Ҷумлаҳои ҳикматомез

Ҷавонмардӣ аз забони Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ

Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ (р) дар “Сад майдон”-и худ гӯяд:

Футувват, ба ҷавонмардӣ ва озодагӣ зистан аст. Ва футувват се қисм аст: қисме бо худ, ва қисме бо халқ, ва қисме бо Ҳақ.

1) Қисми Ҳақ он аст, ки ба тавони худ, дар бандагӣ бикӯшӣ;

2) Ва қисми халқ он аст, ки ба айбе, ки аз худ донӣ, эшонро наяфканӣ ва нагӯӣ;

3) Ва қисми худ он аст, ки тасвил (оростан)-и нафси хеш ва оройиши вай напазирӣ.

Нишони қисми Ҳақ се чиз аст:

1) Аз ҷустани илм сер наёӣ;

2) Ва аз ёди Вай наёсоӣ;

3) Ва сӯҳбат бо некон пайвандӣ.

Ва қисми халқро се нишон аст:

1) Он чи аз эшон надонӣ, занн (гумон) набарӣ;

2) Ва он чи донӣ, бипӯшӣ;

3) Ва бадони мӯъмининро шафеъ бошӣ.

Ва қисми худро се нишон аст:

1) Ба ҷустани айби хеш пардозӣ;

2) Ва неъмати сатр бар худ бинӣ (яъне ин неъматро бидонӣ, ки Худованд айбҳоятро мепӯшад);

3) Ва аз тарс наёсоӣ.”

(Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, “Сад майдон”, майдони футувват)

Ва ҳам ӯ дар мурувват ва мардонагӣ гӯяд:

Аркони мурувват се чиз аст:

1) Зиндагонӣ кардан бо худ ба ақл;

2) Ва бо халқ ба сабр;

3) Ва бо Ҳақ ба ниёз.

Нишони зиндагонӣ кардан бо худ ба ақл, се чиз аст:

1) Қадри худ бидонистан;

2) Ва андозаи кори худ дидан;

3) Ва дар хайри хеш бикӯшидан.

Ва нишони зиндагонӣ кардан бо халқ ба сабр, се чиз аст:

1) Ба тавоноии эшон, аз эшон розӣ будан,

2) Ва узрҳои эшонро бозҷустан;

3) Ва доди эшон аз тавоноии худ бидодан.

Ва нишони зиндагонӣ кардан бо Ҳақ ба ниёз, се сиз аст:

1) Ҳар чӣ аз Ҳақ ояд, шукри воҷиб бар он;

2) Ва ҳар чӣ аз баҳри Ҳақ кунӣ, узри воҷиб дидан;

3) Ва ихтиёри Ҳақро савоб (дуруст) дидан.”

(Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ, “Сад майдон”, майдони мурувват)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.