дин шавӣ,

То чу ақли кул ту ботинбин шавӣ.

Дар инҷо манзури Мавлоно аз ақл зоти ақдаси илоҳист.

(Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.375-376)

Идомаи шарҳу тавзеҳи байтҳои ин достон

Хешро таъвил кун, н-ахборро,

Мағзро бад гӯй, на гулзорро.

Эй касе ки ҳақоиқро бар мабнои ваҳму хаёлу ҳавои худ таъвил мекунӣ, ахбору аҳодиси бузургонро беҷиҳат таъвил макун, балки худро таъвил кун. Агар нақсе ҳам бошад, аз мағзу идроки туст, на аз гулзори маъно. (Яъне раъю назари шахсиатро тарк кун ва бибин Худо ва Расул чӣ мегӯянд. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.1065))

Нукта: “Хешро таъвил кардан” иборат аз он аст, ки тариқи фикру назарро бигузошта ва ба он чи муроди Худову Расули Худост имон оварда ва аз ҳазрати Ӯ мунтазири кашфи он бошад. (Шарҳи Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.302)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.