Ҷумлаҳои ҳикматомез

Андарзҳое аз Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ (р)

(1)

أشد الناس حماقة أقواهم اعتقاداً في فضل نفسه، وأثبت الناس عقلا أشدهم اتهاماً لنفسه

Аҳмақтарини мардумон касест, ки эътиқоди росих дорад ба ин ки ӯ фозил аст ва бартар. Ва оқилтарини мардум касест, ки беш аз дигарон хештанро муттаҳам (ба нодонӣ) мекунад.”

(2)

وقال بعض الحکماء: لا تصحب من يتغير عليك عند أربع: عند غضبه ورضاه وعند طمعه وهواه … ولذلك قيل

وترى الكريم إذا تصرم وصله

يخفي القبيح ويظهر الإحسانا

وترى اللئيم إذا تقضى وصله

يخفي الجميل ويظهر البهتانا

Баъзе аз ҳукамо гуфтаанд: сӯҳбат (ҳамраҳӣ ва дӯстӣ) макун бо касе, ки ҳолаташ бо ту дар чаҳор маврид тағйир мекунад: вақте хашмгин мешавад, замоне ки хушнуд аст, вақте тамаъ меварзад ва замоне ки (ба чизе) ҳаво ва ҳавас мекунад… Шоир мегӯяд: (тарҷумаи шеъри арабӣ)

Шахси карим (мӯҳтарам) касе аст, ки вақте риштаи дӯстии ту бо ӯ қатъ мешавад, зиштии туро пинҳон ва некиҳоятро ошкор мекунад.

Ва аммо шахси лаъим (паст ва фурӯмоя) касе аст, ки замоне ки риштаи дӯстият бо вай қатъ мешавад, некиҳои туро пинҳон ва бӯҳтон ва иттиҳом бар ту мезанад.”

(3)

الرجال أربعة، رجل يدري ويدري أنه يدري فذلك عالم فاتبعوه، ورجل يدري ولا يدري أنه يدري فذلك نائم فأيقظوه، ورجل لا يدري ويدري انها لا يدري فذلك مسترشد فأرشدوه، ورجل لا يدري أنه لا يدري فذلك جاهل فارفضوه

Одамҳо чаҳор дастаанд:

1) Касе, ки медонад, ва медонад, ки ӯ медонад, пас ӯ олим аст, ӯро пайравӣ намоед;

2) Касе, ки медонад, ва намедонад, ки медонад, пас ӯ хоб аст, бояд бедораш кард;

3) Касе, ки намедонад, ва медонад, ки намедонад, пас ӯ ҷӯянда аст, бояд роҳ нишон дод;

4) Касе, ки намедонад, ва намедонад, ки намедонад, пас ӯ нодон (-и мураккаб) аст, ки бояд тардаш кард (ва аз ӯ дур шуд).”

(Эҳёу улумид-дин, 1/59)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.