Ҳуқуқи башар

Зиндониёни сиёсӣ ниёз ба дастгирии молӣ доранд

Ҷамъе аз бастагони зиндониёни сиёсӣ дар баёнияе бо таъкид бар ин ки наздиконашон дар зиндон ба кӯмак ниёз доранд, тасмим гирифтаанд дар Иди саъиди Қурбон барои зиндониён кӯмаки молӣ намоянд ва аз ин рӯ бо гузоштани ҳисоби бонкии худ, аз ҳамватанон хоҳиш кардаанд, барои ин кори хайр онҳоро дастгирӣ намоянд.

Баёнияи бастагони зиндониёни сиёсӣ ба шарҳи зерин аст:

Мо пайвандони зиндониёни сиёсии Тоҷикистон тасмим гирифтем, ки дар Иди сайиди Қурбон барои зиндониён кӯмаки молӣ намоем. Дар ин хусус аз Шумо ҳамватанони гиромӣ хоҳиш мекунем, барои ин кори хайр моро дастгирӣ намоед.

Ба ҳамагон маълум аст, ки наздиконамон дар зиндон пайваста ба кӯмак ниёз доранд. Ва мо пайвандони зиндониёни сиёсӣ, то имрӯз ба қадри тавон онро анҷом додем. Ахиран бо дастгирии ҳамватанононамон дар хориҷи кишвар дар моҳи мубораки Рамазон бо ҷамъоварии Фитри рӯза ба зиндониёни сиёсӣ кӯмак намудем.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар шароити кунунӣ, ки ҷаҳониёнро пандемияи Covid-19 фарогир аст ва ба вазъи иқтисодии ҳамагон таъсири худро гузошта аст. Ба ин хотир аз Шумо хоҳиш ва умедворем, моро дар ин вазъияти душвор барои ин кори хайр танҳо намегузоред.

Дар зер суратҳисоби бонкӣ ва рақами телефон замима шудааст.

Рақами телефон: +48 514 24 34 22

Раками корти бонкӣ: 5352 3051 4001 1384

Суратҳисоби бонк: 66 1240 6117 1111 0010 8682 6197

Бо арзи сипос, Пайвандони зиндонёни сиёсӣ Тоҷикистон.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.